8-уми декабр – Рӯзи қабули Конститутсияи Ӯзбекистон
“Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав барои минбаъд низ рушд ёфтани соҳаҳои давлатдорӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва судиву ҳуқуқӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард”.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Мегӯянд: “Сол аз сол фарқ дорад”. Аз ин нуқтаи назар, соли 2025 пур аз рӯйдодҳои муҳим ва санаҳои ҷашнӣ буд. Хусусан, ҷашн гирифтани 80-солагии Созмони Милали Муттаҳид ва 50-солагии Ҳуҷҷати Ҳелсинкии САҲА хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҷаласаи 80-солагии Маҷмаи Умумии СММ ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як бор зарурати ислоҳоти фаъолияти ин ташкилоти байналмилалиро таъкид кард. Ин ислоҳот муайян кардани имкониятҳои баланд бардоштани самаранокӣ, бозбинӣ кардани тартиби иҷрои вазифаҳо, инчунин, эҳтимоли тағйироти сохторӣ ва тарҳрезии дубораи барномаҳоро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар соли 2025 ҷомеаи ҷаҳонӣ 60-солагии қабули аввалин созишномаи уҳдадории ҳуқуқии инсон – Конвенсияи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодиро, инчунин, 30-солагии Эъломияи Пекин ва Барномаи амал оид ба занонро, ки меъёри гендерии ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиро асос гузоштааст, ҷашн мегирад.
Ҳуқуқи инсон – нишондиҳандаи рушди тамаддуни муосир аст.
Мутаассифона, бӯҳронҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, бесуботии нархҳо, амнияти озуқаворӣ, нобаробариҳо дар рақамисозӣ, аз байн рафтани эътимоди мутақобил ва дигар мушкилот ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва иҷрои рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯз Ӯзбекистони нав бо қадамҳои устувор дар роҳи ислоҳоти демократики бебозгашт пеш меравад, сиёсати хориҷии прагматикӣ пеш гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муколамаи бозу фаъол анҷом медиҳад. Дар кишварамон ислоҳоти густарда оид ба таҳкими кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амалӣ мегардад.
Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки конститутсияҳо дар шароити зудтағйирёбанда шакл мегиранд ва дорои гуногунрангии бузурганд. Имрӯз конститутсияҳо ба ташаккули ҳувияти миллӣ, коҳиши низоъҳои иҷтимоӣ, мутобиқсозии ҳаёти инсон ба мошину зеҳни сунъӣ, инчунин, бартарафсозии буҳронҳои табиӣ ва техногенӣ мусоидат мекунанд.
Чоряки аввали асри XXI давраи ислоҳоти шадиди конститутсионӣ ва навсозии конститутсияҳо дар саросари ҷаҳон гардид.
Баъзе маълумотҳои омориро меорем: дар асри XXI тақрибан 60 конститутсияи нав дар кишварҳои ҷаҳон қабул шудааст; парламентҳо зиёда аз 750 маротиба ба конститутсияҳо ислоҳот ворид кардаанд; дар ҷаҳон қариб дигар конститутсияе боқӣ намонда, ки тағйир наёфта бошад. Мухтасар карда гӯем, конститутсияҳои муосир мекӯшанд ба талаботи ҷаҳонишавӣ ва рушди миллӣ мутобиқ бошанд. Дар ҳамин замина, имкони ворид кардани ислоҳот яке аз хусусиятҳои муҳими ҳамаи конститутсияҳо ба шумор меравад.
Яке аз ҷиҳатҳои хоси ислоҳоти конститутсионӣ — ин таҳкими арзишҳои асосӣ, аз ҷумла соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, оила ва кӯдакӣ буда, ба ин васила ҳувияти конститутсионии миллӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад. Дарки конститутсия ҳам амалияи воқеӣ ва ҳам татбиқи меъёрҳои конститутсиониро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, ин раванд мафҳуми “Конститутсияи амалкунанда”-ро ифода мекунад. Мақсади асосӣ аз ин — бунёди давлати конститутсионӣ мебошад.
