Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18‑уми март бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ, лоиҳаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо, ки дар ҳудудҳо амалӣ мешаванд, инчунин ба истифода додани лоиҳаҳои нав ва муайян намудани вазифаҳои навбатии афзалиятнок оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ба Самарқанд ташриф овард.
Сарвари давлат ташрифи худро аз шиносоӣ бо Боғи креативии ҷавонони шаҳри Самарқанд оғоз кард.
Имрӯз шаҳр васеъ шуда, ба як мегаполиси бузург табдил меёбад. Солҳои охир дар ин ҷо манзилҳои нави истиқоматӣ ва объектҳои иҷтимоӣ бунёд гардида, шумораи аҳолӣ хеле зиёд шудааст. Табиист, ки дар чунин шароит зарурати зиёд кардани майдонҳои сабз, бунёди боғ ва гулгаштҳо, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ бештар мегардад.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон амалӣ мешавад, ҳар сол дар вилоят зиёда аз 16 миллион ниҳол шинонда мешавад. Дар мавсими баҳории имсола низ шинонидани 6,3 миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд дар тамоми минтақаҳои вилоят идома дорад.
Дар майдони 5,4 гектар, ки қаблан госпитали ҳарбӣ ҷойгир буд, бо зиёда аз 70 миллиард сӯм маблағи сарпарастӣ Боғи креативии ҷавонон ташкил гардид.
Дар ин ҷо 5 бино ва иншооте мавҷуд аст, ки ба рӯйхати мероси фарҳангӣ дохил шудаанд. Акнун аз онҳо ҳамчун китобхонаи муосири рақамӣ, маркази таълимии бисёрсоҳа, маҳфилҳои креативӣ, марказҳои зеҳни сунъӣ, моделсозии 3D, робототехника ва киберспорт истифода менамоянд. Инчунин маркази захираҳои ахборӣ, толорҳои варзишӣ ва экомузейи зеризаминӣ ташкил гардидааст.
Боғи креативии ҷавонон барои писару духтарон на танҳо ҷои истироҳат, балки муҳити мусоид барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, варзиш ва амалӣ кардани стартапҳо мебошад.
Федератсияи шоҳмоти вилоят низ дар боғи нав ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ-машғулотӣ ва мусобиқаҳо аз ҷониби федератсия имконият фароҳам гардидааст.
Дар боғ аттраксионҳои кӯдакона, толорҳои фитнес, тенниси рӯимизӣ, кортҳои теннис, майдончаҳои воркаут ва мини-голф сохта шудаанд. Ҳамчунин дар ҳудуд Маскани пиронсолон ва зиёда аз даҳ айвон бунёд гардидааст.
Президент нахуст бо фаъолияти Маркази омӯзиш ва имтиҳони забони олмонии «Profi deutsch» шинос шуд.
Ҷиҳати муҳими лоиҳа он аст, ки маркази имтиҳонии «Telc» дар Осиёи Марказӣ бори аввал дар Самарқанд ба кор оғоз мекунад. Ҷавонон дар марказ забони олмониро омӯхта, сертификати байналмилалии «Telc» мегиранд. Соҳибони сертификат таҳсилро дар Олмон ба таври таълими касбии дуалӣ идома дода, бо кор таъмин мегарданд. Соли ҷорӣ боз дар панҷ минтақаи мамлакат кушодани чунин маркази имтиҳон ба нақша гирифта шудааст.
Ба роҳбари давлат дар бораи корҳое, ки дар доираи лоиҳаи «Ворисони Муҳаммад ал-Хоразмӣ» анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд. Дар доираи лоиҳа ба донишомӯзони синфҳои 8–11 технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ амиқ омӯзонида мешаванд. Ба онҳое, ки таҳсилро бомуваффақият ба анҷом мерасонанд, дар анҷом сертификатҳои махсус тақдим мегардад.
Ҳамчунин, бо корҳои «Алоқабанк» ва Маркази машваратии Бонки миллӣ оид ба додани кредитҳои имтиёзнок ба ҷавононе, ки фаъолияти соҳибкориро оғоз мекунанд, дастгирии лоиҳаҳои стартапӣ ва лоиҳаҳои «Ибрат фарзандлари», «Мутолаа», «Қизлар академияси»-и Агентии корҳои ҷавонон шинос гардид.
