Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати CAFA-2024 оид ба футбол байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба анҷом расид.
Дар мусобиқа 5 дастаи занонаи минтақа иштирок намуданд. Медалҳои тиллоро футболбозони эронӣ, ки бо се пирӯзӣ ва як мусовӣ 10 имтиёз ба даст оварданд, соҳиб шуданд. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Ӯзбекистон шуд (9 имтиёз). Барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2024 дастаи мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардид.
Дастаи занонаи Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб намуд. Дастаи мунтахаби Туркманистон бе хол дар зинаи охирин қарор гирифт.
Пас аз ҷамъбасти мусобиқот дастаи занонаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи махсус шуд ва дастаи Туркманистон ҷоизаи «Fair Play»-ро гирифт. Нишонзани беҳтарини мусобиқот бозигари тими миллии Ӯзбекистон Шаҳноза Деканбоева шуд, ки муаллифи 8 гол гардид.
Муфидтарин бозигари чемпионати CAFA-2024 Сумая Исмоилӣ аз тими миллии занонаи Эрон эътироф шуд.
