Бо Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
Хилола Уктамовна Умаров ба вазифаи ҷонишини роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ислоҳи таълим таъин гардид ва ба ин муносибат аз вазифаи вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд;
Тамила Анваровна Алиева ба вазифаи ҷонишини роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ислоҳи тибб таъин гардид;
Тимур Нурйигитович Бутунбаев ба вазифаи ҷонишини роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ислоҳи системаи обтаъминкунӣ таъин гардид ва ба ин муносибат аз вазифаи ҷонишини якуми вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд;
Нодира Ҷалаловна Хакимова ҷонишини роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ислоҳоти низоми судӣ таъин гардид;
Шерзод Фарход ӯғли Озодзода ҷонишини роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба лоиҳаҳои соҳибкорӣ таъин гардид ва ба ин муносибат аз вазифаи мудири шӯъбаи рушди ташаббусҳои муҳим дар соҳаи иқтисод ва соҳибкории Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд;
Дилноза Мурадовна Зиямухамедова мудири котибияти роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардид ва ба ин муносибат аз вазифаи мудири котибияти ёвари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд.
