Викром Мисрӣ ва Исҳоқ Дор, вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустону Покистон ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Ба гуфтаи Викром Мисрӣ, Ҳиндустону Покистон соати 17:00 ба вақти Ҳиндустон тамоми амалиёти низомӣ дар замин, ҳаво ва дарёро бозмедоранд.
Дар мавриди оташбас миёни ду ҳамсоякишвар аввалин шуда Доналд Трамп, президенти Амрико хабар дод. Ӯ гуфт, ки “пас аз як шаби тӯлонии музокираҳо бо миёнаравии Амрико хушҳолам эълон кунам, ки Ҳиндустону Покистон бар сари оташбаси комил ва фаврӣ созиш кардаанд”.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Покистон, барои созиш ба ин оташбас Арабистони Саудӣ ва Туркия ҳам нақши муҳиме доштаанд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, қарор аст, ки Деҳлӣ ва Исломобод дар мавриди маҷмӯае аз масъалаҳо дар як макони бетараф музокираро оғоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо хабар додаанд, ки роҳбарони Ҳиндустону Покистон ба зудӣ дар бораи оташбас гуфтугӯ мекунанд.
Пас аз эълони хабари созиш бар сари оташбас Покистон эълон кард, ки ҳарими ҳавоияшро барои ҳамаи парвозҳо боз кардааст.
