Ovozi.uz

“Челси” ғолиби Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2025

Бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2025 миёни дастаҳои “Челси”-и Англия ва “ПСЖ” –и Фаронса ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Метлайф”-и ИМА дар ҳузури 81 118 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди “Челси” хотима ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Челси” Коул Палмер дар дақиқаҳои 22-юм, 30-юм ва Жоао Педро дар дақиқаи 43-юм ба самар расониданд.

Коул Палмер аз ҳайати “Челси” беҳтарин бозигар, Роберт Санчес аз ҳайати “Челси” беҳтарин дарвозабон ва Дезире Дуэ аз ҳайати “ПСЖ” беҳтарин бозигари ҷавони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2025 эътироф гардиданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ва Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ҷоизаи қаҳрамониро ба тими ғолиб “Челси” тақдим карданд.

Ҳамин тавр, “Челси” аввалин ғолиби Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо пас аз ивазшавии формати мусобиқа ва ҷоизаи ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Дар умум, тими шаҳри Лондон бори дуюм ҷоизаи қаҳрамониро дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо соҳиб шуд.