Президент бо ҷавонон мулоқот карда, бо лоиҳаҳои онҳо шинос шуд.
— Мо дар Ӯзбекистони Нав корхонаҳои истеҳсолии баландтехнологӣ месозем ва ҷойҳои кории сердаромад таъсис медиҳем. Мо ин ҳамаро ба шумо — ҷавонони заковатманд бовар карда анҷом медиҳем. Барои ин ҳар дақиқаи шумо бояд ба ояндаатон хизмат кунад, дӯстатон китоб бошад. Ба инсон барои амиқ омӯхтани дониш ва интихоби роҳи дуруст диққат, сабр ва шавқ лозим аст. Бигзор, ин шавқи шумо хомӯш нашавад. Пешниҳодҳое, ки шумо ба миён мегузоред, ба ғояи ислоҳоти мо мутобиқ аст ва ман барои дастгирии ҳама гуна пешниҳод ва ташаббусҳои шумо омодаам, — гуфт Президент.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар шаҳри Самарқанд чунин марказҳои муосири таълимӣ ва фароғатиро бештар намоянд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд бо электробусҳои муосире, ки барои нақлиёти ҷамъиятӣ оварда шудаанд, инчунин бо фаъолияти истгоҳи қувватдиҳии онҳо шинос гардид.
Дар асоси қарори сарвари давлат аз 17‑уми феврали соли 2023 «Дар бораи чораҳои ислоҳоти низоми нақлиёти ҷамоатӣ», дар минтақаҳо хизматрасониҳои нақлиётӣ беҳтар гардида, хатсайрҳои нақлиёти ҷамоатӣ васеъ карда мешаванд.
Дар ин раванд ба навсозии паркҳои автобусӣ мутобиқи талаботи муосир ва ташкили ҳаракати нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, дар марҳилаи аввал ба шаҳри Самарқанд 100 адад электробуси муосир ба маблағи 49 миллион доллар оварда шуд. Ин электробусҳои тамғаи «Yutong» 30 ҷойи нишаст дошта, иқтидори умумии ғунҷоиши онҳо 75 мусофирро ташкил медиҳад.
Барои автобусҳои нав дар масоҳати тақрибан 4 гектар таваққуфгоҳ бунёд шудааст. Дар истгоҳи қувватдиҳии электробусҳои ин ҷо имкони хизматрасонӣ ба 50 адад нақлиёти ҷамоатӣ дар як вақт фароҳам оварда шудааст.
Дар истгоҳи пӯшида, ки барои электробусҳо сохта шудааст, барои хидматрасонии техникӣ техникаи таъмири мобилӣ низ мавҷуд аст. Электробусҳо дар 9 хатсайри шаҳр аз рӯи шартномаи «брутто» ҳаракат карда, рӯзе тақрибан ба 70 ҳазор мусофир хидмат мерасонанд.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳа хариди боз 250 электробус пешбинӣ шудааст. Барои ин ҷалби 120 миллион доллар аз Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар назар аст.
Дар натиҷа сарфи сӯзишворӣ 32 ҳазор литр ва ҳаҷми газҳои зараровар 27 тонна кам хоҳад шуд.
Ҳоло дар таваққуфгоҳ 265 нафар фаъолият доранд. Бо ворид шудани электробусҳои нав, зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Президент автобусҳои навро аз назар гузаронд.
— Барои баланд бардоштани устувории иқтисодии ин соҳа, бояд ҷиҳати омода кардани мутахассисони хизматрасонӣ ва таъмиркунандаи электробусҳо таҷрибаи Самарқандро роҳандозӣ намоем, — гуфт Роҳбари давлат.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин оид ба корҳое, ки бобати рушди нақлиёти ҷамоатӣ дар шаҳри Самарқанд амалӣ мегарданд, аз ҷумла рақамисозии идоракунии ҳаракати автобусҳо тақдимот баргузор гардид.
Президент дар ҷараёни ташриф, ҳамчунин, аз гузаргоҳи зеризаминие, ки дар чорраҳаи кӯчаҳои Гагарин ва Рӯдакӣ бунёд шудааст, боздид кард.
