Ovozi.uz

Соле бо рӯйдодҳои сарнавиштсоз

Солномаи рӯзнома

Солҳост, ки рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» чун минбари дӯстӣ дар мустаҳкам намудани робитаҳои халқҳо, ривоҷу равнақи фарҳанг ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми Самарқанд, воқиф кардани онҳо аз тағйироту дигаргуниҳои мамлакату вилоятамон камарбаста аст.

Дар саҳифаҳои рӯзнома…

Кормандони рӯзнома дар соли равон кӯшиш карданд, ки саҳифаҳои рӯзномаро ҷолибтар ба мутолиа пешниҳод намоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои рӯзнома қариб 800 мақолаи сиёсӣ, таҳлилӣ, танқидӣ ва адабӣ, ки набзи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро инъикос менамоянд, интишор гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, тарғиби он, саривақт ба мардум расонидани корҳои таърихие, ки дар вилоят амалӣ мегарданд, инъикоси қарор ва фармонҳои муҳиме, ки барои ояндаи дурахшони Ватан ва беҳбудии рӯзгори мардум иҷро мешаванд, ошкоро ва холисона баён намудани нуқсонҳои ҷомеа як қатор лоиҳаҳои махсус ва корҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, таҳти рукнҳои «Шарҳи қарор», «Муносибат», «Ифтихор», «Шукрона», «Дар арзҳои дӯстӣ» ва ғайра мақолаҳои гуногун дар бораи ташаббус ва пешниҳодҳои мардум, маводҳои тарғибкунандаи ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва фарохдилӣ рӯйи чопро диданд.

Ғайр аз ин, «Макони сабз», «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт», «Омӯзгор», «Доно ва хоно», «Мадади Сино», «Гулбоғи адаб», «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав» барин саҳифаҳои махсуси рӯзнома мунтазам нашр шуданд.

Аз китобхонаи «Овози Самарқанд»…

Рӯзнома имсол низ анъанаи интишори китобҳоро идома дода, маҷмӯаи ҳикояҳои адиб ва рӯзноманигор Тошқул Азимзодаро дар ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо номи «Ҳикмати дидор/Дийдор ҳикмати» нашр кард.

Китоб маҷмӯи ҳикояҳои «Дили бино», «Хатои нисбӣ», «Бубахшед, муаллима», «Аз раъйат баргард, духтарам», «Ҳикмати дидор», «Эътиқод» ва ҳаҷвияҳои «Оина», «Армон», «Ҳазми таом», «Тадқиқот», «Ғалатӣ»-ро дар бар мегирад.

Чи гунае, ки рӯзнома дар 30‑солагии худ китоби пурмӯҳтавои «Овози Самарқанд»: дирӯз ва имрӯз»-ро интишор намуда буд, дар 35‑солагӣ ҳам китоби дигар — «Овози Самарқанд»: аз дидаҳо, шунидаҳо»-ро чоп кард. Дар ин китоб воқеаву ҳодисаҳои хотирмон ва ибратангезе, ки ба таҳририяти рӯзнома бевосита вобастагӣ доранд, ҷамъ оварда шудаанд. Онҳо ба қалами аҳли эҷоди Самарқанд, кормандони таҳририят ва муштариёни рӯзнома тааллуқ дошта, дар бораи гузаштаву имрӯзи «Овози Самарқанд» нақл мекунанд. Ҳангоми хондани ин китоб хонанда дар баробари дарк намудани меҳнату машаққати рӯзноманигорӣ, барои худ хулосаҳои ҳаётӣ низ мебарорад.

Чорабинӣ ва вохӯриҳо

Имсол низ бо ибтикори рӯзнома якчанд чорабинӣ ва вохӯриҳои илмӣ-адабӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар Маркази ахбор-­китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилояти Самарқанд тақдимоти маҷмӯаи ашъори «Дилрӯшноӣ»-и Фозил Шукурӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ, ки бо номи «Ишқи Ватан ганҷ аст» доир гашт, аҳли илму адаби Самарқанд, аз ҷумла сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тош­пӯлат Тугалов, сарвари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, шоиру нависандагон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд иштирок карданд.

Ғайр аз ин, дар ахбор-­китобхонаи мазкур бо ҳамкории шуъбаи маданият ва маърифати шаҳри Самарқанд бахшида ба ёдбуди ҷадиди самарқандӣ, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва драматург Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода таҳти унвони «Ҷавонон! Умеди Ватан танҳо аз шумост!» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ дар бораи тарҷумаи ҳол, мероси адабиву фарҳангии Ҳоҷӣ Муин маълумот ва аз эҷодиёти адиб намунаҳо пешкаш гардиданд. «Овози Самарқанд» яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ буд.

Дар китобхонаи номбурда бо номи «Мероси ҷадидон — хазинаи маънавӣ» тақдимоти китоби «Ҷадидони Самарқанд»-и пажӯҳишгар Ҳамза Ҷӯра гузаронида шуд. Дар он низ аҳли илму адабӣ Самарқанд ва ихлосмандони каломи бадеъ ҳузур доштанд.

