Ovozi.uz

Фоида ва зарари тути заминӣ (клубника)

Шифохонаи табиат


Тути заминӣ гиёҳест бисёрсола. Пояаш то 30 – 35 см қад мекашад. Баргаш мураккаб (себарга); дар нӯги ҳар навдааш муҷча мебандад. Гулаш сафед, майда. Мевааш мисли шоҳтут, марминҷон, тамашк ва шаҳтути заминӣ буда, сурх баъзан гулобӣ мешавад. Дар таркиби меваи он қанд, кислотаҳои органикӣ, клетчатка, моддаҳои пектинӣ, витаминҳои С, Е, В1, В2, В6, В15, каротин (провитамини А), микроэлементҳо мавҷуд аст.
Дар тибби қадим тути заминӣ воситаи муҳими парҳезӣ ва давобахш маҳсуб мешуд. Табибони тибетӣ онро барои пешгирии пирӣ истифода мекарданд.
Табибони халқӣ меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи тути заминиро ҳангоми бемориҳои гуногуни ҷигар (холесистит, зардпарвин, гепатити кӯҳна, дарди санги талхадон), роҳи меъдаю рӯдахо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва ғ.), узвҳои пешоб (қабзияти пешоб, дарди санги масона), инчунин дар мавриди табларза (чун давои арақовар), камхунӣ, тарбод, ниқрис ва ғ. истифода мебаранд. Бо афшураи тути заминӣ доғи кунҷитак ва гармичаро меравонанд. Баҳри рафъ намудани бӯйи нохуши даҳон бо афшураи мева ва барги он ғарғара мекунанд. Меваи тути заминиро барои табобати ниқрис, назлаи меъда, қабзият, ғалаёни хун, атеросклероз, афтодани кирмҳо ба кор мебаранд. Бо марҳами меваи тути заминӣ шукуфаро дармон мебахшанд. Ҷӯшоби меваи хушки он воситаи арақовар ва пешоброн, ҷӯшоби решааш воситаи хунбанд ва қабзиятовар аст.
Дар тибби илмӣ меваи онро ба сифати ғизои парҳезӣ, иштиҳоовар, ҳозим ва хунофар, ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, дилу рагҳо (миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, ғалаёни хун), камхунӣ, ихтилоли мубодилаи намак ва ниқрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвҳои пешобашон санг дорад, бояд аз ҷӯшоби мева ва барги тути заминӣ истифода кунанд. Рӯзе то 1 кг истеъмол намудани меваи тути заминӣ дарди санги гурда ва ниқрисро даво мебахшад.