Бар асоси қарори Президентамон аз 27-уми декабри соли гузашта «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидан ба иҷрои чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Самарқанд нигаронда шудаанд» вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Ҳокимон барномаҳои мазкурро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд ва онҳо тасдиқ гардиданд. Ҳоло дар ноҳия ва шаҳрҳо вазифаҳои мазкур иҷро карда мешаванд. Ҳангоми он самти ихтисос, мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ, ашёи хом ва замин, имкониятҳои инфрасохтории ҳар як ноҳия (шаҳр)-ро ба эътибор гирифта, онҳо бар асоси бартарии қиёсӣ ба мавзеи «намунавӣ ва услубӣ» табдил дода мешаванд.
Нақшаҳои ноҳияи Пайариқ аз чиҳо иборатанд?
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2026 дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба 5,9 триллион сӯм, саноат ба 1,1 триллион сӯм, пешниҳоди хизматҳо ба 2,3 триллион ва ҳаҷми бинокорӣ ба 4,9 триллион сӯм расонда шаванд. 85,3 миллион долларина сармоягузориҳои хориҷиро азхуд мекунанд. Нишондиҳандаҳои содиротиро ба 17,8 миллион доллар мерасонанд.
Дар маркази микросаноатӣ, ки ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ихтисосонида шудааст, 2 кӯчаи марказӣ, ки дар оянда ба кӯчаҳои хизмати махсус расонанда табдил медиҳанд, беш аз 25‑то объектҳои савдо ва сервис ташкил карда мешаванд. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин хатҳои алоқаи риштаи оптикиро васеъ намуда, дар доираи лоиҳаи «Як миллион барандаи зеҳни сунъӣ» ба 1664 нафар ҷавонон таълим дода мешавад. Бо баровардани 2167 нафар аҳолӣ аз камбизоатӣ, шаффоф намудани ҷойҳои кории пинҳони ноҳия, шуғли 1763 нафар аҳолиро таъмин мекунанд.
Ба 483 нафар аъзои оилаҳои камбизоат барои шуғли онҳо бо деҳқонӣ ба иҷора замин медиҳанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳаҷми содироти резидентҳои IT Park ба 128,42 ҳазор доллари ИМА ва ҳаҷми хизматҳои резидентҳои IT Парк ба 2,15 миллиард сӯм расонда мешаванд.
Дар соли 2026 164,6 миллион долларина сармоягузориҳои хориҷӣ ва кредитҳоро ҷалб мекунанд. Дар маҳаллаи Хоҷа Исмоил боғи истироҳатӣ ташкил карда мешавад.
Соли равон дар доираи барномаҳои маҳаллии сармоягузорӣ 48 лоиҳаи арзиши умумиашон 68,1 миллион долларина амалӣ мегарданд. Дар соҳаи саноат 20 лоиҳаи 15,1 миллион долларина, самти хизматрасонӣ 24 лоиҳаи 36,9 миллион долларина, дар соҳаи кишоварзӣ 4 лоиҳаи 16,1 миллион долларина амалӣ карда мешаванд. Хулоса, то анҷоми сол дар доираи барномаҳои маҳаллии сармоягузорӣ дар натиҷаи амалӣ шудани 48 лоиҳа 593 ҷои корӣ ташкил карда мешавад.
Дар ноҳия 5 бинои бисёрқабатаи 176 хонадонӣ барпо ва 3 бинои бисёрқабатаи истиқоматиро таъмир мекунанд. 106 гектар майдони маҳаллаи «Чоштеппа»-ро ба минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» вобаста намуда, бо инфрасохтори зарурӣ таъмин менамоянд. Дар маҳаллаҳои Кӯлтӯсин, Ғаллакор, Накурт ва «Дӯстлик» барои ташкили пистапарварӣ дар 31,5 ҳазор гектар замини лалмӣ 100 кВт панелҳои офтобӣ гузошта, 50 дона чоҳи артезианӣ мекобанд. Боғи марказии истироҳати маҳаллаи Гӯзал ба намуди замонавӣ оварда мешавад. Дар шафати роҳи автомобилии маркази ноҳия барои ташкили субъектҳои соҳибкорӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба мақсади таъмини минтақа бо инфрасохтори зарурӣ 11 километр роҳи автомобилро таъмир мекунанд. Инчунин, 10 объекти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла 5 мактаби таълими умумӣ, 1 муассисаи таълими томактабӣ ва 4 объекти тандурустӣ тармим карда мешавад. Барои давр зада гузаштани ҳудуди маҷмӯаи Имом Бухорӣ 4,6 километр роҳи автомобилгард месозанд.
