Ovozi.uz

Оқибати суиистифода аз вазифа

Суиистифода аз вазифаи ишғолнамуда аз ҷиноятҳои номатлуб буда, ба оқибатҳои вазнин оварда мерасонад ва содиркунандаи он ҳатман ба ҷазои худ мерасад.
Дар маҳаллаи Беҳзоди шаҳри Самарқанд маҷлиси кушоди сайёри Суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ баргузор шуд, ки дар он парвандаи ҷиноии судшаванда Ҷ.А. баррасӣ гардид.
Маълум шуд, ки Ҷ.А. дар корхонаи “Ҳудудгаз Самарқанд”-и таъминоти гази шаҳр ҳамчун челонгари хизмати истифода ва таъмири ускунаҳои газ ифои вазифа дошт. Ӯ  аз рӯи вазифаи ба зиммадоштааш ҳангоми аз санҷиши техникӣ гузарондани хонаи истиқоматкунандаи шаҳр А.Ч. аниқ намуд, ки берун аз ҳисобкунаки титан, деги ҳаммоми хона  ба таври ноқонунӣ ба шабакаи газ васл карда шудааст. Ӯ барои ин кор далолатнома тартиб дод ва бурда ба Санҷар ном ходими шӯъбаи корхона супурд.
Баъд аз ин ҳодиса Д.Н. ном шиноси  соҳибхона бо ӯ вохӯрда, хоҳиш мекунад, ки барои бартараф намудани ин далолатнома ёрӣ диҳад. Ниҳоят, онҳо байни ҳамдигар забон як мекунанд, ки  ба ивази пули муайян далолатномаи тартибдодашударо ба воситаи ҳуқуқшиноси корхона нобуд карда шавад.
13-уми июни соли 2023 Д.Н. ба Ҷ.А. занг зада, гуфт, ки бояд онҳо дар назди дӯкони пойафзол вохӯранд ва пули ваъдагиашро диҳад. Ҳамин тавр, Ҷ.А. ҳангоми дар назди дӯкони “Мега шоус”-и шаҳр аз шаҳрванд Д.Н. гирифтани 4 миллион сӯми бо роҳи фиребгарӣ ба дастовардааш аз ҷониби ходимони шӯъбаи самарқандии Департамент дастгир карда шуд.
Судшаванда ба айби худ иқрор шуда, пушаймонӣ изҳор намуд ва соҳиби 4 нафар фарзанд будани худ, душвор будани шароити зисти худро баён намуда, хоҳиш кард, ки ба ӯ қонунан сабукӣ дода шавад.
Дар охир, мувофиқи ҳукми Суди шаҳри Самарқанд судшаванда Ҷ.А. аз рӯйи моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор дониста шуда, дар баробари маҳрумӣ аз ҳуқуқҳои муайян ,ба муддати 1 сол аз ҳуқуқи кор кардан дар лавозими мансабдорӣ ва ҷавобгарии моддидоштаи корхонаҳои “Ҳудудгаз” маҳрум карда шуд ва ҷаримаи 45 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (14 млн 850 ҳазор сӯм) таъин карда шуд.


Р.ЭГАМОВ, инспектори калони шӯъбаи департаменти мубориза дар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд