Ovozi.uz

Рамзи садоқат ва боварӣ

ё ки аз таърихи як хонадон

Қисмат онҳоро дар Самарқанд рӯ ба рӯ кард. Вале пеш аз он аз санҷишҳои бузург гузаронд.

Даврон Алимардонов соли 1923 дар ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Дар синни 10‑солагӣ ӯ аз модар ҷудо шуд. Бинобар ин, вай дар хоҷагии ҷамоатӣ ба падараш ёрӣ медод, аз хоҳар ва додаракони хурдаш бохабар мешуд.

Ӯро соли 1941 ба ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сафарбар карданд. Вай дар ҷангҳои зидди фашистони немис дар назди Ленинград, озод кардани шаҳрҳои Павловск ва Луга иштирок намуд. Бо қисми ҳарбие, ки дар он хизмат мекард, дар маҳви мудофиаи душман дар гарданаи Карелск, ҷангҳои хунин барои озод кардани Виборг, Нейссе ва Таллин ширкат варзид.

Барои ҷасорат ва мардонагӣ, намоён кардани маҳорати баланди ҳарбӣ, ки ӯ дар ҷангҳои зидди истилогарони фашист нишон дод, унвони дивизияи Павловии орденҳои Байрақи Сурх ва Суворовдорро гирифт.

Алимардонов моҳи ноябри соли 1943 дар рафти ҷангҳои шадид ҷароҳати вазнин гирифт. Пас аз табобат вай боз ба саф баргашт. Тирандози полки парашют — десантии 331‑ум буд, сипас ҳамчун ронанда — инструктори мошинҳои ҳарбии чархдор, командири взводи полки 11‑уми автомобилии таълимӣ хизмат кард. Ғалабаро дар шаҳри Вена бо унвони сержанти калони гвардия пешвоз гирифт.

Вай ба Самарқанди азизаш баробари ба охир расидани ҷанг барнагашт, дар қисми ҳарбии рақами 37230 ба хизмати зиёда аз мӯҳлат монд.

Барои иштирок дар муҳорибаҳои ҳарбӣ Д. Алимардоновро бо ордени «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои гирифтани Прага», «Барои мудофиаи Ленинград» ва «Барои Ғалаба бар Германия» мукофотониданд.

Дар солҳои пас аз набардҳо ҳаёти собиқадори ҷанг бо автомобил вобаста буд. Аввал чун ронанда фаъолият пеш бурд, сипас дар вазифаҳои механик ва инструктор кор кард.

Даврон Алимардонов дар зодгоҳаш — Самарқанд кор карда, духтареро вохӯрд, ки вай сипас то охири умр ҳамсари вафодораш шуд. Вай — духтари оддӣ, аз хонадони серфарзанди Урал Зоя Лаптева буд.

Зоя Лаптева соли 1940 дар деҳаи Соколовка мактабро хатм намуда, дар вилояти Челябинск дипломи корманди педагогиро гирифт ва ба Ӯзбекистон, яъне Самарқанд омад. Дар ин ҷо хоҳари калонии ӯ, ки шавҳарашро то оғози ҷанг ба ин ҷо барои хизмат фиристода буданд, зиндагӣ мекард. Баъди ба Самарқанд омадан, Зоя ба факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд.

Пас аз як сол аз сабаби норасоии омӯзгорон, ки ба ҷабҳаи муҳориба бар зидди фашизм фиристода буданд, фаъолияти худро дар мактаб оғоз намуд. Ҳангоми таҳсил дар курси III Зоя ба Омӯзишгоҳи ҳарбии тиббии Харков, ки ба шаҳри Ашхобод кӯчонда буданд, дохил шуд. Онро бо баҳоҳои аъло хатм намуда, барои хизмат ба қисмҳои санитарии тиббӣ ва госпиталҳои сайёр фиристода шуд. Вай дар қисмҳои ҳарбии гуногун хизмат карда, ҳаёти аскаронро ҳифз мекард. Дар соли 1945 вайро сардори хизмати санитарии ҷабҳаи 3‑юми Украина таъин карданд.

Пас аз анҷоми ҷанг Лаптева хизматро дар вазифаи фелдшери госпиталҳои сайёр идома дод. Дар соли 1951 бо унвони лейтенанти калони хизмати тиббӣ ба истеъфо баромад. Зоя Лаптева бо медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия», «Барои меҳнати фидокорона дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мукофотонида шудааст.

Зоя ба Самарқанд назди хоҳараш омада, бо Даврон Алимардонов шинос шуд. Дар солҳои пас аз ҷанг вай дар соҳаи тиб: госпитали ҷароҳатҳои сабук, беморхонаи вилоятии сил, институти вараҷаи тропикӣ (дар кӯчаи ба номи Исаев), стансияи санитарӣ-эпидемиологии вилоят дар вазифаи паразитолог фаъолият пеш бурд.

Барои фидокорӣ ва меҳнатқаринӣ ба Зоя Лаптева якчанд бор ташаккурнома эълон карда, бо медалҳои 20‑солагӣ ва 30‑солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, «Барои меҳнати фидокорона», «Собиқадори меҳнат», «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» мукофотонидаанд.

Дар маҳаллаи «Мирзо Улуғбек»-и шаҳри Самарқанд хотираи неки иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Даврон Алимардонов ва Зоя Лаптеваро ҳамон пос медоранд.

Қисмати онҳо — таърихи зинда, рамзи садоқат ва меҳр ба оянда аст.

Баъди гузаштани солҳо ҳамсари ӯ бемор шуд — ҷароҳатҳои ҷанг асорати худро нишон медоданд. Алимардонов соли 1984 вафот кард, Зоя Лаптева соли 2006 аз олам чашм пӯшид.

Вазифаи имрӯзаи мо ба қадри сулҳу тинҷӣ расида, арзиши бузурги онро ҳифз карда, ба насли нав расонидан аст.

Раҳимҷон ЮСУФОВ,
номзади фанҳои таърих, дотсенти ДДС,

Ирина АЛИМАРДОНОВА,
духтари иштирокчиёни ҷанг.