Ovozi.uz

Дар Қасри фарҳанги «Нурафшон»-и Самарқанд иди миллии халқҳои тотор ва бошқирд Сабантӯй ботантана баргузор гардид

Дар он вакилони ҳокимияти шаҳру вилоят, аъзоёни марказҳои милливу фарҳангӣ ва аҳли ҷамоатчигии васеъ иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки сабантӯй аз ду калима “сабан” – “ҷуфти заминронӣ, шудгор” ва “тӯй” – “тӯю сур” иборат аст. Ин ид ҷашни ҳарсолаи халқӣ мебошад, ки ба анҷоми корҳои баҳорӣ дар байни тоторҳо ва бошқирдҳо гузаронида мешавад. Онро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳам ҷашн мегиранд.

— Ӯзбекҳо, тоторҳо, бошқирдҳо аз рӯи забон, дин ва маданияти худ халқҳои бародаранд, — гуфт дар оғози чорабинӣ раиси маркази мадании тотору бошқирдҳо Аҳмад Субҳонқлов. — Имруз дар мамлакати мо мардуми тотор бо ӯзбекҳо ва намояндагони дигар миллатҳо тифоқона зиндагӣ мекунанд. Дустии байни халқҳо сарвати асосии давлати мост. Ҷашни Сабантуй моро боз бо якдигар қарину наздиктар мегардонад.

Онҳое, ки дар ин чорабинӣ ба сухан баромаданд, эътироф карданд, ки ин ид дар баробари тараннум кардани маданияти меҳнаткашони халқи тотор барои боз дам мустаҳкам шудани дӯстии байни халқҳои мо хизмат мекунад.

Дар чорабинӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки аз ҷониби ҳунармандони Тотористон, вилоятҳо ва марказҳои фарҳангии миллӣ ташкил карда шуданд.