Ovozi.uz

Пурқудраттарин наркобарони мексикоӣ — «Эл Менчо» кушта шуд

Армияи Мексика раҳбари картели «Насли нави Халиско» Немесио Осегера Сервантес (лақабаш «Эл Менчо»)-ро нобуд сохт. Дар ин бора шабакаи иҷтимии «Халқ сӯзи» бо такя ба маълумоти «Associated Press» хабар додааст.

«Эл Менчо» ҳангоми амалиёт дар минтақаи Тапалпаи иёлати Халиско захмӣ шуда, ҳангоми овардани ӯ ба шаҳри Мехико вафот кардааст. Ин картел бо таъмини миқдори зиёди фентанил ва дигар маводи мухаддир ба Иёлоти Муттаҳида машҳур мебошад.

Ба гуфтаи мақомот, аъзои картел дар беш аз 250 макони 20 иёлот мошинҳоро сӯзонданд ва роҳҳоро бастаанд. Дар иёлотҳои Халиско, Мичоакан ва Гуанахуато ҳадди аққал 14 нафар, аз ҷумла ҳафт корманди Гвардияи Миллӣ, кушта шудаанд. Дар шаҳри Гвадалахара мактабҳо баста ва нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ карда шудааст.