Ду китобчаи ба қалами Абдулкарим Ҳасан мансубро хондам, ки ҳоло ӯро ба сифати эҷодкори ҷӯё ба забон мегиранд. Пас аз мутолиаи «Бачаҳои олами виртуалӣ» ба он ба таври худ «Фоҷиаи олами виртуалӣ» сарлавҳа гузоштам
Ба ин китобча номи дигар гузоштан мумкин нест. Ҳангоми мутолиаи он ҳис мекардам, ки мо — нависанда, олим, публитсист, тарғиботчии маърифат, мутахассисони одобу ахлоқ роҷеъ ба таълиму тарбия ва бачагии хушбахтона беист бонг мезанему ҳис намекунем, ки дар назди тарбиячиён ва падару модарон вазифаи то чӣ андоза бомасъулият ва ба таъхир гузоштанашаванда истодааст. Худам аз худам ҳисобот мепурсам, ки дар ин ҷараён чӣ қадар ҳисса мегузорем, вале посухи ман қаноатбахш нест. Чунки вазъияти имрӯзаи дунё бо «тамоюлҳо»-и бешафқатонаи худ на танҳо бачаҳо, ҳатто калонсолонро низ ба доми бепоёни худ мекашад. Як рӯзи сустӣ дар кори тарбия метавонад муаммои яксоларо ба миён орад. Шояд дар касе эътироз пайдо мешавад, аммо ба сифати фикри шахсӣ мегӯям, ки агар омӯзгори мактаб баъди дарс бачаҳоро барои андаке ба тартиб овардани синфхона, додани об ба гулҳои ҳавлии бино, аз алафҳои бегона тоза кардани киштзор бо навбат ҷалб кунад, барои ин ӯро ҷазо додан аз рӯи адолат нест. Дар ин бора таҷрибаи ба дунё паҳншудаи халқҳои япон ва корейс мавҷуд аст. Донишомӯзе, ки ҷои таҳсилро ба тартиб намеорад, роҳраверо рӯфта наметавонад, ки худаш равуо мекунад, фардо кӣ мешавад — ба боқимондае табдил меёбад, ки ҳатто тагпӯши худро бо ёрии хизматкор мекашад.
Хоҳишҳои гуногуни замонавии бачаҳоро иҷро намуда, танпарвар кардани онҳоро ба меъёраш мерасонем, вале дар хусуси он ки хоҳишҳои беҳади имрӯзаи онҳо, ҳотамитойии аз имкониятамон баланди мо фардо пас аз он авлодеро, ки ояндаи миллатро муайян мекунад, ба кадом роҳ мебарад, дар ҷаҳонбинии он чӣ хел «ниҳол»-ҳо қад рост карда, чӣ гуна «мева» меандозанд, кам андар кам андеша мекунем. Сериалҳои бемаъное, ки ба ҳаётамон якбора чун офати оммавӣ дохил шуданд ва арзишҳои миллӣ-маънавиамонро дар пеши назари мо мехоянд, кори худро карда шуданд: ба ин дард калонсолон гирифтор шуданд, бачаҳо бошанд, аз тобеъ шудани онҳо ба телеэкран истифода бурда, ба телефонҳои кисагӣ чун печак часпиданд. Ҳоло онҳоро аз телефон ҷудо кардан кори осон нест. Ягон чиз ваъда накунед, аз дасташ гирифта наметавонед.
Бисёр «барнома»-ҳои гӯшиҳо дар қалби мо хеле хавф бедор мекунад. Мухтасар гӯем, онҳо бачаҳоро ба муносибати мулоим бо падару модарон, калонсолон ва ҳурмат кардани онҳо не, ба гапгардонӣ, баҳсу мунозира, бемалол истифода бурдани ибораҳои бепарда, ки калонсолон дар омади гап истифода мебаранд, инҷиқӣ ва хашмгин будан меомӯзад. Барномаҳое низ ҳастанд, ки фазилатҳое аз қабили босабру тоқат будан, камтарӣ, бахшандагиро зери ханда гирифтаанд. Бадтар аз ин — дар баъзе барномаҳо ҳолатҳои бар зидди калонсолон гузоштани бачаҳо низ вомехӯранд.
