Бо мақсади амалӣ намудани қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам баланд бардоштани самаранокии сохтори фароҳам овардани муҳити бехатар дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ва пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соли 2025», ки 3-юми январи соли равон ба имзо расидааст, дар вилояти Самарқанд гурӯҳи кории ҷумҳурӣ бо сардории вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенант Пӯлат Бобоҷонов ташкил карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ бо корҳое, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар маҳаллаи Мерганчаи ноҳияи Ургут ба самар расонида мешаванд ва фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», инчунин бо тақдимоти оид ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил шинос шуд.
Бино ба маълумоти хидмати матбуотии Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд, гурӯҳи корӣ ташкили бесамари услуби кор дар маҳалла ва фаъолияти ғайриқаноатбахши нозири профилактикиро, ки боиси ба категорияи “сурх” шомил шудани маҳалла шудааст, танқид кард.
Дар ҷамъомаде, ки бо иштироки роҳбарони секторҳои ноҳия ва масъулони ташкилотҳои ҳамкор доир гардид, доир ба моҳияти қарори сарвари давлатамон ва механизмҳои татбиқи он андешаҳо баён гардида, тадбирҳои зарурӣ муайян карда шуданд.
П.Бобоҷонов, инчунин ба маҳаллаи Чароғбони ноҳияи Тайлоқ рафта, бо иштироки роҳбарони секторҳои ноҳия бо корҳои дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ амалӣ шуда, фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» ва тақдимот оид ба додани хидмати тиббии манзилнок ба шахсони шаробхора, нашъаманд, бемори рӯҳӣ ва дигар муҳтоҷони дастгирии иҷтимоӣ шинос шуданд.
Зимни мулоқот ба масъулҳо ҷиҳати пурра амалӣ намудани пешгирии ҷинояткорӣ дар асоси «Харитаи роҳ» ва самаранок ба роҳ мондани сохтори профилактикаи иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли шаҳрвандон, бахусус ҷавонону занон тавсияву дастурҳои зарурӣ дода шуд.
Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таҳти сарварии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенант Пӯлат Бобоҷонов ҳамчунин корҳои анҷомдодашуда дар самти фароҳам овардани фазои бехатар ва пешгирии ҷинояткорӣ дар маҳаллаҳои ноҳияи Пастдарғамро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз ҷумла, корҳое, ки оид ба ҷорӣ намудани «Кӯчаи бехатари намунавӣ» ва «Роҳрави бехатари намунавӣ» дар маҳаллаи Гузалкент, ки соли гузашта дар он ҷо аз ҷониби сектори сеюми вилоят корҳои сохтмонӣ дар асоси меъёрҳои «Хонаи обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» бо иштироки роҳбарони секторҳои ноҳия амалӣ гашта буданд, мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор гирифт.
Гурӯҳи корӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти қарор ва таъмини иҷрои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кор мебарад.
