Солҳои аввали фаъолиятам дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» таҳририят се шӯъба дошт. Маро мухбири шӯъбаи мафкура таъин намуданд. Мудири шӯъба шоир Акбар Пирӯзӣ буд ва хабару мақолаҳоямро аввал ӯ таҳрир карда, сипас ба котибот месупурд. Вай аз рӯзҳои аввали таъсиси рӯзнома дар таҳририят кор мекард ва аз ин рӯ роҷеъ ба одобу рафтори кор дар идора ва иштирок дар ҷамъомадҳо маслиҳатҳои судманд ва дилсӯзона медод. Ман яке аз рӯзҳои моҳи август бо супориши таҳририят ба чораҷӯие рафтаму дар бозгашт аз назди мағозае мегузаштам, ки чашмам ба чатр (соябон) афтод. Азбаски чатр надоштам, ба сарам фикри пеш аз фарорасии мавсими боришот харидани он омад. Аз ин андеша хурсанд шуда, чатреро интихоб намудам ва мамнун аз харид ба идора баргаштам.
Солҳои аввали таъсис рӯзнома се хонаи корӣ дошт. Дар яке сармуҳаррир, дар дигаре ҷонишину котиби масъул ва дар саввумӣ шаш-ҳафт нафар кормандони шӯъбаҳо ҷой гирифта будем. Салом дода, ба хона даромадаму ба ҷои худ рафта нишастам. Пас аз ҳолпурсии одатӣ чашми ҳамкорон ба чатр афтод. Яке муборакбод гуфту дигаре бепарво буд. Пас аз хомӯш шудани ҳама Акбар Пирӯзӣ гуфтанд:
— Шумо пеш аз ҳама худатонро фикр кардед-дия. Аввал буҷети оиларо андеша кардан лозим. Бачаҳо калон нашуда, ояндаи онҳоро фикр кунед. Мо — ҳама ба умеди маош, даромади иловагӣ надорем. Бинобар ин, пасандозе дошта бошем, фоидаи худамон. Шумо бошед, дар фасли тобистон чатр харидед. О, шумо кулӯх не, ки дар борон об шавед…
Мантиқан фикр кунам, дар ҳақиқат ҳамин тавр. Аз мамнуниам нишоне намонд. Чунки чатр он қадар ҳам арзон набуд. Фикр кардам, ки ба мағоза баргардонда диҳам, вале ба ин вақт надоштам. Хабари чораҷӯиро ҳар чӣ зудтар бояд менавистам. Он солҳо компутер набуд. Мақоларо аввал котиба дар мошинка мечид, сипас онро «фотонабор» мекарданд ва бо ҳарфҳои қӯрғошинӣ мечиданд. Саҳифабандҳо онҳоро аз рӯи макет ҷо ба ҷо мегузоштанд. Сипас, рӯзномаро дар матбаа чоп мекарданд. Баъди чопи нусхаҳои аввалини рӯзнома кормандони матбаа ва муҳаррири навбатдор онро аз назар мегузарондем. Пас аз он навбатдор ба чопи рӯзнома рухсат медод. Ҷараёни чопи рӯзнома ҳамин хел буд. Агар хабар ё мақолае ба котибот саривақт нарасад, чопи рӯзнома дер мемонд.
Ман мақолаамро зудтар навишта ба котибот супурдам ва вақти корӣ тамом шуду ба хона баргаштам.
Ду-се моҳ гузашту ин воқеа фаромӯшам шуд. Вале яке аз рӯзҳои тирамоҳ бо сабабе ба кор дертар омада, бо ҳамкорон вохӯрдам ва ҳис намудам, ки онҳо ба ман дигар хелтар нигоҳ мекарданд.
Ҳама аз паи кор шудем. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ низ расид. Чанд нафар якҷоя ба ошхона рафтем. Ва онҳо ба ман сабаби нигоҳи гармашонро гуфтанд.
Акбар Пирӯзӣ ба шумораи рӯзномаи дирӯз чопшуда муҳаррири навбатдор буданд. Чопи рӯзнома дер мондаасту устод соатҳои 22:00 аз матбаа баромадаанд. Кам-кам борон боридааст. Акбарака қадамҳои калон гузошта то ба Регистон меоянд, ки плашашон тар мешавад. Он кас мебоист аз Регистон то ба Рустамдеҳ, ки ҳавлиашон дар ҳамон ҷо буд, мерафтанд. Вале автобусҳо кайҳо ба гараж баргашта буданд. Дар ноомади кор такси ҳам ба назар наменамояд. Акбар Пирӯзӣ пиёда роҳи деҳаашонро пеш мегиранд. Борон бо шиддат меборад. Нами плаш ба костюм мегузарад. То ба хонаи худ расидани Акбарака ҳамаи либосҳояшон тар мешаванд. Хушбахтона, ҳаво он қадар сард набудааст ва устод зуд либосҳоро иваз карда, чойи гарм менӯшанд ва рӯзи дигар саривақт ба кор меоянд.
Ба ҳамкорон қиссаи дар борон тар шудани худро гуфта, афзудаанд:
— Ба Тошқул «чатр чӣ лозим, пула бакораву бекора сарф накунед» гуфта, танбеҳ дода будам. То ба хона расидан чатр аз пеши назарам дур нашуд. Тошқул доно будааст…
Баъди ин воқеа ҳамкорон дар омади гап сухани устодро ба ёд оварда, бамавриду бемаврид мегӯянд, ки муаллим (ё ки Тошқулака), шумо одами доно!..
Вале ман то ҳол доно будани худро ҳеҷ ҳис накардаам. Чунки дар роҳу рӯ, хонаву корхона, хешу шиносу бегона, сарварону зердастон ба ман маслиҳат ва ақл ёд медиҳанд. Ман аз онҳо асло намеранҷам. Агарчи кӯдаке гуфтааст, танҳо маслиҳатҳои ба табъи дилам моси онҳоро қабул мекунаму халос…
Тошқул АЗИМЗОДА
©️ Аз китоби »Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
