Ovozi.uz

86 нафар нуронӣ бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» мукофотонида шудан

Бо қарори Шӯрои парастории Фонди дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони «Нуроний»-и Ӯзбекистон як гурӯҳ нурониёни Самарқанд, ки солҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун софдилона ва пурсамар кор кардаанд, бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаҳои I, II, III мукофотонида шуданд.

Дар Самарқанд маросими супоридани ин нишонҳои сарисинагӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев ва ҷонишини раиси Бунёди ҷумҳуриявии «Нуроний» Шароф Убайдуллаев иштирок намуда, дар бораи таваҷҷуҳ ва ғамхории нисбати намояндагони насли калонсол дар солҳои охир, саҳми чунин нурониён дар рушди иқтисодиёт, истеҳсолот, илм, фарҳанг, таълим, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо суханронӣ намуданд.

Сипас, ба 86 нафар нуронии фаъол нишонҳои сарисинагии мазкур ва мукофотҳои пулӣ, ки якбора дода мешаванд, супурда шуданд.