Ovozi.uz

Ҳасан Ирфон

22-юми март – Рӯзи таваллуди нависанда ва тарҷимони машҳур Ҳасан Ирфон аст.

Нависанда ва мутарҷими маъруф Ҳасан Ирфон 22-юми марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд чашм ба олам кушодааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, курси дусолаи ҳисобдории (бухгалтерия) шаҳри Петроградро (ҳоло Санкт-Петербург) ба охир расондааст. Соли 1919 дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ба ҳайси тарҷумон заҳмат кашида, минбаъд сарвари корхонаи абрешим, тарҷумони комиҷроияи вилояти Самарқанд, директори чопхонаи Комиссариати халқии заминдории Ӯзбекистон, муаллими забони форси Университети давлатии Самарқанд кор кардааст.

Аз соли 1960 дар нафақа қарор гирифт ва машғули фаъолияти эҷодӣ гардид.

Ӯ донишомӯхтаи мактабҳои кӯҳна ва нав буд, забони русиро хеле хуб медонист, аз ин рӯ ба тарҷумаи бадеӣ камар баст. Аз забони русӣ ба тоҷикӣ осори нависандагони барҷастаи хориҷиро баргардонӣ намуд. Бо заҳматаш қаҳрамонони асарҳои Максим Горкий, Алексей Толстой, Даниэл Дефо, Жюл Верн, Роберт Ҷованоли, Робиндранат Такур ва дигар ситораҳои тобони адабиёт ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд. Дар пешбурди тарҷумаи бадеии тоҷик саҳми босазо гузоштааст, Таҷрибааш дарси ибрат барои мутарҷимони навкор аст. Ҳасан Ирфон романи “Дар кулбаи косибон” ва қиссаи “Ду ёр азду диёр”-ро низ нигошта, хештанро ба ҳайси нависандаи борикбин муаррифӣ намудааст.

Ҳасан Ирфон соли 1973 аз олам гузаштааст ва мадфани ӯ дар қабристони Шоҳи Зинда аст.