Як зани олима дар давоми бист сол фаъолияти кӯдакистонҳоро омӯхта, ба саволе, ки падару модарон ҳангоми гирифта бурдани фарзанди худ ба мураббия медиҳанд, таваҷҷӯҳ кардааст. Олима тӯли ин солҳо саволҳои беш аз ҳазор падару модарро муайян намудааст, ки ҳамаи онҳо аз мураббияҳо дар давоми рӯз чӣ хел хӯрок хӯрдан ва чӣ нӯшидани бачаҳояшонро мепурсидаанд. Ҳеҷ кас «писар ё духтар (набера)-ам хасис нест, хурдсолонро озор намедиҳад, дӯст шуданаш чӣ хел?» гуфта напурсидааст.
Мушоҳидаи дигар. Дар байни донишомӯзони 12–14‑солаи давлатҳои Аврупо пурсишнома гузаронда, ба онҳо саволи «Фикри шумо дар бораи ҷанг?»-ро додаанд. 64 фоизи донишомӯзон посух додаанд, ки «Пақа-пақ, кушокушӣ — машғулоти шавқовар». 64 фоизи донишомӯзон, ки дар пурсишномаи мактабҳои ИМА иштирок кардаанд, гуфтаанд, ки меваҳои ситрусӣ дар супермаркетҳо расонда мешаванд. Инҳо посухҳои наврасоне аст, ки аз интернет истифода бурда, дар дунёи маҷозӣ сайр мекунанд.
Чунин мисолҳои нохушро бисёр метавон овард. Мо дар пеши чашмамон ба тарбияи ғайриахлоқӣ гирифтани бачаҳо бефарқем.
Ягонто тафсилоти воқеаҳое, ки дар китоби «Бачаҳои олами виртуалӣ» ба воситаи тасвирҳои бадеӣ дода шудаанд, (дар асл воқеа не — фоҷиаҳо), инкор карда намешавад.
Барои фиребгарон бетаҷрибагии одамони оддӣ ҳангоми истифодаи бот ва каналҳо дар сохторҳои иҷтимоӣ даст медиҳад. Онҳо худро ходимони сохторҳое чун бонк, Click, Payme муаррифӣ карда, бо воҳима занг мезананд, ки «Касе аз картаи пластикии шумо пул гирифтанӣ аст. Барои пешгирии он зуд ба мо маълумотҳои бонкии худро фиристед». Дар ҳолати дигар мегӯянд, ки «Шумо имконияти бурди калони пул доред. Маълумоти шахсиатонро фиристед ё ки «Аз хеши дуратон ба шумо мулки ғайриманқул ба мерос монд». Яке аз чунин хабарҳо ба донишомӯзе меояд: «Табрик мекунем. Шумо ба фалон донишгоҳ бо имтиёз қабул шудед. Пардохти авваларо ба рақами мазкур фиристед. Муддат се рӯз». Вай ба ин дурӯғ бовар карда, худаш ва падару модарашро ба вазъи душвор мегузорад.
Дар соли 2022 дар кураи Замин ба туфайли фиребгарие, ки бо телефон содир карда шуд, одамон аз 53 миллиард доллар пули худ маҳрум шуданд.
Ҳақиқатҳои талх ва аламовар. Бачаҳое, ки имрӯз ба исканҷаи доми виртуалӣ афтодаанд, пас аз ҳашт-даҳ сол ба воя — синни оиласозӣ мерасанд. Зиёиёни мӯҳтарам, инсонҳои бедори дар ғами миллат буда, оё тасаввур мекунед, ки дунёи маънавии ин оилаҳои оянда чӣ хел мешаванд? Ин китобчаро хонда, ба хулоса омадам, ки тасаввур карда намешавад. Як вақтҳо, ҳангоми ба Афғонистон дохил шудани қувваҳои мусаллаҳи маҳдуди шӯравӣ модарон, ҳа-ҳа, дигарон не, айнан модарон аз Аллоҳ илтиҷо карданд, ки ба воя расидани писар фарзандони онҳоро андаке сусттар кунад. Аз Аллоҳ илтиҷо карда буданд, чунки бачаҳои болиғро ба ҷанги бародаркушӣ мефиристоданд.
