Рӯзи 29‑уми август шоири шинохта Фозили Шукурзод 57‑солагии зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Инак, мусоҳибаеро, ки ба ин муносибат бо устод ороста шуд, пешкаш менамоем.
— Аз дидгоҳи шумо шеър чист ва он бояд чӣ гуна бошад?
— Шеър василае дар роҳи худшиносӣ ва такомули инсон аст. Модоме, ки шахс бояд камол ёбаду пайваста барои иртибот ба асли хеш талош кунад, шеър ва адабиёт дар ин ҷода беҳтарин кӯмакрасон мебошад. Ҳамон тавр ки инсон аз назари ҷисмӣ рушд мекунад, аз ҷиҳати рӯҳӣ низ бояд такомул ёбад. Агар мағз андар мағзи осори адибони мумтозамонро баррасӣ кунем, натиҷаи ҳамаи онро таълиму тарбияи инсон ва ба дараҷаи булуғи маънавӣ расондани он фаро мегирад. Шоир низ бояд дар асари худсӯзию худсозӣ хештанро ислоҳ кунад, то ки на аз назари ҷисмӣ ва на маънавӣ дар ниҳодаш заррае аъмоли хабисаву разила, кирдори баду зишт боқӣ намонад. Дар интиҳо, канори рафтору кирдор, калому гуфтораш низ поку мубарро гардад. Хонанда дар чунин шоир ё шеъри ӯ, мисли он ки ба ойина нигоҳ кардааст, на чеҳра, балки накӯӣ ё ки зиштии сирати худро хоҳад дид. Бо забони шеър гӯем:
Хештан бинӣ гаҳе дар партаваш,
Ин ҳама шеъри равон ойинаест!
Ҳатто бузургтарин суханварон низ зина ба зина хешро такмил дода, нуқсону костиҳоро дар ниҳоди худ бартараф намуда, ба ҳадди булуғ расидаанд. Ба қавли Шаҳриёр, «Хеле шеър мегӯянд ва хеле шеър чоп мекунанд. Шоир ва нависандае эҳтироми худро маръӣ медорад, ки барои хонандааш ҳам эҳтироме қоил шавад».
— Муроди шумо аз шеър гуфтан чист ва барои чӣ шеър менависед? Умуман, шеър дар ҳаёти шумо то кадом андоза аҳамият дорад?
— Пеш аз ҳама, чунин мешуморам, ки сабабаш дар ирсият аст. Қиблагоҳи камина Муҳаммадҷон Шукурзода ҳам шоир ва ҳам риёзидон буданд, падарашон Абдушукур Шарифзода бадоҳатан шеър мегуфтанд, хаттоти хуб буда, ҳамчун Ҳофизшиносу Бедилшинос шӯҳрат доштанд. Худ ҳанӯз аз хурдӣ ба китобхонаи падар, ки пур аз китобҳои адабии мумтозу муосир буд, роҳ ёфта будам ва маро аз он ҷо берун баровардан барои аҳли хонаводаамон кори аз ҳама душвор буд.
Дигар ин, ки мутаваҷҷеҳ шудам шеърият дар мағз-мағзи вуҷудам ҷойгир аст. Аввалан, бо исрори атрофиён кӯшиш мекардам, ки аз шеъру шоирӣ дуртар гардам. Аммо бо гузашти айём эҳсос кардам, ки бидуни шеър буданам имкон надорад. Натиҷа, чандин маҷмӯаи ашъор мунташир кардам. То ҷое ки «Ман аз дунёи рози хештан бо шеър мерӯям».
— Ҳар як шоир манбаи илҳоми худро дорад. Манбаи асосии илҳоми шумо?
— Албатта, манбаи асосии илҳоми ҳар шоире ишқ маҳсуб мешавад. Ишқ ба ҳар он чӣ, ки мояи хушбахтии инсон аст. Ибни Сино дар «Рисолаи ишқ» онро ба ишқи ҷамодӣ (ашё), наботӣ (растанӣ), ишқи ҳайвонӣ, ишқи инсонӣ, ишқи илоҳӣ ҷудо кардааст. Ҳадаф аз ишқи ҳақиқӣ он аст, ки барои ҳидояти инсон ба роҳи рост, расонидани ӯ ба сатҳи булуғи маънавӣ хидмат кунад, на ин ки танҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонӣ. Пас:
Басо касон ба ин хизонаи баланд,
Расидаем гуфта, норасидаанд.
Чу гавҳар он на ҳамиёри ҳар хас аст,
Муқаддас шеърият,
Муқаддас аст.
— Як қисми шеърҳои шумо дар шакли мусаллас, яъне сеқатора эҷод гардидаанд, ки дар шеърияти имрӯзаи мо ин шакл кам ба назар мерасад…
— Шеъри сеқатора, ё худ семисраӣ ҷо-ҷо дар адабиёти мо дучор меояд. Чунин навъи шеърро японҳо ба сабки хоси худ табдил додаанд, ки «ҳокку» меноманд. Бархе аз шоирони қудратманди муосир, монанди Сӯҳроби Сипеҳрӣ аз он таъсир гирифтаанд. Чунончи, таваҷҷӯҳ кунед, Басё дар се мисраъ тавонистааст мӯҳтавои як асарро барҷаста ифода намояд:
Хам задааст беду дар хоб.
Ва, ба назарам, булбули сари шоха —
Ин рӯҳи вай аст.
Худ баъд аз фарорасии илҳом ҳамеша кӯшидаам аз навъи муносиб ба мӯҳтавои мавзӯъ истифода барам. Агар шеъре мутобиқи семисраӣ афтодааст, пас фарогири ҳамон мавзӯъ будааст.
— Аз адабиёти мумтоз ва муосир ашъори кадом шоиронро бештар меписандед ва ба кадом шоир пайравӣ мекунед?
— Камина аксари шоирони чӣ мозиву муосирро мутолиа мекунаму баҳрае аз ҳар кадоме мебардорам. Ҳатто дар фолклор низ беҳтарин намунаҳои хушоянд ҳаст. Аммо дар ниҳояти кор интихоби камина бо Хоҷа Ҳофиз қарор мегирад. Худи мафҳуми пайравӣ, татаббӯъ, ё худ истиқболия он нест, ки ҳам дар қолабу ҳам дар мазмуну мӯҳтаво тобеи чорчӯби кашидаи шоире қарор гирифта, дар доираи он чизе бигӯянд. Балки шеъри шоири дигарро мавриди назар қарор мегиранд. Посухгӯй бошад, мекӯшад, ки аз шоири мавриди назар дар баробари рӯҳияи худ дар шеър рӯҳи замони худро низ мунъакис созад. Зеро:
Сад дафтар ар бувад, магир ҳеҷ маънии касон,
Як байт агар бигӯӣ ҳам, зи худ бигӯ, зи худ бигӯ.
Аз шоирони давраи нав тарзи эҷоди Лоиқ Шералӣ беҳтарин намуна аст. Бо вуҷуди он, ки устод аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба шеъри мумтозу муосир ғӯтавар мешуд, ҳаргиз дар дохили он ҳазм шуда намерафт, балки баръакс, ҳар он чӣ ки мутолиа мекард, онро саропо дар хештан «ҳазм» мекард.
— Доир ба шеъри нав ва навъҳои нави шеърӣ чӣ нуқтаи назареро метавонед баён доред?
— Шеъри нав бо қадамҳои устувор ба адабиёти мо ворид шудааст, аммо то ба ҳол шеъри суннатӣ ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунад. Нодирпур, Сипеҳрӣ, Мӯъмин Қаноат барин шоирони тавоно ба шеъри нав шукӯҳу шаҳомати хосса бахшидаанд, хеле ашъори хубе ба миён омадааст. Аммо то кунун зеҳни мардуми мо бештар пазирои ғазалу рубоӣ ва маснавӣ аст, зеро агар шеъри нав қабули доираи аҳли адаб бошад, шеъри суннатӣ ҳамоно зеби маҳфилҳои омма аст. Ба қавле, байни шеъри наву суннатӣ алҳол қувваозмоӣ идома дорад. Ахиран, навъи наве бо номи «зулол» арзи ҳастӣ намуд, ки мисраъҳои кӯтоҳу дарози хоси худро дорад. Аммо ин гуна навгониҳо дастгирӣ наёфтааст. Умед мекунем, ки шояд ҷавонони оянда жанри наверо ба майдон оранд, ки бо ғазал ҳампанҷагӣ карда тавонад.
— Ҳам омӯзгорӣ, ҳам пажӯҳишгарӣ, ҳам рӯзноманигорӣ, ҳам шоирӣ… Барои ҳамаи ин аз куҷо ангеза мегиред?
— Чун касбу пеша мегӯем, бояд ба эътибор гирифт, ки инсон бояд дар касби интихобнамудаи дӯстдоштаи худ қадам ба қадам пешрафт кунад, на ин, ки як ҷо биистад. Чӣ омӯзгориву пажӯҳиш, ё рӯзноманигориву шоирӣ, дар мағзи ҳамаи ин ҳирфаҳо як чизи асосӣ қарор дорад, ки он ҳам бошад — сухан аст. Мавлоно Ҷомӣ фармудаанд, ки:
Сухан аз чархи барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.
Агар камина ба кадоме аз анвоъи кору пеша даст задаам, мурод он аст, ки моҳияти эъҷози суханро дарк намоям ва дар баробари ин саҳме дар арҷгузории он дошта бошам. Ҳамин ба ман бештар ангеза мебахшад. Аммо булҳавасона худро дар ҷодаи шеър ба ҳар тараф задан кори хирадмандон нест. Дар ин маънӣ Ваҳшии Бофқӣ хеле хуб гуфтааст: «Дил нест кабӯтар, ки ба ҳар бом нишинад». Сухан ҳам чунин аст ва ин роҳ дилу нияти покро тақозо дорад. Суханвариро ба кори занбӯри асал метавон ташбеҳ дод:
Ту дидаӣ, ки чӣ гуна ба сад заҳмат
Зи лолаи чаманӣ шаҳди тоза барчинад,
Ба мардумон чӣ гуворо асал диҳад занбӯр.
Нахӯрда ғайри ҳалол ӯ, ҳалол боздиҳад,
Ба роҳу шеваи умри ман ӯст устодам.
— Ба навқаламони имрӯза, ки қадам ба ҷодаи шоирӣ ниҳодаанд, чӣ гуфтаниҳо доред ва чӣ маслиҳат медиҳед?
— Нахуст, ҷавонон бояд бисёртар мутолиа кунанду омӯзанд ва аз беҳтарин намунаҳои шеърият ҳифз кунанд. Аз бар намудани шеър хеле муҳим аст, аммо дар интихоби он бояд тарбиявӣ бошаду барои иртиқои маънавият хидмат кунад. Сониян, набояд ба такаббур дода шуд. Шоири ҳақиқӣ ҳаргиз ба кибру ҳаво дода намешавад. Муташоир бошад, худаш ҳам медонад, ки дар ин ҷода пиёда аст, аз ин рӯ бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба талоши шӯҳрат ва обрӯву мартаба ғарқ мегардад.
Намунаи хеле барҷастаи олиҳимматии шоирро дар муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ метавон дид. Аз манбаъҳо медонем, ки чун ҷавоншоири худхоҳе пеши Навоӣ меомад, ӯро бо камоли фаросатмандӣ ба назди Ҷомӣ мефиристод, то ки фурӯтаниро ёд гирад.
Мусоҳиб Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