Шахсоне, ки дар чорабинӣ суханронӣ намуданд, дар бораи мазмуну мӯҳтавои китоб ва фаъолияти ҷадидон ҳарф заданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси рӯзномаи «Овози Самарқанд», шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ташкил гардид.

Ҳамчунин, бо ҳамкории бахши Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар вилояти Самарқанд бахшида ба мазмуну моҳияти таълимоти Имом Мотуридӣ ва аҳамияти он таҳти шиори «Мотуридия — муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат» чорабинии илмӣ-адабӣ гузаронида шуд.

Зими чорабинӣ таъкид гардид, ки нақши Имом Мотуридӣ дар олами дини ислом бузург аст ва таълимоти ӯ, ки ба муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат нигиронида шудааст, ҳанӯз аҳаммияти худро накостааст.

Дар охир, ба иштирокдорону меҳмонон тӯҳфаҳои рӯзномаи «Овози Самарқанд» супурда шуданд.

Тақдимоти китобҳои «Сабақҳои падарам» ва «Тарбияи чилсола»-и шоир, нависанда ва рӯзноманигор Баҳодури Убайдуллоҳ, ки дар мактаби таълими умумии рақами 62‑и шаҳри Самарқанд зери шиори «Номи дуюми бахт — шукрона» гузаронида шуд, низ аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки бо ибтикори рӯзнома ба вуқуъ пайваст. Дар чорабинии мазкур устодон ва хонандагони мактаб, инчунин, ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Моҳи апрели соли равон таҳти унвони «Китоб хонед, бачаҳо!» тақдимоти китобҳои навини «Якта хандед, модарҷон!» ва «Бир бор кулиб қӯйинг, онаҷон!»-и узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, нависанда, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фалсафа оид ба фанҳои педагогика (PhD) Маликаи Бахтиёр баргузор гардид.

Инчунин, дар маркази ахбор-­китобхонаи вилоят 75‑солагии адиб ва рӯзноманигори маъруф Тошқул Азимзода, тақдимоти китоби тозанашри «Ҳикмати дидор»-и ӯ ва вохӯрии таҳририяти «Овози Самарқанд» бо муштариён бахшида ба 35‑солагии рӯзнома доир гашт.

Дар чорабинӣ, ки бо унвони «Бо садоқат зиндагонӣ беҳтар аст» гузаронида шуд, ҷиҳатҳои фардӣ ва нозукиҳои эҷоди Т.Азимзода, мазмуну мундариҷаи китоби «Ҳикмати дидор», фаъолияти 35‑солаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва дастовардҳои он зикр гардиданд.

Муҳимтарин чорабинии имсолаи таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд», ин албатта, чорабинии бахшида ба 35‑умин солгарди нашри шумораи нахустини рӯзнома буд, ки дар толори маҷлисии Донишгоҳи сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим» баргузор шуд.

Вакилони ҳокимиятҳои вилояту ноҳияҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ аз иштирокдорони он буданд.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев аҳли эҷод ва муштариёни рӯзномаро бо 35‑солагӣ табрик намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ин рӯзнома аз ҷумлаи нашрияҳоест, ки на танҳо дар вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфият дорад ва дар бораи илму маърифат, инсондӯстиву ватандӯстӣ менависад.

Таҳририяти рӯзнома низ дар навбати худ ба ҳамкорону фидоиёни рӯзнома тӯҳфаҳои худро супурд, ки статуэткаи 35‑солагии рӯзнома аз он ҷумла мебошад.

Ҳар сол дар арафаи 30‑юми июл — Рӯзи дӯстии халқҳо дар сартосари ҷумҳуриамон чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Чорабинии фарҳангӣ, ки дар маркази ахбор-­китобхонаи вилоят бо номи «Нигоҳи дӯстӣ: фарохдилӣ, ҳамҷиҳатӣ ва осоиштагӣ» баргузор гардид, аз он ҷумла аст.

Он бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон, рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва Маркази миллӣ-­фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд гузаронида шуда, нахуст бо намоиши фотолавҳаҳои дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, инчунин намунаҳои эҷоди арбоби санъати Ӯзбекистон Даврон Сафозода ва Баҳром Сафоев оғоз гардид.

Дар идома роҷеъ ба дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу ҳамбастагии халқҳо, корҳое, ки дар вилоятамон барои тарғиби ғояҳои осоиштагӣ чорабиниҳо ва фарохдилии байни миллатҳо амалӣ мешаванд, суҳбати самимона сурат гирифт. Сипас, ба ғолибон ва иштирокдорони озмуни «Рӯзноманигори ҷавон», ки аз ҷониби таҳририяти «Овози Самарқанд» гузаронида шуд, диплом, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.

