Ҳоло дар ҷумҳури мо, аз ҷумла Самарқанд ҳаво мӯътадил аст. Дар шаҳрамон барф низ наборидааст. Вале беморони гирифтори грипп дар байни аҳолӣ, хусусан бачаҳо бештар ба назар мерасанд.
Ин вазъият дар мамлакатҳое, ки зимистон кайҳо фаро расидааст, чӣ хел аст? Дар он ҷо бар зидди грипп чӣ тавр мубориза мебаранд? Онро чӣ гуна даво мекунанд?
Ба ин саволҳо дар мақолаи «Грипро чӣ тавр бояд пешгирӣ ё ки табобат кард?»-и Олга Захарова, ки сайти aif.ru гузоштааст, посух дода шудааст. Бинобар ин, онро тарҷима намуда, пешкаши хонандагони гиромии рӯзнома кардем.
Зимистон дар мекӯбад, яъне чуноне ки бисёриҳо мегӯянд, вақти грипп. Оё бемори грипп нашудан мумкин аст?
Мо дар ин бора бо доктори тиб, професори Донишгоҳи ба номи Сеченов Елена Попова сӯҳбат кардем.
Аз кам оғоз намоед
— Елена Николаевна, зимистон — фасли аҷиби сол барои онҳоест, ки тарзи солими ҳаёт мебаранд. Вале, барои онҳое, ки аз хунукӣ ва ҳавои тоза мехоҳанд руст шаванд, чӣ хел тавсияҳо медиҳед?
— Ҳамчун духтури собиқаи бисёрсола дошта, аз мизоҷон шунидаам, ки зимистон вақти хоб ва бекорӣ аст. Вале иҷозат диҳед, ки ба ин фикр розӣ нашавам. Ҳатто агар шумо сарморо дӯст надошта бошед ҳам, бисёр усулҳои аҷиби нигоҳ доштани саломатӣ дар зимистон мавҷуд аст. Ман ҳамеша тавсия медиҳам, ки кам-кам сар кунанд. Мисол, 15–20 дақиқа ҳамту дар балкон (полкона) аз ҳавои тоза нафас кашед ё ки дар шафати хона камтар пиёда гардед. Организм пайваста одат мекунад ва шумо ҳис мекунед, ки кайфиятатон чӣ хел болида ва аҳволи шумо хубтар мешавад. Дар дохили хона низ фаъолтар бошед беҳтар аст. Ман ба беморони худ дар хонаи шамолдода машқҳои бадан, шуғл бо йога ва рақс карданро маслиҳат медиҳам. Онҳо сайру гашт дар кӯчаро иваз карда метавонанд.
Зимистон фасли идеалӣ барои оббозӣ дар басейн. Шиноварӣ дар оби гарм иммунитетро мустаҳкам мекунад ва кайфиятро мебардорад. Умуман зимистон — баҳонаи бемор шудан нест, балки имконият барои мустаҳкам намудани саломатӣ мебошад. Аз ҳама асосӣ — ба организми худ гӯш андохта ва саривақт барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан зарур аст.
Пешгирии нуқс (вазниншавӣ)-и беморӣ
— Зимистон мавсуми грипп низ ба шумор меравад. Агар онро табобат накунед, мумкин беморӣ вазнин шавад. Саволе ба миён меояд: чӣ тавр?
— Нуқсе, ки бештар ва хавфноктар мешавад — илтихоби шуш (пневмония) аст, ки он метавонад тез пайдо шавад, ҳатто дар рӯзи 3–4‑уми беморӣ. Инчунин, грипп метавонад муаммоҳои бо дил вобастаро ба миён орад, мисол, миокардит ё ки шамолхӯрии мушакҳои дил. Дар бачаҳо бештар варами гӯш (отит), дар калонсолон синусит пайдо мешавад. Бояд эҳтиёт шуд, ки баъди муваққатан беҳ шудани ҳолати бемор боз ҳарорат баланд ё ки камқувватии аз ҳад зиёд пайдо шавад. Инҳо мумкин нишонаҳои ривоҷи бемориҳои дар боло номбар карда бошанд. Дар чунин ҳолатҳо бояд ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат кард.
— Нақшаи дурусти табобати грипп чӣ хел аст?
— Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои грипп бояд дар хона монд — ин ҳам барои шумо ва ҳам атрофиён қарори дуруст мешавад. Рӯзҳои аввали бемориро ҳатман дар бистар бояд гузаронд ва ҳар рӯз 2–2,5 литр оби ширгарм нӯшид. Ин барои берун кардани моддаҳои боиси беморишуда (токсинҳо) ёрӣ медиҳад ва балғамро равонтар (суюқтар) мекунад. Дар 48 соати аввалини беморӣ доруҳои зиддивирусии духтур фармуда хеле фоидаовар аст. Онҳо ба организм дар мубориза бо вирус ёрӣ медиҳанд ва хавфи вазнин шудани бемориро пешгирӣ менамоянд. Вале дар даври беморӣ на танҳо қабули доруҳо, балки дуруст хӯрдани хӯрокҳо низ муҳим аст. Шӯрбоҳои сабук, сабзавот, меваҳое, ки дар онҳо витамини С бисёр мебошад, гӯшти камравған — ҳамаи инҳо ба организм барои ҳарчи тезтар бартараф кардани вирус ёрӣ медиҳад. Ва ҳатман ба хона шамол бояд дод — вирусҳо ҳавои тозаро дӯст намедоранд. Мехоҳам алоҳида таъкид намоям, ки ҳангоми грипп то пайдо шудани нуқсҳои бактериалӣ антибиотикҳо фоида надоранд. Онҳоро танҳо аз рӯй нишонаҳои беморӣ ва бо фармоиши духтур бояд истифода бурд. Ва бояд дар хотир дошт, ки табобати беҳтарин — пешгирӣ (профилактика)-и грипп аст. Сайру гашти мунтазам, дуруст хӯрдани хӯрок, хоби бароҳат ва албатта, эмкунии саривақтӣ аз грипп хавфи гирифтори грипп шуданро хеле кам мекунад.
Тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ.
