Соҳибкор Ихтиёр Тӯрақӯлов соли 2023 дар 8 хол замин ба маблағи 180 миллион сӯм дар асоси технологияҳои водӣ гармхонаи замонавӣ бунёд намуд.
Кӯчатҳо ҳам аз водӣ оварда шуда, 80 бех кӯчатҳои лимон ва апелсин, 3 ҳазор бех кӯчати навъи «Солҳянг»-и тӯти заминӣ аз он ҷумлаанд.
— Ҳоло айёми ҳосилдиҳии қулфинайҳо мебошад, — гуфт И.Тӯрақулов. — Баъзе рӯзҳо шуд, ки як килограмм қулфинайро ба 200 ҳазор сӯм ҳам фурӯхтем. Имсол ҳам ният дорем, меваҳои гуногуни зебо ва ширини худро ба дастархони мардум пешкаш намоем. Дар кори гармхона аъзоёни оилаам, хусусан ҳамсарам ба ман ёрии зиёд мерасонад. Бо парвариши меваҳо дар гармхона зиндагиамонро пеш мебарем ва он рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ
