Ovozi.uz

Имсол ҷиноят дар маҳаллаҳо 14,5 дарсад кам шудааст

Дар хонаи матбуоти вилоят бахшида ба корҳое, ки аз ҷониби Прокуратураи вилояти Самарқанд оид ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам баланд бардоштани самаранокии сохтори ташкили муҳити зисти бехатар ва пешгирии бармаҳали ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025» ва корҳо роҷеъ ба иҷрои супоришҳои роҳбари давлатамон, ки 5‑уми марти соли равон дар ҷамъомади шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсия муайян шуданд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Мувофиқи маълумоти ҷонишини аввали прокурори вилоят Сарвар Бозоров, мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷиноӣ тадбирҳои мунтазами назоратӣ мегузаронанд. Дар чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилоят 3253 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 146 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҷиноятҳо 751 (23 дарсад) ошкоршаванда, 1193 (37 дарсад) пешгиришаванда ва 1309 (40 дарсад) ҷиноятҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошанд.

— Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҷиноятҳои вазнине, ки онҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст, ба 4,9 дарсад, бадном кардан ба 23 дарсад, ғортагарӣ ба 100 дарсад ва дуздии мошин ба 25 дарсад кам шудааст, — гуфт С.Бозоров. — Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 90 ҷиноят пешгирӣ карда шуд. Аз 1126 маҳаллаи минтақа 697‑тоаш ба тоифаи «сабз», 334‑тоаш ба «зард» ва 95‑тоаш ба «сурх» тасниф шуда, маҳаллаҳое, ки дар онҳо ҷиноятҳо рух додаанд, 429‑торо ташкил медиҳанд. Ҷиноятҳое, ки дар маҳаллаҳо содир карда шудаанд, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 14,5 дарсад кам шудааст. Илова бар ин, 46 нафар корманди корҳои дохилӣ, 14 нафар раиси маҳалла, 17 нафар ёвари ҳоким, 6 нафар сарвари ҷавонон ва 7 нафар фаъоли зан-духтаронро, ки барои пешгирии ҷиноятҳои содиршуда дар маҳалла масъуланд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 3 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи прокуратураи вилоят дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ тафтиши 28 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 48 нафарро анҷом дода, парвандаҳои ҷиноиро ба муҳокима ирсол кардааст. Пурра рӯёндани 13 миллиард сӯм зарари ба давлат расонидашуда, ки дар рафти тафтиш муайян карда шудааст, таъмин гардидааст.

144 парвандаи коррупсионӣ тафтиш ва 210 нафар шахс ба ҷавобгарии гуногун кашида шудааст. Дар ин шумор 55 нафар кормандони соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ, 27 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 17 нафар кормандони сохтори бонкӣ, 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 8 нафар кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ буданд. Ҳамчунин 23 нафар ёвари ҳокими вилоят, 5 нафар адвокат ва 7 нафар корманди андоз ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ дар бораи корҳое, ки аз ҷониби прокуратураи вилоят дар асоси «Харитаи роҳ» дар ҳамкорӣ бо Шӯрои мубориза бо коррупсияи вилоят ва ҳокимияти вилоят таҳия гардида, дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ тавассути рақамикунонии соҳаҳо, корҳои профилактикӣ ва ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.

Ҳасан СОДИҚОВ