Ovozi.uz

«Лабораторияи ақли СММ»

дар Самарқанд қарор қабул мекунад

Дар сессияи 42-юми Сарконференсияи ЮНЕСКО, ки аз 7-ум то 22-юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Париж баргузор гардид, роҷеъ ба гузарондани сессияи 43-юми навбатии он дар шаҳри Самарқанд қарори таърихӣ қабул карда шуд. Қарори мазкурро ҳамаи 194 давлати узви ташкилот дастгирӣ намуданд. Қарор аз ҳамин ҷиҳат эътибори бештар дорад, ки қаблан ягон сессияи ташкилот берун аз Париж баргузор нашудааст.
ЮНЕСКО яке аз ташкилотҳои ихтисосонидаи СММ буда, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар соли 1946-ум ташкил шудааст. Мақсади асосии ташкилот аз ривоҷдиҳии соҳаҳои таълим, фан, маданият ва ахбору коммуникатсия дар мамлакатҳои аъзо мебошад. Қароргоҳи асосии он дар шаҳри Париж воқеъ аст. Ташкилот ба таври ғайрирасмӣ «лабораторияи ақли СММ» номида мешавад.
Ҳоло ба ЮНЕСКО 194 мамлакат аъзо аст. Боз 12-то мамлакат ва минтақаҳо соҳиби мақоми аъзои ассотсиативӣ мебошанд. Имрӯзҳо беш аз 400-то ташкилоти байналхалқии ғайриҳукуматӣ ва бунёдҳо, иттиҳодияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо ЮНЕСКО ҳамкорӣ мекунанд. Ҳоло шумораи мероси моддӣ ва маънавӣ, ки ба рӯйхати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд, 1121-торо ташкил мекунад. Ба рӯйхати мазкур аз Ӯзбекистон «Ичан қалъа» (соли 1990), қисми таърихии шаҳри Бухоро, қисми таърихии Шаҳрисабз ва шаҳри Самарқанд (дар соли 2001) дохил карда шудаанд.
Шумораи мероси мадании ғайримоддӣ, ки ба рӯйхати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд, беш аз 500-то аст. Аз Ӯзбекистон ба он маданияти ноҳияи Бойсун (дар соли 2008), «Шашмақом» (соли 2008 – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон), суруди калон (соли 2009), аския – санъати ақлу идрок (соли 2014), Наврӯз (соли 2016 — Ӯзбекистон ва боз 11-то давлат), маданияти тайёр кардани палав ва расму оини он (соли 2016), маркази ривоҷдиҳии ҳунармандии Марғилон, технологияҳои анъанавии бофтани матоъҳои атлас ва адрас (соли 2017), рақси лазгии Хоразм (соли 2019) дохил карда шудаанд.
Роҳбари мамлакатамон ба муносибати дар шаҳри мо гузарондани ин анҷумани бонуфуз ба қарор «Дар бораи чораҳои омадагӣ доир ба баргузории сессияи 43-юми Сарконференсияи ЮНЕСКО дар соли 2025 дар Самарқанд» имзо кард. Дар ин қарор ҷараёни тайёрии асосӣ, корҳое, ки бояд амалӣ шаванд муайян гардидаанд. Аз ҷумла, корҳо роҷеъ ба ҳифзи объектҳои мероси мадании дахлдори шаҳри Самарқанд ва ташкил кардани намоишҳои иммерсивӣ ва мавзӯъдор муайян шуданд. Дар қарор инчунин, нишон додаанд, ки ҳаракатҳо роҷеъ ба узви Маркази байналмилалии тадқиқотҳо доир ба ҳифз ва тармими ёдгориҳои маданӣ шудани Ӯзбекистон оғоз гардидаанд.
Инчунин, комиссияи миллӣ роҷеъ ба корҳои ЮНЕСКО чораҳои ба шабакаҳои шаҳрҳои эҷодкор ва тарғиботчии таълим, инчунин, ба таври дахлдор ба рӯйхатҳои байналмилалӣ дохил кардани шаҳрҳои Ӯзбекистон, объектҳои мероси ноёби маданӣ ва табииро меандешад.
Бар асоси мезонҳои ЮНЕСКО ва дар ҳоли ҷалб кардани экспертҳои хориҷӣ дар шаҳри Самарқанд ташкил кардани осорхонаи давлатии Роҳи бузурги абрешим, барқарор кардани боғҳои соҳибқирон Амир Темур, тармими маҷмӯаи Бибихонум, иҷрои корҳоеро, ки барои ҳифзи маркази таърихии Бухоро пешбинӣ шудаанд, ба нақша гирифтаанд.
Қарори ҳокими вилоят роҷеъ ба ташкили анҷумани мазкур қабул гардида, дар он корҳои ташкилӣ аниқ муайян шудаанд.
Аз ҷумла, корҳо роҷеъ ба фароҳам овардани шароитҳои хуб барои меҳмонон дар маҷмӯаи Silk Road Samarkand амалӣ мешаванд, ки анҷуман дар он ҷо баргузор мегардад, барои таҳияи лоиҳаҳои намоишҳо дар маҷмӯаи Регистон, харобаҳои шаҳри Афросиёб, маҷмӯаи Шоҳи Зинда, инчунин, барои дар расадхонаи Мирзо Улуғбек ташкил кардани майдони намоиш экспертҳо ҷалб карда мешаванд.
Самарқанд дар ду-се соли охир анҷуманҳои байналхалқии калонро дар сатҳи баланд гузаронда, таҷрибаи ғанӣ ҳосил кард. Меҳмоннавозӣ, ба тарзи муносиб ба номи шаҳри кӯҳан ва ҳамешаҷавон иштирок кардани на танҳо вакилони ташкилотҳо, балки тамоми аҳли Самарқанд сазовори эътирофи иштирокчиёни машваратҳои байналхалқӣ шуданд.
Ба ин маъно, боварӣ дорем, ки барои дар ҳоли ҷавобгӯи талабҳои байналхалқӣ гузаронидани анҷумани сатҳи воло аҳли вилоят муташаккилона ҳаракат мекунанд.

Рустам ҚОБИЛОВ,
ҷонишини ҳокими вилоят.