Ovozi.uz

Самарқанд ба 10-умин Сарассамблеяи «Silk-Road Universities Network» мизбонӣ кард

Дар Ассамблеяи чоррӯзаи ташкилоти шабакаи донишгоҳҳои Роҳи абрешими “Silk-Road Universities Network” (SUN) олимон, ректорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар анҷуман масъалаҳои зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, сайёҳии барқарор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

10-умин Сарассамблеяи SUN бори аввал дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби се донишгоҳи мизбон – Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои Самарқанд (SIUT), Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва фарҳангии Роҳи абрешим ва Донишкадаи давлатии хориҷи Самарқанд ташкил карда шуд.

Қобили зикр аст, ки SIUT аз соли 2023 узви комилҳуқуқи SUN мебошад. Дар ин муддати кӯтоҳ SIUT ҳамчун моделе, ки равиши инноватсионӣ, таҳсилоти рақамӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро муттаҳид мекунад, дар арсаи таҳсилоти байналмилалӣ соҳиби овози худ шуд.