Масал
Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ усто Шермуҳаммад асбобу анҷомҳояшро гирифта, барои ҳезум ба ҷангалзор меравад.
Он ҷо бо шоҳи ҳайвонот — Шер вомехӯрад. Шер ғуррида:
— Ту дар ватани ман чӣ кор мекунӣ? — мегӯяд.
— Барои зимистон ҳезум тайёр мекунам, — мегӯяд Шермуҳаммад.
— Кадоме аз мо зӯртарем? — мепурсад Шер.
— Албатта, ман — Инсон! — ҷавоб медиҳад Шермуҳаммад.
— Чӣ хел исбот мекунӣ?
— Ман барои ту хона месозам. Ту дар гармою сармо он ҷо роҳат карда мехобӣ.
— Ҳм… канӣ соз!
Шермуҳаммад зуд асбобу анҷомашро бароварда, дарахтеро меафтонад ва барои Шер хона месозад ва мегӯяд:
— Ана, акнун даромада хоб рав, бинам канӣ, чени ту аст ё не?
Шер ба даруни қуттии чӯбин даромада, ҷойгир мешавад. Шермуҳаммад бо чаққонӣ чӯбҳои тарошидаашро аз боло гузошта, хонаи Шер — қуттиро бо мех маҳкам мекӯбад. Қуттӣ, ки ба лаби ҷар наздик буд, онро кашолакунон бурда, ба ҷарӣ тела медиҳад. Шер бо «хонааш» ба ҷарӣ сарозер мешавад. — Гуфтам-ку, инсон, ақли инсон зӯр аст.
Норхол БӮРОНОВА, сокини маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод
