Ovozi.uz

Бо шумо будан душвор

Солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” таъсис ёфт. Мехостам дар ин рӯзнома ҳамчун рӯзноманигор кор кунам…

Хушбахтона дертар, аниқтараш баъди 10 сол, ки камина «хонанишин» будам, ғайричашмдошт сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома Ғафурҷон Маҳмудов (ҷояш ҷаннат бод!) бо таклифи кор дар таҳририят омад.

— Зодаҷон, (вай ҳамеша бо чунин навозиш ба ман муроҷиат мекард) ба қаламу истеъдоди шумо гап нест. Хабардор ҳастам, мақолаҳои гуногунмавзӯи шумо байни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Биёед, якҷоя кор мекунем, акнун «хонанишинӣ» бас. Албатта, аз ин таклиф хушҳол шудам.

Бо салоҳдиди муҳаррир мудири шӯъбаи фарҳанг ва варзиш таъин гардидам. Дар рафти кору фаъолият аз воқеаву ҳодисаҳое, ки дар назарам беэътибориву беадолатӣ менамуд, ба ғазабу шӯриш меомадам… Аз ин рафтору гуфторам сармуҳаррир ба танг омада, «Оҳ, Зодаҷон, бо ту буданам ҳам душвор, бе ту буданам ҳам душвор…» мегуфт.

Зоҳир Ҳасанзода

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»