Ин нақб, ки 600 метр дарозӣ дорад, бо маблағи 12 миллион доллар сохта шудааст ва метавонад дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 50 ҳазор воситаи нақлиётро гузаронад.
Дар канори роҳҳо низоми равшанидиҳии шабона, ки ба таври электронӣ идора мешаванд ва гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон ташкил карда шудааст.
Нақб дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Чин ва Туркия бунёд гардидааст. Деворҳои он бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ тавассути усули пармакунӣ бо деворҳои такягоҳӣ сохта шудаанд.
Сохтмони иншоот бидуни қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт анҷом дода шудааст. Дар ҳудуд корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфта, ниҳолҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо намояндагони ҷомеа аз Самарқанд ба ноҳияи Нарпай бо қатораи нави баландсуръати «Hyundai Rotem», ки ба кишвари мо интиқол дода шудааст, ташриф овард.
Ин қатора, ки ба ифтихори сарлашкари бузург Ҷалолиддини Мангубердӣ номгузорӣ шудааст, аввалин аз шаш қатораи «Hyundai Rotem» мебошад, ки ба Ӯзбекистон оварда мешаванд. Қатора аз ҳафт вагон иборат буда, метавонад бо суръати то 260 километр дар як соат ҳаракат кунад.
Қатораи сафед бо шишаҳои торик бо рахҳои ранги кабуд, сабз ва сурх, ки парчами Ӯзбекистонро ба ёд меоранд, оро дода шуда, инчунин навиштаи «Jaliliddin Manguberdi» дорад. Дарозии он 175 метр буда, тақрибан 390 мусофирро дар се синф — VIP, бизнес ва иқтисодӣ қабул карда метавонад.
Қатора бо дарназардошти шароити иқлимии Ӯзбекистон махсус тарҳрезӣ шудааст: он бо низомҳое муҷаҳҳаз аст, ки ба чанг, ҳарорати хеле баланду паст ва тӯфонҳои қум тобовар мебошанд ва барои масофаҳои дур пешбинӣ шудааст.
Дар ояндаи наздик қатораи «Ҷалолиддини Мангубердӣ» дар хатсайри Тошканд — Урганч — Хива ба ҳаракат медарояд. Пешбинӣ мешавад, ки вақти сафар 7 соатро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни сафар, сарвари давлат бо фаъолони вилоят, собиқадорони меҳнат ва ҷавонони ташаббускор суҳбати самимӣ анҷом дод.
Ҳамчунин, атрофи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвар ҷараён доранд, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва ташаббусҳои нек, ки ба манфиати аҳолӣ ва фароҳам овардани қулайӣ татбиқ мешаванд, табодули афкор сурат гирифт.
Пас аз расидан ба Нарпай, Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти гармхонаи парвариши қулфинай бо усули гидропоника шинос шуд.
Дар Самарқанд аз қадим кишоварзӣ рушд ёфта, таҷрибаи бойи истифодаи самараноки замину об ғанӣ шудааст. Дар ноҳияи Нарпай низ ба истифодаи оқилонаи ҳар як порчаи замин ва захираҳои об, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи аграрӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
Имрӯз таваҷҷуҳ ба парвариши маҳсулот бо усули гидропоника меафзояд. Яке аз хоҷагиҳои пешсаф дар ин самт корхонаи «Нарпай қулупнай» мебошад, ки ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил гардидааст.
Арзиши умумии лоиҳа 650 ҳазор долларро ташкил дода, дар майдони як гектар гармхонаи муосир бунёд шудааст. Дар ин ҷо имкон аст, ки соле то 50 тонна қулфинай парвариш карда шавад.
Ҳоло корхона маҳсулоти худро таҳти тамғаи «Нарпай қулупнайлари» ба шабакаҳои бузурги савдои чакана пешниҳод мекунад. Ин ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Дар технологияи гидропоника қулфинай бе истифодаи хок — бо маҳлулҳои махсуси ғизоӣ парвариш мешавад. Решаҳои растаниҳо дар субстрати кокосӣ рушд мекунанд, ки обро хуб мегузаронад. Моддаҳои минералӣ мустақиман тавассути об ба растаниҳо мерасанд, ки ин сарфи нерӯи онҳоро кам карда, афзоишро суръат мебахшад. Ҳосилнокӣ бошад, нисбат ба усулҳои анъанавӣ чанд маротиба баландтар аст.
