Ovozi.uz

Бори дигар меоед

Сармуҳаррири рӯзнома Ғафурҷон Маҳмудов инсони бениҳоят пурилтифот, хушфеъл, сухандон ва рӯзноманигори фидоӣ, ки барои рушди матбуот ҷонбозӣ кардааст, буд.

Дар таърифҳоям нисбат ба ин одам заррае ҳам хато нест. Инро аз як мисоле, ки бо домулло (Ғафурҷонакаро бисёри одамон аз рӯи ҳурмат чунин меномиданд) рух додааст, фаҳмидан душвор нест.

Соли 2004 буд. Пас аз хӯроки пешин дар ҳавлии таҳририят се-чор нафар сӯҳбат мекардем. Ҳамон вақт нафаре, ки дар даст коғазеро чаҳор маротиба печонида буд, аз мо «Редаксия ҳамин ҷост?» — гӯён пурсид. Рафтораш, либоспӯшиаш ба одами дуруст монанд, шояд омӯзгор буд.

— Ассалому алейкум. Бале, ҳамин ҷост бародар, — гуфтем мо.

— Як мақола навишта будам, ба кӣ нишон диҳам мешавад?

— Мақолаатон дар бораи чист? Агар гӯед, аз рӯи ҳамон ба кадом мухбирони шӯъбаи таҳририят рафтанатонро мефаҳмонем.

— Ман ба забони тоҷикӣ навиштаам.

— Хуб, ин тавр бошад ба таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» медароед — қабати якум, аз дар даромада, ба дасти чап меравед…

Якбора аз дарун Ғафурҷонака баромаданд.

— Ана бародар, сармуҳаррири рӯзнома меоянд, вохӯред, шояд мақолаатонро қабул кунанд ё ба назди ягон мухбир фиристанд…

Марди ношинос ба назди Ғафурҷонака шитобид. Мо низ бо эҳтиром ба пешвози домулло баромадем. Пас аз салому алейк марди ношинос таъкид намуд, ки ҳар як шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро мехонад. Сипас, коғази печонидашудаи мақолаи бахшида ба камбудиҳои соҳаи таълим ва таклифҳояш роҷеъ ба роҳҳои ҳалли онҳо, ба таъбири худаш, «то ҳол ҳеч кас нанавишта»-ро ба Ғафурҷонака барои дар рӯзнома нашр кардан дароз кард.

Ғафурҷонака коғази дар ҷайби он мард печидаро ба даст гирифта, бодиққат мақоларо аз назар гузаронд. Аз сабаби меҳрубониаш барои мақоларо дар ин шакл овардани муаллиф чизе нагуфт. Аммо дар рӯяш аз ин бемаданиятии муаллиф хиҷолат шуданаш дақиқ ба назар мерасид.

— Хуб, мақолаатонро қабул мекунем, аммо бо каме таҳрир дар яке аз шумораҳои навбатии рӯзнома аз чоп мебарорем, — гуфт ӯ.

Он мард «хеле аҳамиятнок» будани мақолааш, ҳар кас ҳам навишта натавонистани онро такрор ба такрор гуфта, ба ҳоли домулло эътибор намедод. Ғафурҷонака дастро ба рӯи сина гузошта, «Хуб бародар, бахшиш, ман бояд ба як ҷо равам, саросема будам» — гӯяд ҳам, ҳамсӯҳбаташ нияти ба охир расонидани ҳарфҳояшро надошт.

Ниҳоят пас аз чанде суханҳои ӯ ба охир расида «Ин мақолаи ман дар кадом рӯзнома мебарояд?» — гуфт. Барои шахси хеле ботамкин буданаш Ғафурҷонака ба муносибати он марди бефарҳанг то ин фурсат тоқат карду сипас косаи сабраш лабрез шуд.

— Оё шумо медонед, ки ба куҷо омадед? Агар омӯзгор не, соҳиби касби дигар бошед ҳам намеранҷидам. Гиред ин мақолаатонро… бори дигар меоед, — гӯён шитобон қадам гузошта рафт.

Мо бори дигар гувоҳи сабру таҳаммули Ғафурҷон Маҳмудов шуда, «Агар ба ҷои домулло одами дигаре мешуд, барои ин муомилаю муносибати он мард бо суханҳои ҳақоратомез ҷавоб мегуфт» — гӯён дар ҳайрат монда будем.

Акрам ҲАЙДАРОВ

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»