Вақте ки дар бораи таълим ҳарф мезанем, онро танҳо дар доираи мактаб, дарс, китобҳои дарсӣ ё имтиҳон тасаввур кардан мумкин нест. Таълим соҳаи стратегиест, ки ояндаи кишварро муайян карда, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Зеро кӯдаке, ки имрӯз ба остонаи мактаб қадам мемонад, фардо муҳандис, шифокор, омӯзгор, соҳибкор, олим ё роҳбари давлатӣ мешавад. Аз ин рӯ, мақсади асосии ислоҳот дар соҳаи таълим, ки дар Ӯзбекистони нав амалӣ мешаванд, равшан аст — тарбия намудани насли дорои дониш ва малакаҳои замонавӣ, мустақилфикр, рақобатпазир, масъулиятшинос.
Форуми панҷуми миллии вилоятии “Устодон” низ бо ҳамин мақсадҳо баргузор шуда, барои ҷамъбасти корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи таълим, муҳокимаи ошкорои муаммоҳои мавҷуда ва муайян намудани вазифаҳои соли нави таҳсил аҳамияти муҳим дорад.
Ғояи асосии форум – “Таълими босифат – пойдевори мустаҳками рушди Ӯзбекистони нав” – бошад моҳияти вазифаҳои имрӯзаи соҳаи таълимро ифода мекунад.
Эътибор ба таълим — сармоягузорӣ ба оянда
Имрӯз сохтори таълими томактабӣ ва мактабии вилоятамон доираи васеъро фаро гирифтааст. Ҳоло дар вилоят ҳамагӣ 5657 муассисаи таълимӣ фаъолият мебарад. Аз он 1278 мактабҳои таълими умумӣ буда, 57 мактаби ғайридавлатӣ, 20 мактаби ихтисосонидашуда ва як мактаби Президентӣ мебошад.
Дар сохтори таълими томактабӣ бошад, 4303 муассиса фаъолият мекунад. Ба онҳо боғчаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ фаъолияткунанда, боғчаҳои оилавӣ ва марказҳои рушди барвақти кӯдакон дохил мешаванд. Дар паси ин рақамҳо тақдири садҳо ҳазор нафар кӯдак, даҳҳо ҳазор омӯзгор, ҳазорҳо падару модар ва тамоми як насл қарор дорад. Айни замон дар вилоят 281 ҳазору 113 нафар кӯдак бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Сатҳи фарогирӣ 68,6 фоиз мебошад. Дар ин самт аз имкониятҳои бахши хусусӣ низ самаранок истифода бурда мешавад. Дар солҳои 2025–2026 274 муассисаи хусусии томактабии оилавӣ бо ҷойи умумии 11 097 нафар таъсис дода шуд. Ба онҳо 6400 нафар кӯдаки аз 3 то 7-сола фаро гирифта шуданд. Танҳо дар соли равон боз 12 муассисаи нави томактабӣ ба фаъолият оғоз карданд. Бо ҳисоби ин ва дигар имкониятҳо фарогирии боз 7500 нафар кӯдак бо таълими томактабӣ таъмин гардид. Яъне, ислоҳоти соҳаи таълим аз марҳилаи аввал — фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ба мактаб омода рафтани кӯдак — оғоз мешавад.
Мактаби замонавӣ — макони имкониятҳои нав
Сифати таълим пеш аз ҳама ба муҳите вобаста аст, ки барои хонанда фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, дар вилоят ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони биноҳои нав ва таъмири муассисаҳои мавҷуда диққати зиёд дода мешавад. Имсол дар вилоятамон бо харҷи 855,9 миллиард сӯм дар 138 мактаб ва 66 боғча корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ анҷом дода мешаванд. Ин маблағҳоро танҳо ҳамчун хароҷот не балки ба сифати имкониятҳое, ки барои насли наврас фароҳам оварда мешавад арзёбӣ кард. Зеро барои таълими замонавӣ муҳити замонавӣ низ зарур аст. Синфхонаҳои равшан ва бароҳат, лабораторияҳо, утоқҳои компютерӣ, толорҳои варзишӣ, китобхонаҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ — ҳамаи ин ба баланд шудани сифати таълим хизмат мекунад. Аммо ҳар қадар бино замонавӣ бошад ҳам, қувваи асосии он — омӯзгор аст.