Ғайр аз ин, гидропоника имкон медиҳад, ки дар масоҳати хурд ҳаҷми зиёди маҳсулот ба даст оварда шавад. Муҳимтар аз ҳама, аз ҳисоби набудани хок, масрафи об то 80 фоиз кам мешавад. Азбаски хавфи бемориҳои растанӣ хеле кам аст, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ низ ба ҳадди ақал мерасад. Ин ба тозагии экологӣ ва мутобиқати маҳсулот ба талаботи муосир мусоидат мекунад.
Дар гармхона технологияҳои сарфакоронаи об ҷорӣ шудаанд. Аз ҷумла, барои ҷамъоварии оби борон ва истифодаи самараноки он ҳавзи калон сохта шудааст. Ҳамчунин таҷҳизоти автоматикунонидашудаи гидропоникӣ, панелҳои офтобӣ ва низоми рӯшноии каммасраф насб гардидаанд, ки хароҷоти истеҳсолиро коҳиш медиҳанд.
Аҳамияти чунин лоиҳаҳо дар таъмини интиқоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми сол таъкид гардид. Ҳамчунин, нақшаҳои ояндаи соҳибкор пешниҳод карда шуданд.
Аз ҷумла, дар оянда васеъ намудани лоиҳа ва бунёди гармхонаҳои нав дар масоҳати 60 гектар пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсолот то 300 ҳазор тонна дар як сол зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Сарвари давлат аҳамияти густариши чунин гармхонаҳоро дар хонаводаҳо барои фароҳам овардани манбаъҳои устувори даромад таъкид намуд.
— Имрӯз, мисли дигар соҳаҳо, дар ин самт низ истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ зарур аст. Агар кор дуруст ба роҳ монда шуда, мардум омӯзонида шаванд ва таҷрибаи Нарпай васеъ паҳн гардад, мардуми мо метавонанд тамоми сол бо усули гидропоника маҳсулот парвариш намуда, бозорро ғанӣ гардонанд ва даромади хуб ба даст оранд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонае, ки дар ноҳияи Нарпай ҷойгир буда, ба ҳайати кластери «Мароқанд сифат» дохил мешавад ва аз рӯи тамоюли технологияи бепартов фаъолият мекунад, шинос гардид.
Дар ин кластер занҷираи пурраи арзиши иловашуда — аз парвариши пахта то коркарди амиқи он ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳое ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ гардидаанд, ки парвариши пахта ва тухмии он, истеҳсоли равған, омодасозии нахи пахта ва ришта, инчунин истеҳсоли либоси тайёрро дар бар мегиранд. Чунин равиш, ки ба ҳамгироии кишоварзӣ ва саноат асос ёфтааст, имкони эҷоди арзиши баланди иловашударо фароҳам меорад.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, иқтидори корхона ба истеҳсоли солонаи 5,5 ҳазор тонна ришта ва 1 миллион адад маҳсулоти трикотажӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳандаҳо имкони содиротро то 10 миллион доллар таъмин намуда, барои таҳкими мавқеи кластер дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ замина фароҳам месозанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти корхона саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳоло 1 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, дар давраи корҳои мавсимӣ боз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мегарданд.
Корхонае, ки ба истеҳсоли ришта аз партовҳои коркарди нассоҷии кластери «Мароқанд сифат» тахассус дорад, ҳамчун яке аз ташаббусҳои пешрафта ва самаранок арзёбӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа лабораторияи биологӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо ба коркарди партовҳое, ки дар раванди истеҳсол ба вуҷуд меоянд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Аз ҷумла, боқимондаҳои матоъҳои истифодашуда дар коргоҳҳои дӯзандагӣ партофта намешаванд. Онҳо бо таҷҳизоти муосири баландсуръат коркард шуда, дубора ба шакли ришта баргардонида мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсоли нах дар ин самт 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин аз нигоҳи истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини устувории экологӣ аҳамияти калон дорад.
