Навбатчии рӯзнома Тошқул Азимов буданд. Ман аз сехи матбаа саҳифаҳои сею чори рӯзномаро бардошта ба утоқи шӯъба даромадам. Тошқул муаллим ва сармуҳаррир Нор Остонзода сӯҳбат мекарданд.
— Саҳифаҳои нав? Канӣ як бинем, чӣ хел шудааст? — гуфта сармуҳаррир аз дастам гирифтанд ва баъди аз назар гузаронидан афзуданд. — Нағз. Саҳифаҳо хонданибоб шудааст.
Ҳамин вақт ба утоқ шоир Акбар Пирӯзӣ даромаданд. Оиди тадбири имрӯза ба сармуҳаррир мухтасар ҳисобот медоданд, ки Тошқул муаллим пурсиданд:
— Акбарака, соябон бардошта омадед?
— Ҳа, ҳозир аз мағоза харидам.
— Ду моҳ пеш соябон харида омадам. Хандида, гуфтед, ки «шумо кулӯх не-ку зери борон об шавед, пула ба бод сарф кардед».
Ба ин гап Пирӯзӣ бо завқ хандиданд, сипас, айнакро аз чашм гирифта афзуданд:
— Норқулака, ин Тошқул ҷимакак мегарданду лекин одами пухта будаанд. Дирӯз навбатчӣ будам. Чопи рӯзнома тӯл кашид. Вақте ки аз матбаа баромадам сим-сим борон меборид. Дар роҳ ягон такси ҳам вонахӯрд ва ман ноилоҷ то маҳаллаи Рустамқишлоқ пиёда ба хона рафтам. Борон бо шиддат меборид либосам тар шуду аз баданам мешорид. Ҳамон шаб якчанд бор чатри Тошқул пеши назарам омад. Оҳ, гуфтам кош ҳамон соябон дар дастам мебуд, ин қадар тар намешудам.
Ин қиссаи Акбаракаро шунида хуб хандидем.
***
Соли 1993-юм буд. Баъди якчанд рӯзи беморӣ ба корхона омадам. Дар шӯъбаи иқтисод ҳамкорон бо як ҷавони кулчарӯйи мӯйҷингилаи тахминан ҳамсоли ман сӯҳбат доштанд.
— Ана, Комил ҳам омаданд, — хушҳол эълон карданд Тоҳирака.
Мувофиқи таомул салом дода, бо ҳама оғӯш кушода вохӯрдем. Баъд Тошқул муаллим муаррифӣ карданд:
— Ин йигит ҳамкори нави мо, Ӯткур Ортиқов ҳамроҳи Тоҳиру Мирсафо кор мекунанд. Ин кас Комил Ҷӯрақулов, додари нағзи мо…
— Не-е? — пурсид Ӯткур. — Комил ҳамин? — дар чеҳраи Ӯткур табассум пайдо шуд. Ӯ хандон рӯяшро руст мекарду бо дасти чап ба зону мезад. Ба ман нигоҳ мекарду боз механдид. Ҳатто аз чашмонаш ашк баромад. Аз ин рафтори ӯ хиҷолат кашида, ба сару либосам чашм давонидам. Ҳама ҳайрон будем. Ниҳоят, ӯ худашро дошта иқрор шуд.
— Узр, ҳангоми донишҷӯйӣ рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро мунтазам мехондам. Мақолаҳои Комилро хонда як марди калонсоли ҷиддӣ гумон мекардам. Бинам, ҳамсоли худам, як тирмизак будааст-ку!
Ҳама баробар хандидем.
Комил Ҷӯразода
