Ин марказ бо таҷҳизоти замонавӣ пурра ҷиҳозонида шуда, мустақиман ба системаи геоинформатсионии камераҳои мавҷудаи назорати видеоии шаҳри Самарқанд пайваст шудааст.
Илова бар ин, барои кушодани ҷиноятҳои содиршуда маълумот дар бораи шахсоне, ки ба ҳисобҳои профилактикӣ гирифта шудаанд, ворид карда шудааст.
Дар марказ навбатдории доимии кормандони хидмати соҳавии дахлдори Садорати корҳои дохилии вилоят таъсис дода шудааст.
Ба роҳбари вилоят роҷеъ ба корҳои вобаста ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ташкили муҳити зист дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ва минбаъд баланд бардоштани самаранокии пешгирии барвақти ҷиноятҳо дар соли 2025» маълумот дода шуд.
Дар доираи иҷрои қарори мазкур ба масъулони насби камераҳо дар ҷойҳои серодам ҷиҳати тезонидани суръат ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда супоришҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шаҳри Самарқанд теъдоди мошинҳо 2-3 маротиба зиёд шуда, дар натиҷа, дар роҳҳо тирбандӣ ба вуҷуд омада, ба экология ва бехатарии мусофирон низ таъсири манфӣ мерасонад. Масъулони Садорати корҳои дохилии вилоят оид ба вазифаҳое, ки ҷиҳати пешгирии тирбандӣ дар кӯчаҳои шаҳр бояд амалӣ карда шаванд, маърӯза намуданд.
Кормандони соҳа инчунин дар бораи системаи «Маҳаллаи рақамӣ» маълумот доданд. Таъкид гардид, ки барномаи “Маҳаллаи рақамӣ” мисли системаҳои “Шаҳри бехатар” ва “Маҳаллаи бехатар” дар ошкорсозии саривақтии қонуншиканиҳо ва татбиқи функсияҳои зеҳни сунъӣ, аз қабили шинохти чеҳра, траектория ва сигнализатсияи автоматӣ натиҷаҳои хуб медиҳад.
