Дар Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» дар доираи рисолати сеюми донишгоҳҳо семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳм дар рушди иҷтимоию иқтисодии давлат дар ҳамкорӣ» кори худро оғоз кард.
Дар семинар, ки дар ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои аврупоии марбут ба соҳаи таҳсилоти олӣ, аз қабили офиси миллии Erasmus+, OBREAL баргузор мешавад, 79 коршинос аз 22 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
– Чорабинӣ ба омӯзиши саҳми донишгоҳҳо дар экосистемаҳои маҳаллӣ ва ривоҷёбии онҳо нигаронида шудааст, – гуфт сарвари шӯъбаи донишгоҳ Сардор Самариддинов. — Коршиносон таҳқиқ мекунанд, ки донишгоҳҳо ба ниёзҳои ҷомеа чӣ гуна саҳм мегузоранд ва ин ҳиссагузорӣ ба шароити мушаххас дар чӣ ҳад мутобиқ карда мешаванд. Илова бар ин, дар семинар тавассути мавзӯъҳои асосӣ, аз қабили таҳсилот ва инноватсияҳои таълимӣ, рақамисозӣ, ахборотдиҳӣ ва ғайра омӯхта шуда, стратегияи афзунсозии таъсири донишгоҳҳо муайян мегардад.
Семинар ба коршиносон имкон медиҳад, ки оид ба ислоҳоти таҳсилоти олӣ, дастовард ва мушкилоти ин соҳа таҷриба иваз кунанд. Ичунин дар ин чорабинӣ, ки дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор мешавад, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
