22‑юми март — рӯзи таваллуди Мирзо Улуғбек
Ғиёсиддин Ҷамшед дар номае, ки аз Самарқанд ба падараш дар Кошон навиштааст, фаъолият ва донишу заковати Мирзо Улуғбекро чунин тавсиф мекунад: «Шукр ба Аллоҳ ва неъматҳои Ӯ, ки фармонравои ҳафт иқлим ва подшоҳи ислом шахси донишманд ҳастанд. Ман ин суханро на аз рӯйи расми адаб мегӯям. Ҳақиқат ин аст, ки аввалан, эшон қисми зиёди Қуръони каримро аз ёд медонанд. Тафсирҳо ва суханони муфассиронро дар бораи ҳар як оят дар зеҳн нигоҳ медоранд ва аз бар медонанд, ба забони арабӣ хеле хуб менависанд. Инчунин, эшон аз илми фиқҳ ба хубӣ огоҳанд. Дар баёни маъноҳои мантиқ ва усулҳои он низ заковат доранд».
Улуғбек бо сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба илм, мактаб ва мадрасаҳо бунёд намуд. Ин қароре буд, ки бо дурандешии хос гирифта шуд ва аз он шаҳодат медод, ки ӯ мехост Мовароуннаҳрро ба маркази илмии кишварҳои мусулмонӣ табдил диҳад. Мадраса ва расадхонаи Самарқанд, ки ӯ сохтааст, на танҳо ба фарҳанг ва илми Шарқ, балки ба тамаддуни Аврупо низ таъсири бузург расонид.
Мирзо Улуғбек дар рӯҳияи анъанавии исломӣ тарбия ёфта, дар давоми умр ва эҷодиёташ ба он амал кардааст. Масалан, ҳангоми омӯхтани ҷирмҳои коинот, ҳамчун ахтаршинос ҷойгиршавии ин ҷирмҳо ва ҳисоби дақиқи вақтро ҳадафи худ қарор дод.
Дар он замонҳо омӯхтани ҷирмҳои осмонӣ хилофи дидгоҳҳои динӣ набуд. Зеро чунин омӯзиш барои пешакӣ муайян кардани вақти ибодат, вақти тулӯъ ва ғуруби офтоб аҳамияти муҳим дошт. Инчунин, барои муайян кардани оғози моҳ, донистани муҳлатҳои киштукор, ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани макон ва ёфтани роҳи дуруст бидуни гумроҳӣ, огоҳӣ аз илми ҷирмҳои осмонӣ зарур буд.
Тадқиқоти илмии олим ҳамчун хулосаҳои илмие, ки дастовардҳои охирини ахтаршиносии замони худро муҷассам мекарданд, аҳамияти бузурги маърифию сиёсӣ касб намуданд. Ӯ дар баробари он ки ҳамчун ахтаршиноси машҳури ҷаҳонӣ ташаккул ёфт, дар мадрасаи оливу расадхонаи худ ба дидактика (назарияи таълим) низ асос гузошт.
Дар мадрасаи олии Самарқанд, ки дар маркази шаҳр аз ҷониби ӯ бунёд ёфта буд, дар қатори фанҳои динӣ, аз рӯйи фанҳое чун ахтаршиносӣ (астрономия), математика, метафизика, география ва таърих низ таълим дода мешуд. Таҳсилкунандагони мадраса аз мероси илмии ниёгони бузургамон — ҷадвалҳои нуҷум («Зиҷ»)-ии Муҳаммад ибн Мӯсо ал-Хоразмӣ ва китоби «Ал-ҷабр вал-муқобала», асари ба ахтаршиносӣ бахшидаи Абурайҳони Берунӣ «Қонуни Масъудӣ» ва китоби «Асосҳои ахтаршиносӣ»-и Аҳмад Фарғонӣ истифода мебурданд.
Дар расадхонаи Улуғбек бо кумаки Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошӣ ва Алии Қушчӣ, донишҷӯён ҳолати сайёраҳо ва ситораҳоро мушоҳида намуда, ҷадвалҳои нуҷумӣ ва тригонометрӣ тартиб медоданд.
Нарзиқул ШОДИЕВ,
профессори Институти давлатии педагогикии Самарқанд