«Бачаҳои олами виртуалӣ» ҳамин воқеаро ба ёдам овард. Набераҳо ба воя мерасанд. Мо онҳоро ба кадом дунё, ба кадом арзишҳо тайёр мекунем? Кӣ кафолат медиҳад, ки дунёи зери исканҷаи сарвати моддии рӯз аз рӯз ваҳшишуда (ибораи ман нест, фикри расмие, ки дар форуми байналмилалии Давос гуфта шуд) онҳоро сӯи ҷаҳолат, маҳдудияти маънавӣ намебарад?
Одамӣ баъди омӯхтани хондан ба китоб эҳтиёҷ ҳис кард. Бо гузашти вақт, фикр, мушоҳида, саволу ҷавоб, тафсилоти воқеаҳоро ба коғаз фароварда, эҳтиёҷи дар шакли китоб чоп кардани онҳо, барои насли оянда дар хонаҳои алоҳида (номи имрӯзааш — китобхона) нигоҳ доштани онҳо ба миён омад. Ба фикри муаррих Мақризӣ дар китобхонаи машҳури фотимиҳо дар Қоҳира якуним миллион нусха китоб будааст. Дар китобхонаи «Байт-ул-ҳикма», ки Ҳорун ар-Рашид дар Бағдод барпо карда буд, он дар даври писари вай — Маъмун ба маркази на танҳо мутолиаи китоб, баробари ҳамин баҳсу мунозира, сӯҳбатҳо, нусхабардории китобҳои нодир табдил ёфтааст. Дар хотираҳои китобшинос, муаллифи китобҳо доир ба илми адаб Ан-Надимӣ баён гардидааст, ки Маъмун дар як ҷанг подшоҳи Римро мағлуб карда, мувофиқи шартномаи сулҳи байни онҳо аз вай товон талаб кард. Тибқи он вай ба олимоне, ки аз Бағдод ба Рим фиристода шудаанд, барои тарҷима кардани китобҳои нодири дар хазинаи ӯ маҳфузбуда, бояд иҷозат медод. Китобхонаи машҳури халифати фотимиҳо ҳангоми таҷовузи мамлукиҳо нест карда шудааст. Муаррихон навиштаанд, ки тӯдаҳои ҷоҳил китобҳоро оташ зада, аз ҷилдҳои онҳо пойафзол сохтаанд.
Истилогарони муғул Бағдодро забт намуда, ҳангоми онро вайрон кардан, китобхонаҳои дар ин ҷо бударо, батамом нест кардаанд. Чуноне ки дар хотираҳо оварда шудаанд, «ваҳшиҳо ҳар як китоби ба дасташон афтодаро ба дарё партофтаанд. Дар натиҷа аз ҳисоби ин китобҳо пеши оби дарё баста шуда, он аз соҳилҳо баланд ва маҷрои худро дигар кардааст. Савораҳо аз қисми поёни банди дарё бемалол аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштаанд».
Ҳангоми ҳуҷуми испанҳо ба Андалусияи мусулмон дар майдони Ғарната дар як рӯз беш аз як миллион нусха китобро сӯхтаанд. Ҷоизадори мукофоти Нобел, олими физик Пиер Кюри роҷеъ ба ин ҷоҳилии машъум чунин менависад: «Аз Андалусияи мусулмонон ба мо ҳамагӣ 30‑то китоб монду бас.
Ҳамин китобҳоро мутолиа карда, (бо тафаккури олимони мусулмон) ба парча кардани атом муяссар шудем. Агар мо ҳамон китобҳои ба эҳё (сивилизатсия)-и ислом дахлдорро насӯхта, нигоҳ дорем чӣ мешуд — имрӯз мо дар байни галактикаҳои фазо сайр мекардем».
