Ovozi.uz

Telegram дар давоми як шабонарӯз беш аз 100 ҳазор гурӯҳ ва каналро блок кард

Маъмурияти мессенҷери Telegram, тибқи маълумоти рӯзи сешанбе, беш аз 100 ҳазор гурӯҳ ва каналро блок намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Аз ҷумла, паёмрасон 114 348 гурӯҳ ва каналро бастааст. Нишондиҳандаи блок кардан дар як шабонарӯз бори аввал аз 10-уми март инҷониб аз ҳадди 100 ҳазор гузашт (он вақт 102 612 гурӯҳ ва канал блок шуда буд).

Тибқи иттилоъ, аз аввали моҳи март то имрӯз Telegram ба ҳисоби умумӣ 1 547 231 гурӯҳ ва каналро масдуд (блок) кардааст.

Аз оғози соли 2026 шумораи умумии гурӯҳ ва каналҳои блокшуда ба 10 186 435 расидааст.