Умуман, рушди конститутсия, ҳамеша ба марҳилаҳои асосии рушди ҷомеа ва давлат мутобиқ мегардад. Конститутсия қариб ҳамаи ҷанбаҳои рушди давлат ва ҷомеаро фаро гирифта, тартиб ва танзими умумии меъёриро муқаррар мекунад. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо, аз ҷумла кодексҳо, бештар ба тамоми ҷомеа, қишрҳои иҷтимоӣ, шахс ва шаҳрванд равона шудааст.
Таҳқиқи тағйироти конститутсионии ҷаҳон нишон медиҳад, ки қобилияти мутобиқсозии Қонуни Асосӣ ба талаботи замон ва посухгӯӣ ба мушкилоти пайдоишёбанда яке аз хусусиятҳои муҳимми он мебошад. Тамоюлҳои афзалиятноки рушди муосири конститутсионӣ дар ҷаҳон инҳоянд:
• фарогирии васеи ислоҳоти конститутсионӣ, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, инчунин робита ва ҳамбастагии тағйироти конститутсионӣ ва раванди модернизатсияро таъмин мекунад;
• тавсеаи ҳаҷми танзими конститутсионӣ, яъне ислоҳоти низоми идораи давлатӣ ва дигар кардани шакли идоракунӣ;
• инкишофи фазои конститутсионӣ, таҳкими соҳибихтиёрии ҳуқуқӣ ва муайян кардани хусусиятҳои (симои) конститутсионии давлат;
• васеъ кардани рӯйхати ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва таҳкими тартиби ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон;
• густариши ваколатҳои суди конститутсионӣ, додани ҳуқуқ ба шаҳрвандон барои мустақиман ба Суди конститутсионӣ муроҷиат кардан;
• глобализатсияи қонунсозии конститутсионӣ, мустаҳкам намудани принсипҳо ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар конститутсияҳои миллӣ;
• экологисозии рушди конститутсионӣ, татбиқи принсипи дастрасӣ ба ёрии босифати тиббӣ;
• таҳким ва рушди ҳуқуқҳои рақамӣ, институтсионализатсияи ҷомеаи иттилоотӣ, танзими ҳуқуқии амнияти киберӣ;
• байналмилаликунонии рушди конститутсионӣ ва таҳкими таъсири меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.
Дар ҷаҳони муосир Конститутсия яке аз омилҳои асосии таъмини суботи сиёсӣ ва иҷтимоии давлат, инчунин рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсияҳои имрӯза танҳо ба ташкили муносибатҳои байни институтҳои ҳокимият ва танзими равандҳои расмӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо равандҳои инсонгароёнаро пушти сар карда, нақши марказии шахсону гурӯҳҳоро муайян намуда, маҷмӯи қонунҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои асосиро ҳамчун унсури муҳими Конститутсия дар бар мегиранд.
Муваффақияти ислоҳоти конститутсионӣ то андозае ба дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа вобаста аст.
Агар мо мазмуну моҳияти тағйироти охирини конститутсиониро дар Ӯзбекистон мухтасар таҳлил кунем, аввалин хусусияти он иштироки васеи мардум дар ин раванди ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Танҳо баъд аз муҳокимаи васеъ ва озоди ҷамъиятӣ, ки иштироки фаъолонаи ҷомеаро таъмин кард, ислоҳоти дахлдор ба Конститутсия таҳия гардид.
Хусусияти дуюм — муайян кардани мақоми ҳуқуқии конститутсионии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи инсон аст. Тибқи тавсияҳои Принсипҳои Париж, Эъломияи Вена ва Барномаи амал, дар Ӯзбекистон ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудаанд. Ӯзбекистон пас аз Мексика, Марокаш ва Миср чаҳорумин давлат дар ҷаҳон гардид, ки мақоми конститутсионии чунин ниҳодҳоро мустаҳкам намуд.