Ин фикри Пиер Кюри ҳангоми мутолиаи китоби дуюми Абдулкарим Ҳасан «Эламакон ё ки роҳ ба сайёраи диёнат» ба ёдам омад. Романи маъруфи «Клодиус Бомбарнак»-и нависандаи фантаст Жюл Вернро ба хотир овардам. Дар роман журналист Бомбарнак ба сафаре мебарояд, ки хеле бисёр давом мекард ва пур аз хавфу хатар буд. Нависандае, ки дар умри худ ба Ӯзбекистон наомадааст, бо ҳаёти дар ин ҷо буда бевосита шинос нашудааст, бо хаёлоти ҳайратангези худ шаҳрҳои мамлакат, аз ҷумла Самарқанд, хариду фурӯш дар бозори шаҳр, либосҳои занҳои фурӯшанда, суханҳои онҳо, роҳи оҳани Тошканд — Андиҷон, пас аз ба Қӯқон омадани поезд, ба қафо баргашта, ба роҳи дигар гузаштани онро чунон аниқ тасвир мекунад, ки барои ба ин муяссар шудан аз нависанда талаб карда шудани маҳорати хеле бузург ва донишро ҳис кардан душвор нест.
Дар асарҳои фантастикӣ дунёи хаёлоти нависанда — орзу ва умедҳо, воқеаҳое тасвир карда мешаванд, ки мумкин дар оянда рӯй диҳанд. «Эламакон»-и Абдулҳамид Ҳасан низ яке аз чунин кӯшишҳост. Дар он аъзои як оила дар натиҷаи ривоҷи бемисли фан ва техника соли 2052 ба сайёраи Эламакон, ки аз Замин хеле дур воқеъ аст, сафар мекунанд. Дар ин сайёра аслиҳа нест, яъне ҳаракатҳои ҷангӣ, таҷовуз низ мушоҳида намешаванд, маконе аз дурӯғ, фиребгарӣ, дуздӣ ва фаҳши маишӣ мосуво. Ҳама машғули кори худ аст. Муаммоҳоро бо ақлу идрок ҳал мекунанд. Ҳасад нест, шикоятбозӣ ба назар намерасад, одамон ба якдигар меҳрубонанд. Аз ин ҷо саёҳатро боз идома медиҳанд. Аввал ба сатҳи Моҳ нишаста, Заминро, ки пур аз иллатҳои гуногун мешуд, тирҳо, дуди сӯхторҳо атмосфераро ифлос мекард, тамошо мекунанд…
Оё мумкин аст чунин сайёра мавҷуд бошад? Ба ин савол посухи ҳар як кас бояд бошад.
Мо имрӯз ба посухи Абдулкарим Ҳасан бо тааҷҷуб нигоҳ мекунем. Вақте Жюл Верн асарҳои «Саёҳат ба Моҳ», «80 километр дар зери об»-и худро навишт, бисёрҳо бо тааҷҷуб аз болои вай — хаёлпарасте, ки ақл бовар намекунад гуфта, хандида буданд. Бо гузашти вақт бисёр хаёлҳои адиб рӯи об шуд. Пои инсон ба Моҳ расид. Имрӯз киштиҳои боҳайбате, ки дар уқёнусҳои дунё шино мекунанд, аз хаёле, ки Жюл Верн карда буд, даҳ чандон бештар вақт метавонад дар зери об бошанд. Бинобар ин, ҳоло сайёраеро, ки одамонаш бо имону эътиқоданд, ҳаёт аз ҳар ҷиҳат мукаммал аст, тинҷу осуда ва сериву пурӣ мебошад, орзу кардан айб нест. Тахмини чунин сайёрае, ки аз системаи Офтоб дур астро давом дода, бештар умедворем, ки аз Моҳ хеле дар паст — Замини табарруки дар он хуни нофи мо рехта, байни ҳамин кӯҳу сангҳо, сояи ҳамин боғу роғҳо, зери шаббодаи ҳамин дашту саҳроҳо, бо нияти покиза, саъю ҳаракат ва имону эътиқоди авлодҳои оянда бунёд мешавад.
Аҳмадҷон МЕЛИБОЕВ,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон
Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи
Тошқул АЗИМОВ
(рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» № 36. 20.02.24).
