Ovozi.uz

“МЮ” бо гузашти 3 сол дар ПЛА дигарбора ба “Ливерпул” ғолиб омад

Бозии даври 8-уми Премйер-лигаи Англия байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Манчестер Юнайтед” ба анҷом расид. Дар ин вохӯрӣ “Манчестер Юнайтед” бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба ба даст овард. Бозӣ дар варзишгоҳи “Энфилд” дар шаҳри Ливерпул баргузор шуд. Довари асосии вохӯрӣ Майкл Оливер буд.

Дар дақиқаи дуюми бозӣ Брайан Мбемо ҳисобро ба фоидаи “Манчестер Юнайтед” боз кард. Ин голи Мбемо тезтарин гол дар таърихи бозиҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” дар варзишгоҳи “Энфилд” дар Премйер-лига ба ҳисоб меравад.

Коди Гакпо аз ҳайати “Ливерпул” дар дақиқаи 78-ум ҳисобро баробар кард. Ҳарри Магуайр дар дақиқаи 84-ум голи дуюми “Манчестер Юнайтед”-ро ба самар расонда, ғалабаи тимашро дар ин вохӯрии муҳим таъмин намуд.

Барои “Ливерпул” ин бохти чаҳоруми пайиҳам дар ҳама мусобиқаҳо мебошад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Арсенал” бо 19 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ливерпул” бо 15 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Манчестер Юнайтед” бо 13 имтиёз дар зинаи 9-ум мавқеъ гирифтаанд.

Дар даври навбатӣ, “Ливерпул” рӯзи 25-уми октябр дар меҳмонӣ бо “Брентфорд” бозӣ мекунанд, дар ҳоле ки “Манчестер Юнайтед” ҳамон рӯз дар майдони худ бо “Брайтон” рӯбарӯ мешавад.