Дар Округи марказии ҳарбӣ хидматчиёни ҳарбии муддатноки қисмҳои ҳарбии гарнизони Самарқанд, ки вазифаи ҷавонмардии худро адо мекунанд, савганд ёд карданд.
Дар тадбири мутантан кумондони қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ, намояндагони ҳокимияти вилоят, собиқадорон, вакилони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ ва падару модарони аскарҳо иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ ба сухан баромадагон дар бораи шароитҳое, ки дар кишварамон барои хидматчиёни ҳарбӣ фароҳам гардидаанд, ислоҳоти соҳа ҳарф зад, аскарҳоро бо қадамҳои аввалин дар роҳи касби пуршарафи ҳифзи Ватан табрик гуфтанд ва дар хидматҳои минбаъдаашон барору комёбиҳо хостанд.
Ба хидматчиёни ҳарбӣ китобҳои “Тузукоти Темур”, “Таърихи Ӯзбекистон” тақдим гардид.
Инчунин, ба падару модарони аскарҳое, ки дар фурсати кӯтоҳ бо омодагии хуби ҷисмонӣ ва маънавии худ намунаи ибрат шудаанд, ташаккурномаи кумондонии қӯшунҳои округи ҳарбӣ супорида шуд.
Барномаи консертии дастаи оркестри ҳарбӣ, сарояндагони хушовоз, намоишҳои эҷодкорони Театри драмаи вилоят, баромадҳои низомии хидматчиёни ҳарбӣ ва қаровули фахрӣ табъи иштирокдоронро болида сохт.
Аскарон савганд ёд карданд
