28‑уми апрели соли равон Президент ба фармон «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани соҳаи омодасозии кадрҳои педагогӣ» имзо гузошт.
Мувофиқи фармон, бар асоси Донишгоҳи давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомӣ Донишгоҳи педагогикаи миллии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ ташкил мегардад. Донишгоҳ барои дар ҷумҳурӣ тайёр намудани кадрҳои педагогӣ ба муассисаи таълими олии пешқадам муқаррар гардид.
Дар соли таҳсили 2025–2026 соҳаи идораи донишгоҳ дар асоси таҷрибаи донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» батамом такмил дода мешавад.
14 факултети мавҷудбудаи донишгоҳро маъқул дониста, 6‑то мактаби олии таълимӣ ташкил мекунанд. Фаъолияти академӣ ба воситаи сохтори идораи рақамикунонӣ (Learning mаnаgement system), инчунин, «Идораи ҷараёни таълими олӣ» (Hemis) сохтори ахборӣ интегратсиявӣ ба роҳ монда мешавад. Дар самти таълими бакалавриати донишгоҳ дастурҳои таълими байналхалқиро аз бахши аввал зина ба зина ҷорӣ карда мешавад.
Аз соли таҳсили 2025–2026 барои тайёр намудани кадрҳои педагогӣ фақат шӯъбаҳои рӯзона ва шабона ташкил карда, қабул ба таълими ғоибона боздошта мешавад. Дар самти таълими педагогии олӣ, фаъолияти соҳаи хизматрасонии таълими ғайридавлатӣ дар асоси хулосаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади боз ҳам такмил додани сохтори таълиму тарбия ба бачаҳои эҳтиёҷманд «Gospital pedagogica», оиди ихтисоси магистратура тайёрнамоии мутахассисон роҳандозӣ мешавд.
Аз 1‑уми сентябри соли 2026 дар техникумҳои педагогӣ дар ҷараёни таълим дастурҳои таълими байналмилалиро зина ба зина ҷорӣ мекунанд.
