Ovozi.uz

Роналду: “Беҳтарин дар таърих ман ҳастам ва нуқта!”

Ҳамлагари португалии бошгоҳи «Ал-Наср» Криштиану Роналду изҳор дошт, ки мардум шакли ҳозираи бозии ӯро ба қадри кофӣ қадр намекунанд.

Дар айни замон, Роналду дар бозиҳои расмӣ дар ҳайати бошгоҳҳо ва тими миллии Португалия 980 гол ба самар расондааст.

“Мардум корҳоеро, ки ман ҳоло анҷом медиҳам, он қадар қадр намекунанд. Бештар фикр мекунанд, ки то 1000 гол расидан ба ман чанд голи дигар мондааст.

Ин ба ман маъқул нест. Ҳама чиз бояд худ аз худ ва табиӣ шавад. Шояд ман 920, 925 ё 930 гол занам…

Ман бузургтарин бозигар дар таърих ҳастам ва тамом! Вақте гап дар бораи голзанӣ меравад, рақамҳо худашон ҳама чизро нишон медиҳанд.

Ман намегӯям, ки ҳатман бояд 1000 гол занам. Агар ба ин рақам расам, хеле хуб мешавад.

Агар касе Месси, Пеле ё Марадонаро беҳтар донад, ин интихоби худаш аст. Ман эҳтиром мекунам. Аммо ба назари худам, ман бозигари ҳамаҷонибатарин ҳастам”- гуфтааст Роналду дар мусоҳиба бо CNN Portugal.