14,8 километр қисми канали Пай пурра тармим мегардад. 1,4 километри коллектори Қаландар ба шабакаи пӯшидаи дренаж табдил дода мешавад. 1,3 километр қисми нӯҳ коллектори навро бетон мекунанд.
Бо мақсади дар маркази ноҳия барои аҳолӣ фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ 49 дона трансформаторро ба наваш иваз намуда. 165 километр шабакаи кабели SID кашида мешавад. 2950 дона сутунҳои такягоҳӣ гузоштанд.
Бо маҳдуд намудани ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ва сохтани роҳи давра дар қисми аз 29 то 33 километри роҳи автомобилгарди тарафи рости тракти марказии «Зарафшон»-и шаҳраки Чалак ва ба кӯчае, ки шабу рӯз кор мекунад, табдил додани он 2 километр роҳи автомобилгардро мумфарш мекунанд, 4 километр роҳи пиёдагард ва барои велосипедронҳо сохта, чароғакҳо мегузаронд.
Муассисаи таълими томактабии рақами 2‑ро, ки дар маҳаллаи Фаровон воқеъ аст, бар асоси тамоюлҳои сабз тармим мекунанд. 33,6 километр роҳи истифодаи умумӣ ва 72,5 километр роҳи дараҷаи ноҳия таъмир карда мешавад. Аз ҳисоби барномаҳои дахлдор ва имкониятҳои дохилии молиявӣ 3 иншоот ва 4 километр шабакаи оби ошомиданиро месозанд ва тармим мекунанд.
Дар ноҳия дар самти рушди парвариши чорвои калони шохдор 15,3 миллиард сӯмина лоиҳаҳо амалӣ мегарданд ва дар 74 хоҷагии чорводории фермерӣ истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) ба 16 ҳазор тонна, истеҳсоли шир ба 153,4 ҳазор тонна расонда мешавад. Бо мақсади дар пахтакорӣ роҳандозӣ намудани агротехнологияҳои пешқадам дар майдони 2742 гектар замин бо усули «Шинҷон» пунба коштанд. Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ва маҳсулоти ғайраи кишоварзӣ афзуд ва 15,76 ҳазор долларина маҳсулоти хӯроквориро содирот карданд. Дар давоми сол дар 2645 ҳазор гектар замин технологияҳои сарфакунандаи обро истифода мебаранд.
Ба мактабҳои таълими умумии ноҳия омӯзгорони хориҷиро ҷалб мекунанд. Ҳиссаи муаллимони маҳаллии забонҳои хориҷӣ, ки сертификати дараҷаи В2 доранд, ба 78,3 дарсад, шумораи мактабҳое, ки сохтори нави баҳогузориро роҳандозӣ мекунанд, ба 21‑то расонида мешаванд. Бинои китобхонаи махсуси нобиноёнро таъмир мекунанд.
Дар самти тиб 73715 нафар аҳолии 40 сола ва аз он калон аз рӯи бемории диабети қанд аз скрининги оммавӣ гузаронда мешаванд. Бо мақсади саривақт муайян намудани бемориҳои онкогематологӣ дар бачаҳо дар хар чоряк скрининг ташкил мекунанд.
Дар давоми сол бинои 6 маҳалларо таъмир ва тармим мекунанд, дар бинои 53 маҳалла панелҳои офтобӣ мегузоранд, дар 18 маҳалла китобхонаҳо ташкил карда мешаванд. Ба 686 нафар зан ва духтарон касбу ҳунар ва соҳибкориро таълим медиҳанд. Барои васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии 3662 нафар зан ва духтарон ёрӣ дода мешавад. Давлат ба 8 нафар зан ва духтарони эҳтиёҷманди бемор дар гузарондани амалиёти махсуси ҷарроҳӣ ёрӣ медиҳад. Инчунин лоиҳаҳои байналмилалии ба дастгирии зан ва духтарон дар деҳот нигаронида амалӣ мегарданд.
