Мувофиқи натиҷаи пурсишҳо, ки дар ИМА гузаронида шуд, фаҳмиши намояндагони авлодҳои гуногун дар бораи муваффақияти молиявӣ аз якдигар фарқи ҷиддӣ дорад. Барои ҷавонони замонавӣ, яъне зумерҳо муваффақияти молиявӣ дар як сол гирифтани даромади 587 ҳазор долларинаро ташкил медиҳад. Бумерҳо (зодагони солҳои 1946–1964) бошанд, барои барқарории молиявӣ дар як сол 99,9 ҳазор долларро кифоя мешуморанд.
Сабабҳои ин гуна фарқиятҳои калонро дар замон ва шароитҳои иқтисодӣ дидан мумкин аст. Зумерҳо ба бозори меҳнат ҳангоми шароити бисёр баланди талабот, афзудани нархҳои қулаӣ ва хонаву ҷойҳо ворид шудаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тамоюли ба худ хоси «зиндагӣ барои кор кардан» не, «барои зиндагӣ кор кардан»-ро татбиқ намоянд.
Пурсиш боз ҳаминро маълум кард, ки 71 дарсади ҷавонон ба муваффақияти молиявӣ расидани худ боварии комил доранд. Аммо, оё ин ҳақиқат аст? Дар замони имрӯза рақобат барои ба даромади бисёр баланд ноил гардидан шадид буда, талаботи бозори меҳнат хеле боло рафтааст. Инчунин, инфлятсия ва зиёд шудани хараҷотҳои зиндагӣ дар бисёр ҳолатҳо даромади бисёрро низ ба истиқлолияти иқтисодӣ табдил намедиҳад.
Талабҳои пасттари молиявии бумерҳо бошад, аз даврони зиндагикардаи онҳо бармеояд. Дар ҷавонии онҳо шароитҳои иқтисоди нисбатан барқарор буда, бо даромади камтар ҳам хонаву ҷой харидан ё оилаи калонро идора кардан мумкин буд. Барои онҳо муваффақият танҳо барқарории молиявӣ, манфиати баланд ва орзуҳои моддӣ нест.
Яъне, фаҳмиш дар бораи муваффақияти молиявӣ бо вазъияти иқтисодӣ, тарзи зиндагӣ ва арзишҳои наслҳо вобаста аст. Барои расидан ба орзуҳои худ ҷавонони замонавӣ бояд бештар ҳаракат кунанд, аммо боварии онҳо нисбати мақсад низ аҳамияти алоҳидаро касб менамояд. Ин на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз нуқтаи назари биниши иҷтимоӣ ҳам дар ҷамъият дигаргуниҳои ҷиддиро намоён мекунад.
