Барои фарзандон намуна бошед! Агар худи мо суханони дурушту нохуб истифода барем, наметавонем фарзандро аз чунин рафтор боздорем. Ё худ то дер ба телефон ва телевизор машғул шуда, аз кӯдак талаб кардани китобхонӣ ва дарстайёркунӣ низ натиҷаи хуб намедиҳад. Тағйирро бояд аз худ оғоз кунем.
Хатои худро тан гиред! Вақте хато мекунем, набояд баҳона ҷӯем. Беҳтар аст айби худро тан гирем. Дар ин сурат кӯдак аз хато кардан наметарсад ва меомӯзад, ки иштибоҳро такрор накунад.
Аз навозиш кардани фарзанд натарсед! Кӯдаке, ки то ҳафтсолагӣ меҳру навозиш мебинад, дар зиндагӣ муваффақтар мешавад. Албатта, ин маънои тарбияи нодурустро надорад. Муҳим он аст, ки кӯдакро на танҳо бо бозича ё чизҳои моддӣ, балки бештар бо меҳру муҳаббат шод кунем.
Узр пурсиданро фаромӯш накунед. Баъзан нисбат ба фарзанд ноҳақ мешавем ва худи кӯдак ҳам инро ҳис мекунад. Дар чунин ҳолат аз ӯ бахшиш пурсидан лозим аст. Ин ба фарзанд меҳрубонӣ ва эҳтиромро меомӯзонад.
Фарзанди худро ба оғӯш гиред. Кӯдак ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзи зиёд дорад. Бештар ӯро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ нишон диҳед.
Босабр бошед. Бисёр вақт мо ба саволҳо ва рафторҳои кӯдаконаи фарзанд тоқат намекунем. Аммо дар асл корҳои беҳудаи мо зиёданд. Агар вақти бештарро ба фарзанд ҷудо кунем ва бо сабру таҳаммул муносибат намоем, мебинем, ки кӯдакон танҳо боиси хушҳолии мо мешаванд.
