CentralAsia (TM). Ҳукумати Туркманистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, тартиби бекоршавии ақди никоҳро мушкил гардонд. Масалан, акнун ин гуна парвандаҳо дар додгоҳ танҳо дар ҳузури ҳар ду ҳамсар баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, имкони бекор кардани ақди никоҳ бо шахси ғоиб, ҳатто, агар бедарак гум шуда бошад, ғайриимкон аст.
Мир24. «Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти овозҳои ҳайати пурраи Анҷумани халқии Беларус (АХБ) Президент Александр Григоревич Лукашенко раиси Анҷумани халқии Беларус даъвати ҳафтум интихоб шуд, – гуфт раиси комиссияи ҳисоботии АХБ Инна Медведева.
INTERFAX.RU. Тибқи натоиҷи назарсанҷии Morning Consult, ки бо супориши Bloomberg News гузаронда шуд, тақрибан, нисфи калонсолони амрикоӣ аз иёлатҳои «калаванда» аз номзадии Доналд Трамп ба курсии президентии ИМА ҷонибдорӣ мекунанд ва 43 дарсад Ҷо Байденро дастгирӣ менамоянд.
Lenta.ru. Сайёрашиносони Донишкадаи технологии Калифорния ва дигар муассисаҳои илмии ИМА далелҳои нави эҳтимолиро дар бораи мавҷудияти сайёраи нуҳум дар системаи офтобӣ, ки бо номи сайёраи X низ маъруф аст, дарёфт карданд.
