Олимон навъи нави батареяро кашф карданд, ки 10 маротиба тезтар барқ мегирад. Ин технология метавонад мушкилоти асосии батареяҳои литий-иониро, ки имрӯз дар ҳама дастгоҳҳои сайёр истифода мешаванд, бартараф кунад.
Тавре маълум аст, батареяҳои литий-ионӣ дар солҳои охир дар смартфонҳо, планшетҳо, ноутбукҳо, гӯшмонакҳо ва бисёр дастгоҳҳои дигар васеъ истифода мешаванд, ки ҳаёти инсонро хеле осон мекунанд. Аммо ин батареяҳо камбудиҳои худро низ доранд: онҳо бо мурури замон зуд аз кор мебароянд ва дар сурати нодуруст истеҳсол шудан, дар онҳо хатари таркиш ва сӯхтор хеле зиёд мешавад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки батареяҳои литий-ион барои пур кардани барқ вақти зиёдро талаб мекунанд.
Гуфта мешавад, ки пажӯҳишгарони Донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия навъи нави батареяро озмоиш кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин батареяҳо назар ба батареяҳои литий-ионӣ 10 маротиба тезтар барқ мегиранд.
«Батареяеро, ки мо таҳия кардем, дар тӯли сонияҳо метавон пур кард, ки ин назар ба батареяҳои анъанавии литий-ионӣ тақрибан 10 маротиба тезтар аст. Ин аллакай тавассути таҷрибаҳо собит шудааст», — мегӯяд электрохимик Олег Левин.
Ҳамин тариқ, агар олимон технологияи навро пурра такмил диҳанд, имкон пайдо мешавад, ки дастгоҳҳои сайёрро дар сонияҳо бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза пур кунанд.