Арзиши умумии ин лоиҳа 7 миллион долларро ташкил дода, он дар масоҳати 3,3 гектар ҷойгир аст. Дар корхона 500 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия самаранокии иқтисодии онро боз ҳам баланд мебардорад.
Айни замон дар ҳудуди корхона панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки имкони истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар раванди истеҳсол фароҳам меоранд. Ин, дар баробари коҳиши хароҷоти энергия, ба татбиқи тамоюлҳои «иқтисоди сабз» мусоидат мекунад.
Президентамон бо раванди истеҳсол шинос шуда, бо кормандони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ анҷом дод.
— Ман аз мулоқот бо шумо хурсанд ҳастам. Шароити муҳайёшуда ва ҷойҳои кории ташкилшуда дар таъмини шуғли аҳолӣ нақши муҳим доранд. Ҳар як лоиҳаи амалишуда қисми тағйироти васеъмиқёс дар кишвари мост. Бешубҳа, талабот ба ҷойҳои корӣ меафзояд. Аз ин рӯ, мо фаъолона корро идома дода, кӯшиш менамоем, ки дар ҳар як минтақа имкониятҳои нав фароҳам оварем, — таъкид намуд сарвари давлатамон.
Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари худ ба вилояти Самарқанд дар маросими бахшида ба истифода супурдан ва оғози сохтмони лоиҳаҳои бузурги минтақа иштирок намуд.
Зимни чорабинӣ, дар вилоят намоиши маҳсулоти соҳаҳои саноати озуқаворӣ, саноати сабук, кимиё ва дорусозӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин саноати металл ва мебел ташкил гардид. Роҳбари давлат бо иқтидорҳои муосири истеҳсолии минтақа, техника ва технологияҳои пешрафта ва маҳсулоти саноатӣ шинос шуд.
Вилояти Самарқанд ҳамчун як минтақаи дорои аҳамияти стратегии иқтисодӣ дар кишвар ба таври барқарор рушд меёбад. Солҳои охир дар ин ҷо ҳаҷми саноат мунтазам афзоиш ёфта, муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ барои ҷалби васеи сармояи дохилию хориҷӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Афзоиши шумораи корхонаҳо бо иштироки капитали хориҷӣ аз динамикаи хуби ин раванд шаҳодат медиҳад.
Дар маросим вобаста ба истифода дода шудан ё омодаи оғози сохтмон будани 106 лоиҳаи нав бо маблағи тақрибан 7 миллиард доллар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода шуд. Ба чорабинӣ тавассути алоқаи видеоӣ масъулони лоиҳаҳои нав низ пайвастанд.
Ин лоиҳаҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоятро фаро мегиранд. Аз ҷумла, дар бахшҳои саноати кӯҳӣ ва геология, масолеҳи сохтмон, саноати автомобилсозӣ, кимиё, электроника, кишоварзӣ, таълим, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуда, сохтмони иншооти умедбахш оғоз меёбад.
Дар маросим Президент Шавкат Мирзиёев бо иҷрокунандагони лоиҳаҳо ва намояндагони ширкатҳои маҳаллию хориҷӣ суҳбат намуда, пешниҳод ва ташаббусҳои онҳоро шунид. Таъкид гардид, ки чунин лоиҳаҳо дар таҳкими иқтидори саноатии вилоят, модернизатсияи истеҳсолот ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим доранд.
Сипас, роҳбари давлатамон бо пахши тугмаи рамзӣ ба истифода додани лоиҳаҳои бузург ва старти сохтмони лоиҳаҳои нав дар вилояти Самарқанд оғоз бахшид.
Аз ҷумла, 53 лоиҳа бо ҳамкории кишварҳои Австрия, Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Россия ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион доллар ба истифода супурда шуд.
Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Нидерландия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Россия ва Эрон корҳои сохтмонӣ дар доираи 53 лоиҳаи дигар ба маблағи 4 миллиарду 600 миллион доллар оғоз гардид.
Дар натиҷаи амалисозии ин лоиҳаҳо, 18 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, имконияти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 13 триллион сӯм ва таъмини иқтидори содиротӣ то 700 миллион доллар пайдо мешавад. Ин раванд ба диверсификатсияи саноат, густариши занҷирҳои муосири истеҳсол ва васеъ гардидани ҷуғрофияи содироти вилоят хизмат мекунад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Президентамон роҷеъ ба корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои ояндадор дар самти баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба идораи шарикии давлату хусусӣ супоридани стансияҳои насосӣ дар ноҳияи Нарпай маълумот пешниҳод гардид.
