Ovozi.uz

Назорати парламентии иҷрои қарорҳо

Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи дуюми декабри соли равон сессияи бисту дуюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Шӯҳрат Негматов сарварӣ кард.

Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд.

Бар асоси рӯзномаи сессия намояндагони халқ масъалаи роҳандозии назорати парламентии Шӯрои намояндагони халқи вилоятро роҷеъ ба иҷрои вазифаҳои соли 2026 дар самти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят баррасӣ карданд, ки дар рафти ташрифи Президент ба Самарқанд муайян гардида буданд.

Қайд гардид, ки дар вилоят имкониятҳои нав барои рушди босуръати саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва соҳаи хизматрасонӣ, беҳдошти инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани манбаъҳои даромад, ки ҳоло онҳо истифода бурда нашудаанд, кам нестанд.
Аз супоришҳои Сарвари давлат хулоса бароварда, дар навбати аввал дар муддати 15 рӯз таҳия намудани «Харитаи роҳ» зарур аст. Сипас, иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои супурда ва нишондиҳандаҳои онро бояд амалӣ кард. Аз ҷумла, ба комиссияҳои доимии Шӯрои вилоят тавсия дода шуд, ки дар ҳар се моҳ ҳисоботҳои ҷонишинони ҳокими вилоят, роҳбарони идора ва садоратҳои вилоятӣ, инчунин ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳоро роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои дар «Харитаи роҳ» муайянгардида шунаванд.

Ҷонишини ҳокими вилоят (Ҳ.Тӯхтаев) ва Садорати корҳо доир ба ҷавонони вилоят (Д.Азизова) бояд дар муддати 10 рӯз роҷеъ ба корҳое, ки дар сохтори ҷавонон иҷро карда мешаванд, барои дар соли 2026 амалӣ намудани таҷрибаи вилояти Самарқанд дар ин самт «Харитаи роҳ»-и манзилнокро таҳия намоянд.

Сипас дар сессия сардори Садорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли вилоят Темур Маҳмудов роҷеъ ба иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17‑уми январи соли 2025 «Дар бораи Барномаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва расондани кӯмак ба шуғли аҳолӣ дар соли 2025» таҳти рақами ҚП‑12 дар вилоят ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки имрӯз ҳолати бозори меҳнат дар мо чунин аст: шумораи аҳолии вилоят — 4 328,7 ҳазор, аз он ресурсҳои меҳнатӣ — 2232,7 ҳазор, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъол — 1662,1 ҳазор ва ғайрифаъол 570,7 ҳазор нафар.

1581,4 ҳазор нафар шуғл доранд, аз онҳо дар сектори расмӣ 756,3 ҳазор, ғайрирасмӣ 579,1 ҳазор ва 246,1 ҳазор нафар дар хориҷа кор мекунанд. Шумораи бекорон 80,6 ҳазор нафар буда, дараҷаи бекорӣ 4,8 дарсад аст.

Дар 13357 муассисаи вилоят 36033 ҷои кории вакант (аз ҷумла, 5311 — дар ташкилотҳои давлатӣ, 30722 — дар сохтори хусусӣ) мавҷуд аст. Аз онҳо 10991 кори вакант — маълумоти олӣ, 22308 — миёнаи махсус талаб мекунанд. Барои 2734 ҷои кории вакант маълумот талаб карда намешавад.
— Мо ба нақша гирифтаем, ки дар соли 2026 беш аз 111 ҳазор одамро бо шуғл ва кори доимӣ таъмин кунем, — гуфт Т.Маҳмудов. — Ин ҷойҳои корӣ аз ҳисоби роҳандозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, васеъ кардани соҳаи хизматрасонӣ ва сервис, рушди кишоварзӣ ва соҳаи бинокорӣ ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин дар ҳамкорӣ бо идораҳои андоз фаъолияти беш аз 65 ҳазор шаҳрвандро, ки дар сектори ғайрирасмӣ фаъолият доранд, шаффоф мекунем. Ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҳисоби пешниҳоди кредитҳои бонкҳои тиҷоратӣ барои шуғл бо соҳибкорӣ даромади беш аз 390 ҳазор одам баланд бардошта шавад.

Инчунин, 10,2 ҳазор нафар шахсони бекор дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ бар асоси ваучер ва роҳхатҳо аз рӯи касбҳо ва таҷрибаи соҳибкорӣ таълим мегиранд.

— Воситаи аз ҳама самараноки мубориза бар зидди камбизоатӣ — таъмини шуғли аҳолӣ, — қайд кард аъзои Сенати Олий Маҷлис Р.Холмуродов. — Саволе ба миён меояд: Оё рақамҳои дар ҳисобот оварда ба ҳаёти реалӣ мутобиқ мебошанд? Аз рӯи таҷрибаи ман, ҳар сол ҳазорҳо донишҷӯён донишгоҳро хатм мекунанд, вале маълумотҳо роҷеъ ба таъмини онҳо бо кор, ки дар мо ҳаст, бо нишондиҳандаҳои дар садорати андоз мавҷуд буда, тамоман рост намеоянд. Хулоса, ҳолатҳои додани маош бо усули «лифофа-­конверт» бо мақсади надодани андоз то ҳол мавҷуд аст. Ҳамкории самаранок байни хизмати шуғл, идораҳои андоз, муассисаҳои таълимӣ ва дигари кордиҳанда роҳандозӣ нашудааст, ба идораи захираҳои меҳнатӣ муносибати илмӣ надорем.

Дар сессия бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба воситаи маҷмӯи автоматии ахбори «Эътироф»-и Агентии кадастр омадааст, мувофиқи тартиби дар доираи Қонун «Дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, ки худсарона азхуд кардаанд ва бинову иншоотҳои дар он бунёдгардида» муайяншуда, ҳуқуқи мулки беш аз 100 нафар шаҳрвандон ба қитъаҳои замин, ки онҳо худсарона азхуд намудаанд ва бинову иншоотҳои дар онҳо қад рост карда тасдиқ гардиданд.

Инчунин, дар сессия як қатор масъалаҳо, аз ҷумла консепсияи аз ҳисоби маблағи институтҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намудани лоиҳаи реконструксияи 0–37 километр қисми роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ доштаи А377 «Самарқанд — Айнӣ», истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ, иваз намудани номи пункти аҳолинишини ноҳияи Иштихон ва ғайра, ки ба салоҳияти Шӯрои вилоят дахл доранд, баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.