Ovozi.uz

«Овози Самарқанд» — меҳмони маҳаллаи Қавчинони боло

Ҳосили заҳмати марди деҳқон ширин аст

Маҳаллаи Қавчинони боло яке аз маҳаллаҳои маъруф ва дорои таърихи бой мебошад. Ин маҳалла бо мавқеи ҷуғрофӣ, табиати зебо ва сокинони меҳмондӯсти худ шинохта шудааст.

Маҳаллаи Қавчинони боло яке аз маҳаллаҳои маъруф ва дорои таърихи бой мебошад. Ин маҳалла бо мавқеи ҷуғрофӣ, табиати зебо ва сокинони меҳмондӯсти худ шинохта шудааст.

Таърихи Қавчинон ба даврҳои қадим рафта мерасад. Сокинони он анъанаҳои аҷдодии худро то имрӯз нигоҳ медоранд. Ҷашнҳои миллӣ, маросимҳои суннатӣ ва расму оинҳо дар ин ҷо бо шукуҳу шаҳомат баргузор мешаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки мардум ба фарҳанг ва мероси худ эҳтироми зиёд доранд. Маҳаллаи Қавчинони боло аз маркази ноҳияи Самрақанд дар масофаи 3 километр ҷойгир аст. Ҳоло дар 687 хонадони маҳалла 4502 нафар одамон зиндагонӣ мекунанд. 2182 нафари онҳо занону духтаронанд.

Дар ҳудуди маҳалла 1 ташкилоти таълимии томактабӣ, 2 мактаби таҳсилоти умумӣ ва бештар аз 40 нуқтаҳои савдову хизмати маишӣ ва хӯрокхӯрии умумӣ фаъолият доранд.

Драйвери асосии маҳалла деҳқонӣ ва чорвопарварӣ аст. Солҳои охир шумораи соҳибкорону ҳунармандон ҳам меафзояд.

Мардум барои корҳои хубу ташкилотчигӣ ва ташаббускориҳояш Абдураҳим Давроновро бори дуввум раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла интихоб карданд. Ӯ деҳқонзода буда, 18 сол дар хоҷагии ҷамоавӣ кор кардааст. Устухонаш, ки бо нони ҳалоли меҳнатӣ сахт шудааст, азобу заҳмати деҳқониро хуб медонад ва эҳтиром мекунад. Ба туфайли ташаббускории ӯ чеҳраи маркази маҳалла дигаргун шуд. Дар пеши маҳалла, ки ҳар гуна рафҳои фурӯшандагиву дӯкончаҳо буданд, онҳоро бардошта, бо тартиби муайян дар паҳлӯи магазин ҷой дод. Дӯкони нонфурӯшӣ ташкил кард. Барои шахси ногироидошта, ки ба кӯҳнадӯзӣ машғул буд, устохона бунёд кард. Ҳозир замони технологияҳои иттилоотӣ аст. Барои вайрон шудани телефон ё ягон хел асбобу ускунаҳои он мардум сарсон нашаванд, дӯкони таъмири телефонҳои мобили ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии онҳоро ба роҳ монд. Ҳоло аз хизмати устои ин дӯкон на танҳо сокинони деҳа, ҳатто Деҳнаву Ҷарқишлоқ ва дигар маҳаллаҳо ҳам истифода мебаранд.

Сӯхтор даҳшат аст. Он ба амал ояд, молу мулки бо азобу машаққат ҷамъкардаи одам дар як-ду соат барбод меравад. Раис инро ба назар гирифта, дар пеши маҳалла ҳавзи андозааш 12Х15Х3 бунёд кард. метр буда, 3 метр чуқурӣ дорад. Акнун аз он сӯхторнишонон метавонанд бемалол истифода баранд.

Дар қафои маркази маҳалла як порча замини бекорхобида буд. Онро тоза карда, як боғчаи базебе бунёд кард. Аз байн се-чор сол гузарад ҳам, ниҳолҳои боғча ба ҳосил медароянду ҳам ба ҳусни маҳалла ҳусни иловагӣ зам мегардад.

Абдураҳим Давронов шукронаҳо мегӯяд, ки дар маҳалла соҳибкорону одамони ҳимматбаланд ҳастанд. Онҳо ҳамеша барои кӯмакрасонӣ табақаҳои эҳтиёҷманди камбизоат ва маъюбон тайёранд. Ҳар чӣ қадаре, ки онҳо ҳиммат кунанд, раиси маҳалла бо маслиҳати фаъолон ба 77 нафар шахсони ногироидошта, оилаҳои камбағал ва одамони ба ёрии иҷтимоӣ мӯҳтоҷ тақсим мекунад ва дуои онҳоро мегиранд. Аслан, худи ӯ тарафдори баҳудаву беҳуда ёрдам додан нест. Одамон бояд кор кунанду ризқашонро худашон ёбанд. Хушбахтона, ҳамин хел ҳам мекунанд. Вале баъзеҳо дар ҳақиқат ҳам ба кӯмаку ёрдамрасонӣ мӯҳтоҷанд.