Хусусияти сеюм — таҳкими кафолатҳои ҳимояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Маълум аст, ки дар Эъломияи Вена оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи амал ба ҳар як давлат тавсия шудааст, ки нақшаҳои миллии амал оид ба ҳуқуқи инсонро қабул намоянд. Имрӯз дар 80 давлати ҷаҳон зиёда аз 150 нақша (стратегия)-и миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шудааст.
Дар Ӯзбекистон аз соли 2020 Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон амал мекунад. Дар ин стратегия вазифаҳо ба монанди ҷорӣ намудани институти шикояти конститутсионӣ ва тавсеаи доираи субъектҳое, ки ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсиониро доранд, дарбар гирифта шудааст.
Дар айни замон стратегияи нави то соли 2030 пешбинишуда таҳия карда мешавад. Дар он бо дарназардошти меъёрҳои Конститутсияи таҳрири нав ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ самти афзалиятнок хоҳад буд. Хусусияти чоруми он – ба ташаккули маданияти конститутсионии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Дар ин маврид бояд махсус таъкид кард, ки дар доираи Барномаи ҷаҳонии СММ оид ба таҳсил дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳо оид ба омӯзонидани ҳуқуқҳои инсон амалӣ мешаванд.
Дар суханони Президенти мо Шавкат Мирзиёев, ки гуфтаанд: “Конститутсияи таҳрири нав ба мо роҳҳоро барои бунёди давлати ҳуқуқӣ ва одилона, ки бар принсипҳои ҳуқуқи инсон, демократия, озодӣ, барқарорӣ, баробарӣ ва тараққият асос ёфтааст, васеъ кушод”, ҳақиқатҳо ва мафҳумҳои хеле бузург таҷассум ёфтаанд. Зеро дар Конститутсияи мо мафкураи ҳуқуқии рушди давлат ва ҷомеа, арзишҳо ва принсипҳои конститутсионии такягоҳи халқи мо дар роҳи бунёди Ӯзбекистон навин сахт муқаррар шудаанд, ки ин далели равшани ин гуфтаҳост.
Дар матни таҳрири кӯҳна чунин механизмҳо оид ба татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия вуҷуд надоштанд. Агар моддаҳои 15 ва 16-и боби “Конститутсия ва қонун устувор аст” дар Қонуни Асосии мо бо меъёрҳои матни нав ва кӯҳна муқоиса карда шаванд, дуруст будани ин андешаҳои мо бори дигар тасдиқ меёбад.
Тибқи моддаи 15-и Конститутсия дар таҳрири нав: “Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бечунучаро устувории Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф карда мешаванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тамоми ҳудуди кишвар қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, бевосита амал мекунад ва пояи ягонаи фазои ҳуқуқиро ташкил медиҳад”.
Дар конгресси шашуми Конференсияи ҷаҳонии судҳои конститутсионӣ, ки моҳи октябри соли 2025 дар Мадрид баргузор шуд, бефоида набуд, ки иштирокчиён ба ташаккули фарҳанги конститутсионалӣ даъват карданд ва он иҷрои виҷдонии қарори суд ва таъмини интиқоди созандаи судро имконпазир мегардонад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2025 сисолагии худро ҷашн мегирад. Қайд кардан лозим аст, ки ҳанӯз соли 1990, яъне 35 сол пеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонуни аввал оид ба назорати конститутсионӣ қабул гардида, Кумитаи назорати конститутсионӣ таъсис ёфта буд.
Суди конститутсионӣ дар ҷараёни фаъолияти худ амалиёти адолати конститутсиониро шакл дод. Ҳамзамон, ин амалия пайваста рушд меёбад. Ин бошад далели он аст, ки низоми ҳуқуқӣ як ҷо намеистад, балки ҳамқадам бо дигар равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва институтҳо мунтазам тараққӣ мекунад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи тағйиротҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионӣ, принсипи анҷом додан асоси муносибати қабул намудани шикоят барои баррасии мурофиавӣ муайян карда шуд.
Мувофиқи он, барои қабули шикоят ба истеҳсолот, аризадиҳанда бояд ҳамаи воситаҳои дохилии давлатӣ оид ба ҳимояи судиро ба анҷом расонад. Дар назари аввал чунин қароре, ки муаммовӣ менамояд ва метавонад ба дастёбӣ ба адолати судии конститутсионӣ маҳдудият эҷод кунад, дар асл: аввалан, ба баланд бардоштани сифати фаъолияти органи назорати конститутсионӣ; сониян, ба таъмин намудани кори ҳамоҳанги тамоми низоми судӣ; ва сеюм, ба бартараф намудани ҳолатҳои такроршавии вазифаҳои судҳо равона шудааст.
Ҳамчунин, бояд алоҳида таъкид кард, ки соли 2024 Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон масъалаи пешниҳоди шарҳ ба моддаи 86-и Қонуни конститутсионии «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро ба Суди конститутсионӣ ворид намуд. Тибқи тавзеҳи Суди конститутсионӣ, рӯзи анҷоми баррасии парванда дар суд — ин санаи ҳуҷҷати охирини судӣ мебошад, ки мувофиқи натиҷаҳои баррасии парванда қабул шудааст.
Боз як ҷиҳати муҳими мақоми ҳуқуқии Суди конститутсионӣ — ин васеъ гардидани доираи ваколатҳои он мебошад. Пеш аз ҳама, суд ҳуқуқ пайдо кард, ки оид ба мутобиқати масъалаҳое, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба раъйпурсӣ гузошта мешаванд, ба Конститутсия хулоса пешниҳод кунад. Ин ҳуқуқ дар ҷараёни ислоҳоти конститутсионии соли 2023 муваффақона татбиқ гардид.
Суди конститутсионӣ дар раванди татбиқ ва тафсири Конститутсия на танҳо «ҳарф»-и онро, яъне шакл ва матнашро, балки «руҳ»-и онро, яъне мазмуну мундариҷаи аслияшро низ ба назар гирифта, муайян мекунад, ки то чӣ андоза он ба ҳар як марҳалаи нави тараққиёт мутобиқ мебошад ва қоидаҳои муайяни онро ба муносибатҳои тағйирёбандаи ҷамъият мутобиқ месозад.
Ба ин маънӣ, марҳалаи сисолаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — барои ҷамъбасти миёна дар рушди адолати судии конститутсионии Ӯзбекистони Нав нуқтаи муҳиме мебошад. Дар айни ҳол, ҳангоме ки содиқ будан ба тамоюлҳои асосии ҳуқуқии дар Конститутсия муқарраршуда равшан намоён мегардад, Суди конститутсионӣ ба кори таъсис ва таҳкими пойдевори ҳуқуқии тараққиёти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузорад.
Конститутсия — ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳамеша дар ҳаракат аст. Яъне, он ҷӯшиши ҳаёт ва тағйиротро равшан инъикос мекунад. Имрӯз ташаккули ватандории конститутсионӣ вазифаи авлавиятнок мебошад. Мазмуну мундариҷаи аслии мафҳуми ватандории конститутсионӣ дар он аст, ки шаҳрвандон на танҳо Ватан ва халқашон, таърих, фарҳанг, арзишҳои абадӣ ва анъанаҳои ҳуқуқии онро дӯст доранд ва эҳтиром кунанд. Балки онҳо тавассути иҷрои содиқона ва бо масъулияти баландии уҳдадориҳои конститутсионии худ, саъй менамоянд, ки ба кори бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, ки дар Конститутсия қайд шудааст, ҳиссаи муносиб гузоранд.
Акмал САИДОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, академик
