11-уми июн дар кишварҳои ИМА, Канада ва Мексика чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2026 оғоз меёбад. Дар бозии ифтитоҳӣ дастаҳои мунтахаби Мексика ва Африкаи Ҷанубӣ ба ҳам меоянд.
Бозӣ имшаб соати 00:00 ба вақти Тошканд оғоз мегардад.
Кумитаи миллии олимпӣ ёдовар мешавад, ки мунтахаби Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон иштирок мекунад. Дастаи миллӣ дар гурӯҳи «K» ҳунарнамоӣ намуда, рақибонаш мунтахабҳои Португалия, Колумбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго хоҳанд буд.
Бозии нахустини футболбозони Ӯзбекистон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ муқобили мунтахаби Колумбия баргузор мегардад. Ин вохӯрӣ субҳи 18-уми июн доир хоҳад шуд.