— Шаш нафар сокини маҳаллаамон роҳбари хоҷагиҳои фермерӣ мебошанд, — гуфт Абдураҳим Давронов. — Нони деҳқонӣ ҳалолу ҳосили заҳматаш ширин мешавад. Заминҳои наздиҳавлигии мардум манбаи иловагии даромадашон ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин, мо ба истифодаи самараноки ҳар порча замин эътибори калон медиҳем. Масоҳати умумии заминҳои наздиҳавлигии аҳолии деҳа 94 гектарро ташкил мекунад. 28 нафар мардуми мо, ки фоидаи гармхонаро нағз медонанд, 28 нафар гармхона сохтаанд. Як қисм дар зери плёнка маҳсулот тайёр мекунанд. Барои корҳои деҳқони об ҳамчун хуни замин роли калон мебозад. Тахминан 70 фоизи заминҳои наздиҳавлигии мардум ба воситаи ҷӯйҳо обёрӣ карда мешаванд. Замини назлдиҳавлигии бекорхобида нест.

Чорводорӣ ҳам барои зиндагии хуб ва некӯаҳволии мардум ёрдам мерасонад. Дар хонадонҳои аҳолии маҳалла 345 сар моли калон, 165 сар бузу гӯсфанд парвариш мекунанд. Инчунин, аксари мардум бо паррандапарварӣ машғуланд ва шумораи мурғи хонадонҳо аз 1700 адад зиёд аст.

Дар солҳои охир, дар маҳалла корҳои ободонӣ ва созандагӣ низ ривоҷу равнақ меёбад. Роҳҳо таъмир шуда, сифати кори муассисаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ беҳтар мегарданд. Ин тағйирот ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳоло ҳамаи аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ таъминанд. Таъминот бо қувваи барқ ҳам хуб аст. Ҳарчанд дар маҳалла гази табиӣ нест, мардумро бо гази моеъи баллонӣ таъмин мекунанд. 90 дарсади кӯчаҳои дохилии маҳалла асфалтпӯш аст.

Зиндагонии пуру фаровон ба манбаи даромад, яъне ҷои кор вобаста аст. Барои бо кор таъмин кардан ва аз сатҳи камбизоатӣ баровардани аҳолии маҳалла саҳми ёрдамчии ҳоким калон мебошад.

— Дар соли 2025 дар асоси кредитҳои имтиёзнок шуғли 27 нафар сокини маҳалларо таъмин кардем, — фаҳмонд ёрдамчии ҳокими ноҳия дар маҳалла Домин Абдураҳимов. — Ба ду нафаре, ки соли гузашта дар реестри оилаҳои камбағал қарор доштанд, дар асоси суда мошинаҳои дӯзандагӣ гирифта додем. 14 нафар дар марказҳои касбомӯзӣ хонда, соҳиби сертификат шуданд ва фаъолияти меҳнатии худро ба роҳ монданд. Барои роҳандозии фаъолияти тадбиркорӣ 7 нафарро аз рӯйхати давлатӣ гузаронидем ва онҳо низ фаъолияти худро мустақилона пеш мебаранд. Агар соли 2022 шумораи шаҳрвандони бекор 118 нафар бошад, то аввали соли 2026 107 нафари онҳо бо кор таъмин шуданд. То охири сол 11 нафари дигарро ҳам бо кор таъмин мекунем.

Хулоса, маҳаллаи Қавчинони боло на танҳо як маҳалли зист, балки як гӯшаи ҳамзистии анъанаҳо ва навоварӣ дар ҷомеаи имрӯза аст.

Ҳафтгонаи маҳалла — намояндагони сохторҳои гуногун аст, ки барои идора, рушд ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии маҳалла якҷоя кор мекунанд. Мардуми маҳалла аз аз фаъолияти онҳо қаноатманданд. Заро ҳар яки онҳо вазифаи мушаххаси худро дорад, вале бо як мақсад — беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон хизмат мекунанд.

Раиси маҳалла Абдураҳим Давронов, ки роҳбарии умумиро ба уҳда дорад, якҷо бо онҳо масъалаҳои муҳими маҳалларо баррасӣ менамояд ва қарорҳоро ҳамоҳанг месозад. Ёрдамчии ҳоким бошад, ҳамчун пайванд байни маҳалла ва мақомоти давлатӣ фаъолият пеш бурда, дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва расонидани кӯмакҳо саҳм мегирад.

Фаъоли занони маҳалла Хуршеда Расулова бештар барои баланд бардоштани маърифати оилавӣ, дастгирии занони эҳтиёҷманд ва ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ мекӯшад. Намояндаи иҷтимоии маҳалла Мафтуна Маҳмудова мушкилоти қишрҳои осебпазир — мисли камбизоатон, пиронсолон ё шахсони ногироидоштаро пайгирӣ мекунад ва барои ҳалли мушкилоти онҳо чора меандешад.

Барои Абдураҳим Давронов аз ҳама муҳимаш таъмини ҳаёти осоишта ва пуру фаровони аҳолӣ аст. Корҳои тозагиву ободонӣ, сабзазоркунӣ, таъминоти аҳолӣ бо шуғли доимӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳоло муаммои аз ҳама калони маҳалла нав кардани боми биноҳои маркази маҳалла мебошад. Он тахминан 600 метри мураббаъ аст. Мехоҳад бо ёрии ташкилотҳои дахлдор ин корро худи ҳамин сол ба охир расонад. Роҳҳои дохилии маҳалла 10 километрро ташкил мекунаду 10 дарсадаш ҳанӯз мумфарш нест. Ба роҳҳои боқимонда ҳам бояд асфалт хобонанд.

Бахтиёри ҶУМЪА