Дар ноҳияи Нарпай 8 стансияи насосӣ дар асоси шарикии давлату хусусӣ ба бахши хусусӣ дода шудааст. Дар натиҷаи навсозии 21 агрегати насосӣ бо сармоягузории 12,3 миллиард сӯм, истеъмоли солонаи нерӯи барқ аз 68,1 миллион киловатт-соат то 34,1 миллион киловатт-соат коҳиш дода шуд.
Умуман, дар соҳаи хоҷагии оби вилояти Самарқанд усулҳои нави илмӣ ҷорӣ мегарданд. Бо мақсади таъмини ҳамоҳангии илм ва амалиёт, ба ҳокими вилоят мушовири илмӣ вобаста карда мешавад. Ҳамчунин, дар соҳа системаи таълими дуалӣ роҳандозӣ гардида, барои 72 нафар донишҷӯ ба муҳлати 6 моҳ таҷрибаи амалӣ дар самтҳои хоҷагии об, механикоридани кишоварзӣ, гидротехника, гидроэнергетика, кадастр ва экология ташкил карда мешавад.
Дар анҷом роҳбари давлат ба масъулон ҷиҳати идомаи пайваста ва системаноки ин корҳои муҳим дастурҳои мушаххас дод.
Президентамон Шавкат Мирзиёев 19-уми март, дар рӯзи дуюми сафари худ ба Самарқанд бо корҳои бунёдкорие, ки дар маҷмааи ёдгории Имом Мотуридӣ амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Мувофиқи қарори Сарвари давлат, соли гузашта дар кишварамон 1155‑солагии зодрӯзи асосгузори илми ақида Абӯмансури Мотуридӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат, дар ҳудуди қабристони Чокардизаи шаҳри Самарқанд корҳои таъмир ва ободонии маҷмааи Имом Мотуридӣ оғоз гардида буданд.
Ҳоло дар маҷмаа ва атрофи он корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ идома доранд. Дар ҳудуд, ки 10,2 гектар масоҳати умумӣ дорад, маҷмааи Имом Мотуридӣ аз нав бунёд шуда, масҷиди дорои 250 ҷойи нишаст, дарвозаи даромад, маркази илмӣ, китобхона, осорхона ва таваққуфгоҳ сохта мешавад.
Ҳамчунин, дар рафти корҳои сохтмонӣ дар қабристони Чокардиза ҷойи дафни фақеҳи бузург Бурҳониддин Марғинонӣ муайян гардида, дар он ҷо мақбара сохта мешавад.
Олимон ёдоварӣ шуда, оятҳои Қуръон тиловат гардиданд.
Сарвари давлат корҳои ободониро аз назар гузаронида, таъкид кард, ки ин макон яке аз зиёратгоҳҳои муҳим барои мусулмонони ҷаҳон мебошад ва барои онҳо бояд шароити мутобиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шавад.
— Шахсе, ки ба маҷмаа меояд, пеш аз ҳама, бояд дар бораи мероси илмӣ ва маънавии Имом Мотуридӣ, мавқеи ӯ дар ҷаҳони ислом тасаввуроти равшан пайдо кунад ва дарк намояд, ки андешаҳои маърифатпарваронаи мутафаккир имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд, — гуфт Президентамон.
Аз рӯйи босифат ва сари вақт анҷом додани сохтмон, инчунин зиёд намудани майдонҳои сабз дар ҳудуд дастурҳо дода шуданд.
Сипас, Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи Ҳазрати Хизри шаҳри Самарқанд боздид карда, мақбараи Президенти Аввалини кишварамон Ислом Каримовро зиёрат кард.
Оятҳои Қуръон тиловат гардида, дуоҳо карда шуданд.
Таъкид гардид, ки дар ин рӯз ёдоварӣ аз гузаштагони бузург ва наздиконамон, ки аз олам гузаштаанд ва ёдоварӣ аз корҳои неки онҳо амали хайр аст.