Дар китобхонаи мазкур бахшида ба 16‑уми ноябр — Рӯзи ҷаҳонии фарохдилӣ ва ҳафтаи китобхонӣ, инчунин тақдимоти китоби «Аз дидаҳо, шунидаҳо» баргузор шуд. Дар чорабинӣ, ки «Ӯзбекистон — диёри фарохдилӣ» ном дошт, шоирону нависандагон, журналистону рӯзноманигорон, уламоҳои динӣ, раисони марказҳои миллӣ-­фарҳангӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо, омӯзгорон ва донишомӯзони мактабҳо иштирок карданд.

Дар Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов мулоқоти эҷодӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси шӯрои вилоят С.Рафиқов ва ходимони масъули шӯро иштирок карданд.

Баҳодур Раҳмонов ходимони шӯроро бо 120-солагии ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон табрик гуфта, китоби наверо, ки ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба табъ расонидааст, тақдим намуд. Инчунин, раиси шӯро китоби ба муносибати 120-солагии иттифоқ интишоргардидаро ба сармуҳаррир тӯҳфа кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо созиш карданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи ахбор мустаҳкам ва дар инъикоси масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ якдигарро дастгирӣ намоянд.

Дар давоми сол кормандони рӯзнома бо аҳли маҳаллаҳо низ дар бобати тарғиби рӯзномахонӣ ва обуна ба он, баррасии муаммову камбудиҳои сокинон, инчунин шунидани пешниҳоду муроҷиатҳои онҳо дар маҳаллаҳои Гулобод, Деҳнав, Даштиободи ноҳияи Самарқанд ва ғайра вохӯриҳо гузаронданд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Имсол дар самти шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома тағйироти назаррас мушоҳида гардид, ки ин бо нав ва замонавитар шудани тарҳи веб-сайти ovozi.uz вобаста мебошад. Инчунин, дар веб-сайти ovozi.uz фаъолияти китобхонаи электронии рӯзнома ба роҳ монда шуд, ки хонандагон метавонанд аз шакли электронии китобҳои таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» интишоршуда истифода баранд.

Дар натиҷаи ислоҳоти шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома, дар саҳифаҳои Telegram, Facebook, YouTube, Instagram ва веб-сайт теъдоди муштариён тақрибан ба 55 ҳазор нафар расид.

Қобили эътироф аст, ки шабакаҳои иҷтимоии «Овози Самарқанд»-ро ба ғайр аз кишварамон, боз дар бисёр гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла аз ҳама бештар аз Тоҷикистон, Қирғизистон, ИМА, Россия, Шветсия, Ирландия, Германия, Норвегия, Сингапур ва дигар кишварҳои ҷаҳон пайгирӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, тариқи почта ва суроғаҳои электронии рӯзнома ба таҳририят зиёда аз 300 мактуб ва муроҷиат омадааст, ки кормандони рӯзнома то ҳадди имкон ба ҷавоб додани номаҳо ва ҳалли муаммоҳои дар онҳо ба миён гузошта кӯшиш карданд.

Ҳамчунин…

Соли ҷорӣ кормандони рӯзнома Шаҳзод Кенҷаев ба дипломи «Беҳтарин журналисти сол», Тошқул Азимзода ба «Ташаккурнома»-и ҳокими вилоят ноил гардида бошанд, Дилафрӯз Облоқулова ба узвияти Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон пазируфта шуд.

Дар моҳи декабри соли равон низ дар назди таҳририят «Мактаби маҳорат» ба фаъолият сар кард ва ҳоло як гурӯҳ донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ дар он асрори рӯзноманигориро меомӯзанд.

Хулоса, як соли дароз бо сарварии сардабир Баҳодур Раҳмонов ҳамаи кормандони рӯзнома, хосатан Тошқул Азимзода, Бахтиёри Ҷумъа, Фозили Шукурӣ, Сироҷ Раҷабов, Лола Раҳимова, Шаҳло Аҳророва, Дамир Нуров, Дилафрӯз Облоқулова, Муҳаббат Худойбердиева, Ирода Хуррамова, Азамат Ҷумъаев, Ҳасан Сулаймонӣ, Шаҳзод Кенҷазода, Даврон Эргашев, Зиннура Илҳомҷонова ва дигарон барои ҳарчи зеботару хонданитар чоп шудани рӯзнома ва зудтару хубтар ба муштариён расонидани маводҳои шабакаҳои иҷтимоии он саъй намуданд. Дар ин бора кумак ва ҳамкории рӯзноманигорони ҷамоатӣ, собиқадорон ва фидоиёни рӯзнома, инчунин дастгирии муштариёнро низ бояд алоҳида эътироф намуд.

Дар соли 2026 ва минбаъд низ рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳамчун рамзи барҷастаи муносибати некӯ ба забон, урфу одатҳои халқиятҳо ва миллатҳои дигари мамлакат, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунанд, фаъолият пеш мебарад ва ҷовидон минбари дӯстии байни халқҳо хоҳад монд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