Таҳти раёсати Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Нарпай роҷеъ ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд ҷамъомади васеъ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад табдил додани вилояти Самарқанд ба ҳудуди ҳамаҷониба рушдёфта, дорои таъмингардидаи фаровононии аҳолӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян гардид. Хусусан, таъкид шуд, ки вилоят бояд дар самтҳои коҳиши бекорӣ, кам кардани камбизоатӣ, ҷалби сармоя ва афзоиши иқтидори содирот намунавӣ бошад.
Ҳамчунин, зарурати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани 100 ҳазор аҳолӣ, аз камбизоатӣ баровардани 31 ҳазор оила ва ба ҳудуди бидуни бекорӣ ва камбизоатӣ табдил додани вилоят зикр гардид. Дар ин замина аҳамияти муҳим касб намудани татбиқи чораҳои мушаххас ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ қайд карда шуд.
Аз ҷониби роҳбари давлат вазифаҳои аниқ оид ба густариши истеҳсолот дар ҳудудҳо, рушди бизнеси хурд ва соҳибкории хусусӣ, тавассути беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ афзудани фаъолии иқтисодӣ муайян карда шуданд. Дар баробари ин, бо истифодаи самараноки имкониятҳои ҳар як шаҳр ва ноҳия, зарурати аниқ кардани «нуқтаҳои рушд» ва дар асоси онҳо амалӣ намудани лоиҳаҳои умедбахш қайд гардид.
Дар ҷамъомад ба рушди яке аз соҳаҳои муҳиму ояндадори кишоварзӣ — паррандапарварӣ таваҷҷуҳи махсус нигаронида шуд. Роҷеъ ба ташкил намудани комплексҳои паррандапарварии муосир дар ҳудудҳо, зиёд кардани шумораи паррандаҳои зотӣ, мустаҳкам намудани заминаи хӯроки онҳо ва роҳандозии системаи коркарду нигоҳдории маҳсулот вазифаҳои муҳим супорида шуд. Ин барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти босифат ва дастрас, таҳкими бозори дохилӣ ва афзоиши иқтидори содирот хизмат мекунад.
Инчунин, ба масъалаҳои рушди инфрасохтор, васеъ кардани соҳаи хизматрасонӣ ва тавассути ҷалби сармояҳо барои боз ҳам баланд бардоштани иқтисоди ҳудуд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар тамоми соҳаҳо пешбурди кор дар асоси нақшаҳои дақиқ ва таъмин намудани натиҷабахшӣ вазифаи аввалиндараҷа муайян карда шуд.
Хулоса, ин ҷамъомад дар рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят марҳилаи навро оғоз менамояд. Бахусус, тавассути рушди босуръати паррандапарварӣ ба таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши даромад ва коҳиши камбизоатӣ ноил гардидан мумкин аст. Бо татбиқи хуби вазифаҳои муайяншуда, вилояти Самарқанд ҳамчун яке аз ҳудудҳои пешрафта ва намунавии кишвар мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам мекунад.
Ҳайдар ӮРОҚОВ,
намояндаи Шӯрои вилоят, соҳибкор,
раиси Шӯрои собиқадорони ҲЛДӮз
