Ovozi.uz

Дар баррасии муроҷиатҳо масъулияти «Ҳафтгонаи маҳалла» зиёд карда мешавад

Дар Қабулхонаи виртуалии Президент барои ҳар як маҳалла як утоқи алоҳида кушода мешавад. Роҳбари ҷавонон ва раиси маҳалла барои идоракунии он масъул хоҳанд буд. Онҳо сабабҳои муроҷиатҳои воридшударо меомӯзанд ва ба ҳокимон ҳар рӯз маълумот медиҳанд.

Ба мутасаддиён вазифа дода шуд, ки системаи «Маҳаллаи рақамӣ»-ро ба Қабулгоҳи виртуалии Президент пурра интегратсия намоянд.

Муайян гардид, ки минбаъд, нисбати роҳбарони ташкилотҳое, ки муроҷиатҳоро беасос барои баррасӣ ба сохторҳои поён мефиристанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Ҷазо барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳо низ зиёд карда мешавад.