Қувваи асосӣ — педагог
Ҳоло дар мактабҳои вилоятамон 62 ҳазору 556 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд. Аз он 60 ҳазору 571 нафар, яъне 97 фоиз, соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта хуб аст. Ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон низ диққати махсус дода мешавад. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 малакаи 9257 нафар роҳбар, омӯзгор ва мутахассисони мактабу боғчаҳо такмил дода шуд.
Илова бар ин, дар тадбирҳои “Рӯзи рушди касбӣ” аз рӯйи 12 фан 11 273 нафар омӯзгори пешсаф, дар “Соати рушди касбӣ” бошад, 37 604 нафар омӯзгор иштирок карданд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгори замонавӣ танҳо бо гирифтани диплом фаъолияти касбии худро ба анҷом намерасонад. Омӯзгори имрӯза ҳамеша аз пайи омӯзиш буда, навовариҳо офарад, аз технологияҳои замонавӣ истифода бурда, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро омӯзад. Аз ҳама муҳим бо кӯдакон муносибати хуб дошта, истеъдоди онҳоро кашф карда тавонад.
Натиҷаҳо дар рақамҳо низ дида мешаванд
Самаранокии корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи таълим дар натиҷаҳои хонандагон низ дида мешавад. Дар соли хониши 2025-2026 сатҳи дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои вилоят ба муассисаҳои таълими олӣ афзуд. 13 ҳазору 499 ҷавон, яъне 26 фоизи хатмкунандагон, ба донишгоҳҳо дохил шуданд.
Натиҷаи дигари муҳим ин аст, ки 2158 хатмкунанда пеш аз муҳлат ба муассисаҳои таълими олии хориҷӣ қабул шуданд. Аз онҳо 1267 нафар соҳиби сертификати IELTS ва 891 нафар соҳиби сертификати CEFR мебошанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳои ҷавонони Самарқанд барои баромадан ба майдони байналмилалии таҳсил рӯз то рӯз васеъ мешаванд.
Ҳамзамон, рақобат дар соҳаи таълим низ зиёд шуда истодааст. Дар марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии асосӣ хонандагони синфи 11-уми вилоят 7 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд. Аз фанҳои математика, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва забони ӯзбекӣ 3 ҷойи аввал, аз таърих ҷойи дуюм ва аз фанҳои забони русӣ, таърих ва забони модарӣ 3 ҷойи сеюм гирифта шуд.
Забони хориҷӣ — калиди имкониятҳои нав
Мо медонем, ки имрӯз донистани забони хориҷӣ шарти муҳими муваффақият мебошад. Бинобар ин, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори зиёд дода мешавад. Дар вилоят шумораи омӯзгороне, ки аз забонҳои хориҷӣ сертификатҳои байналмилалӣ ва миллӣ доранд, ба 4479 нафар расидааст.
Ҳамчунин, ба мактабҳои таълими умумӣ 131 мутахассиси хориҷӣ ҷалб шуда, бо иштироки онҳо дарсҳо гузаронида шуданд.
Соли оянда нақша дорем, ки 1573 нафар омӯзгори забони хориҷӣ соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ шаванд. Барои ин бо иштироки профессорону омӯзгорони таҷрибадор семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд. Зеро барои ба хонанда омӯзонидани забони нав, пеш аз ҳама, худи омӯзгор бояд дониш ва усулҳои нави таълимро аз худ кунад.
Ҳар як кӯдак дар маркази эътибор
Яке аз нишонаҳои муҳими таълими замонавӣ — ҳеҷ як кӯдакро аз эътибор дур нагузоштан аст. Дар соли 2026 дар 216 мактаб синфҳои таълими инклюзив ташкил карда шуда, ба онҳо 334 хонандаи дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ қабул гардид. Ҳамчунин, дар 143 мактаб шуъбаҳои логопедӣ ташкил шуда, ба онҳо 8936 хонанда фаро гирифта шуданд.
Рустам Йӯлдошев,
роҳбари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят
