Ovozi.uz

“Worldskills Samarkand-2025”: Дар Самарқанд чемпионати V миллии касбҳо оғоз ёфт

Дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо ва Ассотсиатсияи рушд ва оммавигардонии касбҳои меҳнатӣ «Worldskills Uzbekistan», байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими касбӣ 5-умин чемпионати миллии касбҳо “WORLDSKILLS UZBEKISTAN-2025” гузаронида мешавад.

Дар мусобиқа 146 нафар иштирокчӣ аз 12 минтақаи ҷумҳурӣ, ки дар касбҳои ҳамширагии тибб, сантехникӣ, пайвандсозӣ ва электромонтаж маълумот доранд, маҳорат ва истеъдоди худро намоиш медиҳанд. Мувофиқи шартҳои чемпионат, аз ҳар вилоят аз рӯи як касб як донишҷӯ ва як муаллими эксперт иштирок мекунанд.

— Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои барои ҳалли масъалаҳои боз ҳам такмил додани системаи омодасозии кадрҳои соҳиби малакаи баланди касбӣ ва ворид кардани барномаҳои таълимии байналмилалӣ” ки 16-уми октябри соли 2024 қабул гардидааст, таъкид мешавад, ки кадрҳои муассисаҳои таълими касбӣ бо барномаҳои байналмилалӣ омода шаванд ва донишҷӯёни техникумҳо бояд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун иштирок кунанд, — гуфт Ӯткирҷон Алиҷонов, раҳбари Департаменти рушди системаҳои таълими касбӣ. — Бо мақсади таъмини иҷрои ин вазифа, 66 донишҷӯи техникумҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Самарқанд дар чаҳор касб ба мусобиқа мепардозанд. Барои фароҳам овардани шароити мусоид асбобҳои муосири байналмилалӣ ва таҷҳизот ба мусобиқа оварда шудаанд. 19 нафар мутахассиси узбекистонӣ, инчунин, 12 намояндаи Қозоқистон, Швейтсария ва Олмон аз ширкати “ESAB” ҳамчун эксперт раванди мусобиқаҳоро баҳогузорӣ мекунанд.

Ба ғолибон, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро ба даст меоваранд, билети иштирок дар Чемпионати байналмилалии касбии «WorldSkills Asia Competition Taipei 2025», ки аз 23 то 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар Тайван баргузор мешавад, тақдим мегардад.