Ovozi.uz

Рақиби ChatGPT барои чӣ бо суръат рушд меёбад?

DeepSeek, як ширкати чинӣ, бо эҷоди модели арзонтарини зеҳни сунъӣ, инқилобе дар ин соҳа барпо кард.

Ин ширкат бо истифода аз усулҳои нав ва соддагардонӣ (масалан, истифодаи рақамҳои 8-битӣ ба ҷои рақамҳои 32-битӣ) системи худро бо хароҷоти 5,6 миллион доллар сохтааст.

Ин кори ширкати чинӣ боиси тарсу ҳаяҷон дар бозори ширкатҳои калони технологӣ гашт. Аз ҷумла, ширкати бузурги NVIDIA садҳо миллиард доллар қимати бозории худро аз даст дод.

Ин тарҷиба нишон медиҳад, ки ояндаи зеҳни сунъӣ ба онҳое тааллуқ дорад, ки технологияи мураккабро бо нархи арзон дастраси омма мекунанд, на онҳое, ки гаронтарин системаҳоро месозанд.

Инқилоби DeepSeek барои ширкатҳо имкониятҳои нав офарид ва дар кори зеҳни сунъӣ саҳифаи тозае кушод, ки ғолибан бозори технологияиро тағйир хоҳад дод.