Маҳбуба Турсуноваро ғоибона аз рӯи навиштаҳояш — дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») мешинохтам. Хабару мақолаҳояшро мехондаму ба ӯ ҳавас мекардам.
Соли 1966 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудам. Хушбахтона, дар ин ҷо бо Маҳбуба Турсунова аз наздик шинос шудам. Мо якҷоя чор сол таҳсил гирифтем.
Маҳбуба духтараки камтарину меҳрубон, дӯсти беғубор, инсони ширингуфтору дилёб аст. Аз ҳамон рӯзҳо то инҷониб дӯстии мо мустаҳкам гашта, рафтуомадамон ҳамон давом дорад.
Баъди хатми донишгоҳ дугонаам Маҳбуба, ки аз деҳаи хушманзараи Миронқули ноҳияи Самарқанд аст, дар мактаби рақами 28‑и зодгоҳаш то ба синни нафақа ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Баробари омӯзгорӣ пайваста мехонду эҷод мекард ва хонандагони асарҳояш то рафт зиёд мешуданд.
Китоби аввалинаш «Савдои мушкил», ки бо маслиҳат ва дастгирии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев соли 1987 дар нашриёти «Адиб»-и Душанбе чоп шуд, ӯро ҳамчун нависандаи хушсалиқаи соҳаи ҳаҷв ба хонандагон шиносонд.
Китоби дуввуми ӯ бо номи «Аҷаб мардумоне» соли 2002 дар нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд чоп шуд ва мавқеи ӯро ҳамчун адибаи моҳири асарҳои ҳаҷвӣ мустаҳкам гардонд. Ӯ бо ин китоби худ дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ ҳам маҳорат доштани худро нишон дод.
Аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ҳоло, ҳар вақте ки ба даргоҳи дӯстамон ба Миронқул меравем, Маҳбуба Турсунова моро бо хушнудӣ ва чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Ҳар яки моро ба оғӯш гирифта, самимона пазироӣ мекунад.
Аз даргоҳи дӯстам бо як олам таассурот ва кайфияти хуш бармегардем.
Маҳбуба бисёр китоб мехонад ва асарҳои А.П. Чехов ва Л.Н. Толстойро дӯст дошта, ҳатто тарҷума кардааст.
Асарҳои С. Айнӣ, Ф. Муҳаммадиев, Румӣ, Ҳофиз ва У. Зокониро меписандад. Шеърҳои М. Турсунзода ва Лоиқ Шералиро дар мавридаш ба забон меорад.
Қаҳрамонҳои асари ӯ ҳама ҳаётианд. Соли 2019 китоби нави Маҳбуба Турсунова — «Он касе дурбин бувад…» дастраси хонандагон гардид. Ин китоб аз қиссаҳои «Дили Хайрӣ» ва «Сурати устод» иборат буда, инчунин якчанд ҳикоётро аз мушоҳидаҳои омӯзгор дар бар мегирад. Ҳикоя ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ «Нешхандҳо» ва «Нуктаҳо» ҳуснбахши охири китоб шудаанд.
Ӯ аз ин муваффақиятҳо қонеъ нашуда, доимо дар ҷустуҷӯи фалсафаи ҳаёт аст.
Китоби «Офтобаки ман»-и Маҳбуба Турсунова пур аз шеърҳои хуби бачагона ва чистонҳо мебошад. Шеърҳои «Ту кай калон мешавӣ?», «Нағз нахонӣ, панҷ канӣ», «Хона пури нон шавад», «Ҳурмати нонро бидон» ва ғайра сазовори таҳсинанд.
Дугонаи мо Маҳбуба Турсунова солҳо боз бо ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёри Ҷумъа ҳамкорӣ мекунад. Онҳо аввал ҳикояҳои ҳаҷвии худро бо номи «Хазинаи ханда» дар зери як муқова ба хонандагон ҳавола карданд. Баъд «Мошкичирӣ» (Бахтиёри Ҷумъа) ва «Моиндар» (Маҳбуба Турсунова) дар шакли як китоб аз чоп баромад. Диданд, ки барои хонандагони мактабҳо интермедия ва асарҳои саҳнавӣ хеле каманд, соли 2023 асарҳои эҷодкардаи худро боз дар зери як муқова бо унвонҳои «Шодикафак» ва «Доллар ёбед, намешуд?» таҳия карда, ин соҳаи холии адабиётро каме пур карданд. Ин китоби онҳо аз интермедия, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва диалогу монологҳо иборат мебошад.
Маҳбуба Турсунова эҷодкори худрӯи кӯҳистони зебоманзар аст. Ӯ ҳаёташро бе эҷод тасаввур карда наметавонад. Нақлаш шавқовару забони асарҳояш рангин аст. Аз фонди луғавии забон заргарона истифода мебарад.
Асарҳои нонавиштаи ӯ ҳанӯз бисёранд. Мавзӯъҳои ҷолиб барои ба рӯйи коғаз омадан навбат мепоянд. Агар онҳоро дастраси хонандагони сершумораш гардонад, нур болои нур мешавад.
Маҳбуба Турсунова на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон ҳам мухлисҳои зиёд дорад. Муштариён Маҳбуба Турсуноваро ҳамчун нависанда, шоира, тарҷумон ва зани оқилаву доно мешиносанд. Ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ як дастагули садбарги тару тозаро мемонад, ки бо накҳати худ оламро тасхир мекунад.
Дар арафаи 75‑солагии зодрӯз Маҳбуба Турсуноваро табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, хотирҷамъӣ орзу менамоям. Ҳамеша сиҳату саломат ва бо ҳамон хислатҳои наҷибаш дастагули давраи дӯстон бошад.
Нарзипӯлод САИДОВА.
