Ба журналисти фаронсавӣ, муассис ва директори нашриёти «Georama» Дидйе Лабуш ба сифати ғолиби озмуни байналмилалӣ ҷоизаи миллии «Қалами тиллоӣ» супорида шуд.
Маросими супоридани ҷоиза дар доираи сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ба Фаронса, дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар шаҳри Париж баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Орипов дар бораи ислоҳоте, ки дар кишвар ҷиҳати таъмини озодии сухан ва шаффофият, дастгирии фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва фароҳам овардани муҳити мусоиди эҷодӣ барои рӯзноманигорон амалӣ карда мешаванд, ҳарф зад.
Инчунин, ба Дидйе Лабуш гувоҳномаи узви фахрии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон супорида шуд.
